Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Ба рӯи дафтари водӣ
Нависад байти сабзи зиндагониро.
Пешниҳод
Боди сабо чи бод аст,
Боди бурут дорам.
Шеъри сапед
Бо умеде шеъри испед
Назди мо бигзошт гом.
Рӯсияҳ карданд ӯро,
Гашт бадном.
Оҳанрабо
Гарчи бигӯйӣ ба ман:
Қалби ту аз оҳан аст.
Ғусса махӯр, ёри ҷон,
Васли ту оҳанрабост.
Эҳдо ба Президент
Роҳнамо
Овозаи номи ту ба ҳар бому дар аст,
Ҳар як суханат сархати садҳо асар аст.
Эй сарвари мо, доҳии фархундаи мо,
Ҳар нақшаи ту роҳнамои башар аст.
Сайфи нур
Бар Сангтӯда пои муборак ниҳодаӣ,
Дарвозаи сурур ба мардум кушодаӣ.
Аз сайфи нур кушта шавад деви тирагӣ,
В-ин сайфро ба миллати бедор додаӣ.
Дигаргуна
Гарчи мехоҳем мо
Маърифат боло равад,
Бар алайҳи кулли хоҳиш
Нархи коло
Меравад боло.
Ҳамсабақҳо
Шуморо ёд кардам, ҳамсабақҳо,
Суруд эҷод кардам, ҳамсабақҳо.
Шуморо ёд карда, хештанро
Зи ғам озод кардам, ҳамсабақҳо.
Дару девори дил, ки буд вожун,
Зи нав обод кардам, ҳамсабақҳо.
Чу фасли тирамаҳ рангам хазон буд,
Хазон бар бод кардам, ҳамсабақҳо.
Ба хоби хеш дидам чун шуморо,
Басо фарёд кардам, ҳамсабақҳо.
Худамро карда шоир, аз сари шавқ
Шуморо шод кардам, ҳамсабақҳо.
Амвоҷвора
Чу дарёям,
Чу амвоҷам шикасте ҳаст дар қисмат.
Сарам гирдоби афкор аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё