Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа
- Диалектизмҳои лексикӣ, ки дар навбати худ, ду гурӯҳи махсуси диалектизмҳо — диалектизмҳои аслии лексикӣ ва диалектизмҳои этнографиро ташкил медиҳанд.
Диалектизмҳои аслии лексикӣ номи маҳаллии предмету ҳодисаҳое мебошанд, ки дар забони адабии умумихалқӣ ба воситаи калимаҳои дигар ифода меёбанд. Ин гуна диалектизмҳо мумкин аст аз як реша иборат бошанд. Масалан, мо-индар (модарандар), пияндар (падарандар), бэроси (барои), бахчӣ (барои чӣ) — дар лаҳҷаҳои ҷануби забони тоҷикӣ; дафъқур (дафъа) — дар шеваи Мастчоҳ. Лекин аксари диалектизмҳои аслии лексикӣ дар забони адабӣ синонимҳои мутобиқи худро доранд. Масалан, дар лаҳҷаҳои ҷануб: гизала (асабӣ); доргӣ (наздикӣ, рӯ ба рӯ); достак (фароштурук), калет // килет (вайрон); каштал (гиребон); усал (мазох, масхара); туридан (рамидан); шай (сиҳат); қурум (кулӯх); қиртақ (гулӯ); ҳеҷа (лонаи парранда) ва аз лаҳҷаҳои Мастчоҳ: баҳат (тараф); бехӣ (зардтак, сабзӣ); бӯзмакак (калпеса); воҷвел (саросема); гичир кардан (тарсондан); дурра (рӯймол), зояк (замини шудгор), калҷ (нонпар), кӯтидан (майда кардан), локӣ (миёнбанд), сечидан (дурахшидан), тақа (наъл), чухт (рост), ғӯрондан (партофтан), хуч кардан (бардоштан), ҳеҷиб (хостгор) ва ғайра.
Диалектизмҳои лексикӣ-семантикӣ низ мавҷуданд, ки маънии маҳаллӣ ё шевагии калимаҳои умумихалқиро ифода менамоянд. Ин ё он калимаи забони умумихалқӣ мумкин аст ба воситаи ягон маънои дар ягон маҳал касбкардаи худ, яъне маънои маҳаллӣ ё шевагии худ диалектизми лексикӣ-семантикӣ бошад. Масалан, калимаи амал дар забони адабӣ маънои муайян дорад. Дар шеваи Мастчоҳ мафҳуми «навдаи ҷавон» низ ба воситаи ин калима ифода меёбад. Мисоли ҳамин дар ин шева як қатор калимаҳои умумихалқӣ мафҳумҳоеро низ ифода менамоянд, ки дар забони умумихалқӣ хоси онҳо намебошанд: арз (як қисм аз замин, ки байни ду ҷӯй воқеъ шудааст), бағал (нишебии рост), коза (лона), лоғар (танбал), қавм (давр, давра), сарбанд (сарҳад), чакидан (афтодан, дучор шудан) ва ғайра.
Гурӯҳи дигари калимаҳои шевагиро диалектизмҳои этнографӣ ташкил медиҳанд. Диалектизмҳои этнографӣ аз калимаҳои шевагие иборатанд, ки предмету ҳодисаҳои хоси ин ё он маҳалро ифода менамоянд ва ба воситаи зиндагиву фаъолияти меҳнатии сокинони ҳамин маҳал муайян мешаванд. Диалектизмҳои этнографӣ дар забони умумихалқӣ синонимҳои худро надоранд ва предмету ҳодисаҳои ба воситаи ин гуна калимаҳо ифодашаванда низ дар ҳаёти умумихалқӣ расмияту умумият пайдо накардаанд. Диалектизмҳои этнографиро бо калимаҳои умумихалқӣ иваз кардан мумкин нест, зеро онҳо барои ифода намудани предмету ҳодисаҳои маҳаллӣ ягон воситаи асосии забони маҳаллӣ ба шумор мераванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё