Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Тарс

Сояро ман чӣ сон бигӯям бад,
Ҳаст шаҳ сояи Худо ба замин.

Ҳиммати барқ

Осмони барзгар дасти сахо бикшод,
Донаи борон даруни ҳавз хирман шуд.
Нимашаб аз барқ чун аз орзуи нони серӣ
Дидаи бечорае як лаҳза рӯшан шуд.

Ёди асл

Аз бед агарчи боғ бинмудам сабз,
Даҳбеди Самарқанд зи ёдам наравад.

Ибрат

Тирамоҳ андар хаёли зар
Ранги зарде дошт.
Ман зарандӯзӣ намехоҳам.

Чашма

Пок то обаш бигардад,
Синааш обича кард аз санг.

Табъи яхбаста

Дар зимистон шеъри ман шах гашт,
Табъи дарё доштам, ях гашт.

Тарс

Бишканад гар санг дандон, тарс нест,
Лек тарс аз нархи дандонбишкан аст.

Сабзҷӯи майсаи лаб

Гарчи обанбори чашми ман
Дар қиёси соли пешин
Ҳаст сероб,
Сабзҷӯи майсаи лабҳои ман аммо
Хушк гардидаст, афсӯс!...

Тақлид

Беқадр бувад мақоми тақлид,
Ҷуз хок мақоми сояҳо нест.

Васфи пахтакор

Аз арақҳои ҷабинат рехт-рехт
Дона-дона рӯи дашти зарнисор.
Хирмани ту то фаровонтар шавад,
Кай туро буд лаҳзае сабру қарор.

Гоҳ жола, селборонҳо гаҳе
Пайкару ҷони туро озурда кард.
Ин табиат бо чунин нозу нузаш
Дил даруни синаат афсурда кард.

Азму саҳми устувори хешро
Бар ҳама душвориҳо бигзоштӣ.
Ҷои ранҷу меҳнати поку ҳалол
Ҳосили монанди зар бардоштӣ.

пешина
аз 118
навбатӣ