Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Дуруст, – луқма партофт кадоме. – Саттор Турсун ба сагҳои номард ҳам атола медиҳад…
ИЛОВАПУЛӢ
Н. ибову андешаро намедонист ва рўзе набуд, ки аз суханони ноҷову бадбўи ў аламе тозаву диле озурда нашавад.
Дар як суҳбат Н. (Воқиан, он рўз ҳам забони сурхи ў ранги чанд касро «кабуд» карда буд. ) донистан хост, ки фалонӣ (собиқ ҳамкорамон) чанд сўм нафақа мегирад.
– Нафақаашро намедонам, – пешона молид Ҳайрат Шанбезода. – Вале медонам, ки чор ҳазор сўм иловапулӣ мегирад.
Табиист, ки Н. оҳанги тааҷҷуб кард.
– Иловапулӣ? Чӣ гуна иловапулӣ?
– За вредность, – номаълум ба ҳозирон чашмак зад Ҳайрат. – Охир, зани вай ҳамдиёри шумост…
НАҶОТ ДИҲАД
Нависанда Н. – ро одате буд: ҳамин ки завҷааш қаҳр карда, хонаи волидонаш рафт, ба алами фироқ тоб намеовард ва тахта– тахта шеър менавишт. Дар чунин мавридҳо ҳоли шоир Ҳайрат Шанбезода табоҳ мешуд.
Зеро ба ў лозим меомад, ки «фироқнома»– и Н. – ро сатр ба сатр хонда, ҳусну қубҳашро гўяд.
Боре Н. бо чашмони аз бехобӣ сурху варамида ба нашриёт омада, дафтари калонро аз чузвдонаш баровард.
– Ин чӣ? Шеър?! –хавотиромез ба Н. нигарист Ҳайрат. – Бо занат боз гапатон гурехт– чӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё