Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

соҳаҳои муайян ба шакли воҳидҳои махсуси лексикие намудор мешаванд, ки дар ҳамон соҳаҳо қонунан қабул шудаанд.
Терминҳо дар сурати вазифаи терминологияи худро адо карда метавонанд, ки предмету мафҳумҳои соҳаҳои ҷудогонаро аниқ, равшан ва ба таври илмӣ ифода карда тавонанд. Аз ин ҷиҳат терминҳои соҳаҳои зиёди илму техника, санъату маданият ва шӯъбаҳои гуногуни истеҳсолотро, ки бо хусусиятҳои илмӣ ва қонунии эътирофшудаи худ лексикаи махсуси соҳаҳоро ташкил намудаанд, аз лексикаи касбу ҳунар фарқ кардан лозим аст. Лексикаи касбу ҳунар, чӣ тавре ки қайд кардем, бештар дар забони гуфтугӯии намояндагони ҳамон соҳа истеъмол мешавад ва ҳанӯз мисли терминҳои илмӣ ва истеҳсолот маънои қатъӣ ва равшану муайянро нагирифтааст, вале лексикаи касбу ҳунар ба сифати терминҳои халқӣ яке аз манбаъҳои пуррашавӣ ва такмил додани терминологияи илмӣ, техникӣ ва ғайра мебошад.

Терминология низ монанди лексикаи касбу ҳунар ҳам терминҳои оммафаҳм ва ҳам терминҳои махсуси маҳдудро дарбар мегирад. Терминҳои оммафаҳм мисли калимаҳои умумихалқӣ ба одамони ғайримутахассис то дараҷае фаҳмо шуда бошанд, маънои терминҳои махсуси маҳдуд фақат барои намояндагони ҳамон соҳаҳо маълум аст ва танҳо аз тарафи онҳо истеъмол мешавад.

ВОҲИДҲОИ ФРАЗЕОЛОГӢ

Фразеология (аз калимаи юнонии phrasis — ифода ва logos — таълимот) маҷмӯи ифода, ибораҳои рехтаву устувори ҳар забонро ташкил медиҳад. Ибора ва ифодаҳои таркибан рехтаву устувор бо номҳои воҳидҳои фразеологӣ, фразеологизмҳо, таъбирҳои фразеологӣ ва амсоли инҳо машҳуранд. Термини воҳидҳои фразеологӣ нисбат ба терминҳои дигар бештар ба кор бурда мешавад.

Ҳар як воҳиди фразеологӣ таркибан аз ду ва зиёда калимаҳо ташаккул ёфта, сохти устувор ва семантикаи яклухти ба қисмҳо ҷудонашаванда дорад. Масалан, воҳиди фразеологии «гули сари сабад» аз се калима (гул, сар, сабад) иборат аст. Бо вуҷуди ин як мафҳумро (шахси мӯътабар, азиз, болонишин, чизи сара, беҳтарин) ифода мекунад. Рехтагию устувории ибораҳои фразеологӣ дар тағйирнаёбандагии сохту таркиб ва семантикаи онҳо ифода меёбад. Одатан, ҷузъҳои таркибии ибораи фразеологӣ ивазнашаванда мебошанд. Онҳоро дар аксари мавридҳо бо калимаҳои аз ҷиҳати маъно наздик иваз кардан мумкин нест. Масалан, ибораи «гурги борондида» (шахси ботаҷриба)-ро дар шакли «гурги барфдида»
ё «рӯбоҳи борондида» тағйир додан мумкин нест. Дар сурати чунин тағйирдиҳӣ на фақат семантикаи бутуни воҳиди фразеологӣ

пешина
аз 457
навбатӣ