Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик (Қисми 1)

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 457 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

масъала берун аз имконияти забон кӯшиш намудан натиҷае бахшида наметавонад. Масалан, ба гумон аст, ки ҷои калимаи ҳамафаҳми ватан-ро калимаи архаистии меҳан гирифта тавонад.

НЕОЛОГИЗМҲО (КАЛИМАҲОИ НАВ)

Ҳар як предмет, мафҳум ё ҳодисаи нав ба воситаи калимаву ибораҳои нав ном бурда мешавад. Калимаву ибораҳои нав, ки мафҳумҳои навро ифода менамоянд, якбора умумият пайдо намекунанд, балки ба тадриҷ, дар натиҷаи ба истеъмол дохил шудан барои умум шинос ва маълум мегарданд. Яъне калимаҳо дар ягон фосилаи вақту замон дар байни дигар гурӯҳҳои лексикӣ хусусияту нишонаҳои навӣ ё тозагиро дар худ нигоҳ медоранд. Ин ҳолат то умумӣ шудани онҳо боқӣ мемонад. Умумият пайдо намудани калимаҳо нисбатан гуногун аст, яке зудтар хусусияти неологизмии худро гум кунад, дигаре дертар ва сеюмӣ мумкин аст, умумият пайдо накарда, дар ҳолати неологизмии худ боқӣ монад. Ба ҳамин тариқ, ҳар як калима, ки осори навӣ ва тозагӣ дошта бошад, неологизм (аз калимаи юнонии neos — нав + logos — мафҳум) номида мешавад.

Неологизмҳо аз рӯи эҳтиёҷ ва дар асоси қонуну қоидаҳои лексикӣ-грамматикии забон пайдо мешаванд. Ҳар як неологизме, ки ин хусусиятро надорад ва қобили умумишавӣ нест, дер боқӣ монда наметавонад. Неологизмҳо дар ибтидо хоси нутқи индивидуалӣ мебошанд ва дар давраҳои минбаъдаи мавҷудияти худ ба неологизми умумизабонӣ табдил ёфта, агар қобилияти умумишавӣ пайдо карда тавонанд, ба қатори лексикаи муқаррарии замонавӣ дохил мешаванд.

Вале ҳар як калимаи навро неологизм ҳисобидан мумкин нест. Калимаҳое мавҷуданд, ки нисбат ба замони пайдошавӣ калимаҳои наванд, вале неологизм нестанд. Онҳо дар натиҷаи умумият пайдо кардан ва серистеъмол гаштан хусусиятҳои хоси услубии худро гум карда, ба гурӯҳи активи лексика дохил шудаанд. Масалан, телевизор, асфальт, автомат, троллейбус барин калимаҳо нисбат ба замони пайдо шуданашон калимаҳои наванд, вале дар забон серистеъмоланд ва неологизм нестанд. Пас, ҳар як марҳалаи тараққиёти забон ба неологизмҳо соҳиб мешавад, ки дар марҳалаҳои минбаъдаи он аллакай неологизм ҳисоб намеёбанд. Аз ин сабаб неологизмро мафҳуми нисбӣ ҳисоб кардан мумкин аст.

Солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ ба забони тоҷикӣ колхоз, комсомол, трактор, плуг барин калимаҳо дохил шуданд ва зуд аз худ шуда, ҳамчун воҳидҳои луғавии гурӯҳи активи лексика истеъмол ёфтанд. Пас, калимаҳо метавонанд зуд аз ҳолати неологизмӣ бароянд ва баръакс муддатҳои дароз ҳамчун

пешина
аз 457
навбатӣ