Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
Аз ин ҷост, ки доираи истеъмоли лексикаи касбу ҳунар низ мисли диалектизмҳо маҳдуд аст. Диалектизмҳо агар нисбат ба территория маҳдуд бошанд, профессионализмҳо аз рӯи хусусиятҳои иҷтимоии меҳнатии одамон доираи истеъмоли танг доранд, вале ба лексикаи забони адабӣ тааллуқ доранд.
Лексикаи касбҳои гуногун, аз ҷумла, бофандагӣ, дӯзандагӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ ва ғайра бо забони умумихалқӣ муносибати ҳамешагӣ доранд, вале бо хусусиятҳои махсуси худ байни ҳам ва забони умумихалқӣ фарқ карда меистанд.
Луғати ин ё он соҳа, агар баъзе фарқияти диалектикии маҳаллиро истисно кунем, барои ҳамаи намояндагони ҳамин соҳа фаҳмо аст ва аз тарафи онҳо каму беш истеъмол мешавад. Аз тарафи дигар, дар байни луғати касбӣ лексикаи махсуси маҳдуд ва лексикаи ҳамафаҳми то як андоза умумишуда мушоҳида мегардад. Масалан, аз касби бофандагӣ:
алоча, бахмал, беқасаб, моку, найча, зағӯта, оҳор ва аз касби оҳангарӣ, мисгарӣ ва тунукасозӣ: кӯра, чарх, дам, сандон, қайчӣ, болға, анбӯр, сӯҳон барин калимаҳо ҳамафаҳм шудаанд, вале аз лексикаи касбӣ, масалан, аз бофандагӣ:
маштут, духоба, коримулло; аз дӯзандагӣ: қулобак, занчирак, қулфак; аз кулолгарӣ: обҳӯрак, гулобӣ, мола, қамбуррак, шогирдак, лабгир, тамонча, тароҳ ва аз оҳангариву мисгариву тунукасозӣ: каждумак, мӯҳрапечон, гирак, сумматеше, мехлос, саллаб, дуғурда, бӯра, нақши ислимӣ, симдандон, зерча, палвор, найҷувоз барин калимаҳо қайд кардан мумкин аст, ки бештар барои намояндагони худи ҳамин соҳаҳо маълуманд ва аз ин ҷиҳат лексикаи махсуси маҳдудро ташкил мекунанд.
Вале вақте ки мо дар бораи лексикаи касбӣ гап мезанем, танҳо хислати имрӯзаи онҳо, яъне дар забони ҳозира каму беш истеъмол шудани онҳоро ба назар намегирем. Лексикаи касбу ҳунар дар забони тоҷикӣ ҳам аз ҷиҳати тараққиёти таърихӣ ва ҳам аз ҷиҳати инкишоф ва тағйироти имрӯзааш мавқеи алоҳидаро ишғол менамояд. Бисёр лексикаи касбиро мушоҳида менамоем, ки ҳоло аз байн рафтаанд ё рафтаистодаанд ва қисми дигар ба андозаи мавҷудияти соҳаҳои касбу ҳунар ё пайдоиши навъҳои дигари он дар истеъмоланд. Бинобар он лексикаи касбӣ ҳамчун калимаҳои ифодакунандаи соҳаҳои гуногуни касбу кор, ки гурӯҳи муайяни лексикаи забони тоҷикиро ташкил медиҳанд, барои омӯхтану равшан намудани ҳодисаҳои лексикӣ-грамматикии забон аҳамияти калон доранд.
Лексикаи касбӣ барои тасвири ҳодисаҳои таърихӣ, муҳиту шароити персонажҳои асарҳои бадеӣ ва ғайра истифода
мешаванд. Масалан, устод Айнӣ аз ин қабил калимаҳо кирьё,
кирьётахта ва симкаширо дар мавриди муайян истифода бурда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё