Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Гулназар ба пешонаи турш ва қиёфаи андўҳбори Н.
як назар андохта, гуфт:
– Аз афт, ин кас арақро ба пиёлааш хўрданд…
БАРОИ ЧӢ?
Ба Фаттоҳ Одина имкони гуфтани нўшбод надоданд.
Ранҷид ў ва мушти худро сахт ба миз кўфт.
Вақте ҳозирон изҳори норизоӣ карданд, Фаттоҳ Одина бо тааҷҷуб китф барҳам кашид, яъне барои чӣ зарбаи дигарон неву маҳз аз ў боиси маломат шуд.
– Барои он ки, – табассум кард Гулназар, – аз шумо задани оҳангар буд…
БА ДИЛАТ НАЗАДААСТ?
Боре Фаттоҳ Одина аз Гулназар сабаби парешонҳолиашро мепурсад.
– Садупанчоҳта мефорад, вале спонсор нест, – пешона мемолад Гулназар. Сипас табассум мекунад. – Шумо спонсор намешавед?
– Мешавам!– механдад акаи Фаттоҳ. – Лекин оё ба дилат назадааст?
– Чӣ?– ҳайрон мешавад Гулназар.
– Ҳар рўз спронсор шудани ман…
– Чӣ дод мезанӣ, Аҳмадшоҳ?
– Ман дод назадаам, оҳ кашидам…
– Ҳой Гурез, ту арақа каш ҳар қадар лозим бошад, ба ҷоят Н. бинӣ мекашад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё