Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

эзоҳ диҳад. Баробари ин дар аксар мавридҳо эквивалентҳои арабӣ ё туркии калимаи эзоҳшаванда низ оварда мешавад.

Нишондодҳои «Бурҳони қотеъ» аз ҷиҳати баромади калима ё этимологияи он ҳам бисёр муҳиманд. Масалан, «ҷурғот — ба луғати Самарқанд мостро гӯянд ва муарраби он суқрот аст».

Ин калима аз ҷиҳати баромад суғдӣ мебошад.

«Бурҳони қотеъ» шӯҳрати калон пайдо карда, барои тартиб додани фарҳангҳои минбаъда ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосӣ истифода шудааст. Ягон луғати намоёнтаре, ки дар давраҳои баъдина таълиф шудааст, аз таъсири «Бурҳони қотеъ» хориҷ нест. Ин фарҳанг на фақат барои навиштани луғатҳои тафсирӣ истифода мешуд, балки барои тартиб додани луғатҳои дузабона — аз забони форсӣ-тоҷикӣ ба забонҳои дигар (арабӣ, туркӣ, урду, англисӣ, русӣ ва ғ.) саҳми босазое гузоштааст. Аз луғатҳои муосир, махсусан, луғати панҷҷилдаи Алиакбар Нафисӣ «Фарнудсор», «Луғатнома»-и Деҳҳудоро зикр кардан лозим аст, ки онҳо аз «Бурҳони қотеъ» бояду шояд истифода кардаанд.

«Бурҳони қотеъ» борҳо чоп шудааст. Вай дар Эрон, Ҳиндустон ва Туркия чоп шуда буд.

Чопи охирини он дар соли 1956 аз тарафи олими намоёни Эрон Муҳаммад Муин манзур шудааст. Ин чопи танқидӣ бо шарҳу эзоҳи зиёди ношир М. Муин барои омӯхтани лексикаи форсию тоҷикӣ хизмати намоёне мекунад.

«Ғиёс-ул-луғот» (соли 1827) — таълифи Муҳаммад Ғиёсиддин ибни Ҷалолиддини Ромпурӣ буда, асосан лексикаи асарҳои машҳури назм ва насри форсию тоҷикиро шарҳу эзоҳ медиҳад. «Ғиёс-ул-луғот» лексикаи душворфаҳмро сарфи назар аз он, ки ба кадом забон тааллуқ дорад (форсию тоҷикӣ, арабӣ, юнонӣ, туркӣ, ҳиндӣ ва ғ.) ҳам аз ҷиҳати маъно ва ҳам аз ҷиҳати назм, дар бар мегирад. Дар «Ғиёс-ул-луғот» миқдори зиёди терминология (асосан терминологияи арабӣ) аз соҳаҳои гуногуни илм, махсусан, аз соҳаи фалсафа, мантиқ, филология, нуҷум, тиб, табиатшиносӣ, риёзиёт (математика) ва ғайра ҷамъ шудааст.

Тафсири термин ва истилоҳот мувофиқи савияи илми он давра аст. Муаллиф китобҳои энциклопедии ва рисолаҳои ихтисосии зиёдеро истифода кардааст. «Ғиёс-ул-луғот»-ро, аз бисёр ҷиҳат энциклопедияи мухтасар ҳисобидан мумкин аст. Дар он чандин мақолаҳое ҳастанд, ки ҳамчун рисолаи мухтасари таҳқиқотӣ ба назар мерасанд. Моддаҳои луғавӣ: «Арӯз», «Изофат», «Ҷамъ» аз ҳамин қабиланд.

«Ғиёс-ул-луғот» инчунин бисёр калима ва воҳидҳои фразеологиро, ки аз асарҳои манзум гирифта шудаанд, ҳамаҷониба шарҳу эзоҳ медиҳад. Савияи баланди филологияи шарҳу тавсиф яке аз хусусиятҳои муҳими «Ғиёс-ул-луғот» мебошад.

пешина
аз 457
навбатӣ