Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
– Худо хоҳад, шумо бо чашми худ хоҳед дид, ки чӣ гузаротар аст: даму нафаси эшон ё теғи духтур…
– Ҳа, хуб, – гуфт Низом ва азбаски пул надошт, харҷи зиёфатро аз занҳо қарз кард.
Бо ҳидояти Н. тарабхона рафтем. Баъди зиёфат ў коғазеро чорқат карда, ба Низом доду гуфт, ки дар бағалкисааш нигоҳ дорад…
Хайр, баъд чӣ шуд: оё пучак домани Низомро сар дод?
Аз куҷо. Баръакс, баъди кўрхат меҳри кабутаки пучак ба Низом тофт ва аз худи гўшаш… сивудута баромад.
04. 02. 1996.
ЧӢ ҶОИ ТААҶҶУБ
Аз ангушти Саидалӣ Маъмур хун гирифтан мехоҳанд. Барои таҳлил. Ҳамшираи тиббӣ ба нўги ангушти ў сўзан мезанад ва… Аҷабо, барои чӣ хун намебарояд? Шояд нўги сўзан ба пўст нахалид?
Ҳамшира боз сўзан мезанад. Аз шиддати дард чинҳои пешонаи Саидалӣ гиреҳ хўрда, лабҳояш баҳам меоянд.
Лекин… овоз намебарорад. Ба ҷои ў ҳамшира дод мезанад. Ин чӣ гап? Барои чӣ хун нест?
– Дастатонро ба гармкунаки барқӣ баред. Ачаб не, хун ях бастааст.
– Оё хун ях мебандад?– оҳанги тааҷҷуб мекунад Саидалӣ, вале дастонашро ба гармкунак медорад.
Баъди чанд дақиқа ҳамшира бори дигар ба ангушти шоир сўзан мезанад. Ин дафъа тоқати ў тоқ шуда, ба тамоми қувват… Овози вайро шунида, мудири шўъба ҳозир мешавад. Ва ба воқиа бовараш намеояд.
Ҳамшира аз ангушти Саидалӣ паи сўзанро нишон дода, мегўяд, ки ана, се бор сўзан задаст.
Ҳайрати духтур афзуда, саволомез ба рўи Саидалӣ менигарад ва ўро… шинохта механдад.
– Э, чӣ чои тааҷҷуб. Хун надоштани шоир як чизи муқаррарӣ– ку…
Ҳар кӣ сўзан бар сухане зам кунад, Қатрае аз хуни ҷигар кам кунад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё