Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Муаллифи фарҳанг дар бисёр мавридҳо барои эзоҳи калимаҳо синоним ва эквивалентҳо меоварад. Барои калимаҳои арабӣ эквивалентҳои форсӣ-тоҷикӣ ва барои номҳои тоҷикӣ-форсӣ эквивалентҳои арабӣ оварда мешаванд. Чунончи:
«Шакарбарг — ҷинсест аз шакарҳои соф, ки аз он парколаҳои дароз ва паҳн банданд ва онро шакарқалам низ гӯянд ва ба тозияш «абҳар» хонанд».

Баъзан, махсусан дар эзоҳоти номи растаниҳо эквивалентҳои ҳиндӣ оварда мешаванд:
«Илво, алво — растанист, ки бағоят талх бошад ва аҳли ҳиндаш «гҳеквор» гӯянд...».

Дар «Кашф-ул-луғат» баъзан аз ашъори Фирдавсӣ, Низомӣ, Ҷалолиддини Румӣ ва шоирони дигар мисолҳо оварда мешаванд.
«Кашф-ул-луғат» дар Ҳиндустон соли 1900 нашр (чопи сангӣ) гардидааст.

«Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»-и Ҳусайни Инҷу (с. 1608, Ҳиндустон) яке аз беҳтарин луғатҳои тафсирӣ мебошад ва дар он қариб 7 ҳазор калима эзоҳ ёфтааст. Дар ин фарҳанг аз асарҳои шоирони асрҳои X—XVI мисолҳои зиёде оварда шудааст. Лексикаи «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» асосан форсӣ-тоҷикӣ мебошад ва шарҳу эзоҳи он характери таҳқиқотӣ дорад.

Муаллифи он аз бисёр сарчашмаҳои луғавӣ ва рисолаҳои ихтисосӣ истифода карда, ба беҳтарин асарҳои илмии онвақта такя намудааст.

Дар бисёр мавридҳо вариантҳои калима, синонимҳои он, инчунин эквивалентҳои арабӣ, ҳиндӣ, туркӣ ва ғайра оварда мешаванд. Ҳамаи ин барои фаҳмидани маънои калима ба хонандагон ёрӣ мерасонад ва барои илми забоншиносӣ низ аҳамияти калон дорад.

Масалан, «ҷакоса» хорпуштро гӯянд ва онро рикоса ва сайҳул низ номанд ва ба тозӣ «ташӣ (ташӣ)» ва ба ҳиндӣ «соҳӣ», ба забони гелонӣ «хура» хонанд ва он ҷонварест, ки пушташ хорҳои аблақ бошад монандӣ дук ва чун касе қасди гирифтани ӯ кунад, чунон бадани худро дарҳам фишоррад, ки хорҳо аз баданаш ҷудо шавад ва бар он кас бихӯрад».

Аз ин мақолаи луғавӣ, агарчи дар эзоҳ калимаи «хорпушт» кор фармуда шудааст, эквивалентҳои арабӣ ва ҳиндӣ, ки маънои чайра доранд, масъаларо ҳал мекунанд. Пас, калимаи хорпушт дар ин ҷо ҳамчун номи умумии ин гуна ҷонварон, тахминан ба маънои «аз ҷинси хорпуштҳо» омадааст. Ҳақиқатан, дар луғатҳои кӯҳна калимаи «хорпушт» ба ҳар ду маъно омадааст — ҳам ба маънои «хорпушт» ва ҳам ба маънои «чайра».

Дар «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» лексика аз рӯи тартиби ҳарфи дуюм, баъд якум ва баъд сеюм, чорум ва ҳоказо ҷойгир шудааст, ки ин тартиби ғайримуқаррарӣ истифодаи фарҳангро

пешина
аз 457
навбатӣ