Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Боридани абр шуд ҳавасхези замин,
Бархоста сабза решаангези замин.
То сабзасифат шудӣ қаламрези замин,
Чун сабза замин гирифт чингизи замин.
Гўянд: – «Зи Рум фитраташ хўрда ғизо»,
«Ислом агар набуд, набуд ў пайдо»
Ту гуфта будӣ, ки хештанро бикушо,
Сад Руму сад ислом биёбӣ якҷо.
Ғарб асту чу таншинос дар чархи барин,
Моему ба рўҳ дидану нақши замин.
Аз дидани тан ту гўӣ, ў рўҳ шудаст
Мо тан шуда аз хондани рўҳи фалакин.
Дар косаи хуни халқ нон ранг зананд
Сад ақли ҷавон ба нашшаву банг зананд.
Шайтони дили хеш навозанд ба меҳр
Шайтони сарои Каъбаро санг зананд.
Ошиқ ба фиғон,ки зор кардам дили худ,
Майхора ба ғам,ки хор кардам гили худ.
Бангӣ ба садо, ки ақли худ дор задам,
Ё раб чи ба бод додаӣ ҳосили худ.
Омехтатар зи ту кӣ омад ба нигоҳ?
Хунрехтатар зи ту кӣ омад ба нигоҳ?
Бигсехтатар зи ту кӣ омад ба нигоҳ?
Фарҳехтатар зи ту кӣ омад ба нигоҳ?
Ангушти маро кафи ту бар ёд расад,
Аз шохаи нури шед фарёд расад.
Чархидани ман ба гирди ту бинад субҳ,
Хуршеди дафаш навозаду шод расад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё