Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Сонӣ мефаҳмӣ!– ба ман чашмак заданд Н.
Музаффар гўё болу пар бароварда, сўи мағоза парид.
Вақте ў баргашт, ман лабонамро лесида ғазал мехондам; ғазали ҳаҷвиеро, ки аз номи майзадаҳо иншо шуда буд ва ҳамсояҳо пиёлаи пурмай дар даст ба шавқ гўш мекарданд.
– Офарин!– ниҳоят гаронборона аз курсӣ бархостанд Н. – Оё медонед, муаллифи ин шеърҳо кист? Не? Афсўс!..
– дафъатан ба ман нигаристанд он кас. – Ман. Оре, ҳамин бандаи фақир, ки бори нашриёт кам будагӣ барин боз бои қалам ҳам мекашам!.
Чашми ҳозирон аз ин «навигарӣ» барқ зада, изҳори хурсандӣ карданд ва як– як Н. – ро ба оғўш кашида, чалп– чалп бўсиданд.
– Шумо сухансанҷи бебаҳо!– сонитар ба ман рў оварданд Н. – Шеъре, ҳозир аз ёд хондед, манзумаест иборат аз дусад сатр. Онро чӣ хел ҳифз кардед?
Ман бо ифтихор оруғ задам.
– Шеъри асилро, қоида, аз ёд намкунанд, вай худаш дар лавҳи хотир нақш мебандад.
Аз ғояти ҳаяҷон лунҷҳои сергўшту дамидаи Н. ларзида, ба Музаффар гуфтанд, ки биё ҳамроҳ берун бароем, гап ҳаст. Ҳамин тариқ, ба Музаффар лозим омад, ки боз дар пайраҳаи байни нашриёту мағоза нақши пой гузорад…
Хуллас, бозии мо мувофиқи матлаб ҷараён дошт. Баробари холӣ шудани шиша, ман (Албатта, бо имои Музаффар)аз китоби нав шеъре мехондам ва дили Н. об гашта, беихтиёр киса мекофтанд. Шўру шавқи базм чунон баланд буд, ки худо мегуфтем, он ҳаргиз интиҳо наёбад. Вале… марҳамати парвардигор беохир бошад ҳам, ин дафъа хоҳиши азза ва чала ин буд, ки мо аз хотир набарорем:
даст, ки доданд, аз оринч гирифтан нашояд…
Дар китоби нав як силсила дубайтӣ буд, ки ман чандтаи онро низ ба дасти хотир супурда будам. Яке чунин мазмун дошт: поёнии рўзи сафед шаби сиёҳ аст. Ҳамин дубайтиро хонда будам, ки кадоме аз ҳамкосаҳоро ҳиккак гирифт. Н. гумон карданд: вай аз таъсири суханони он кас инони гиря сар дод ва даст…ба киса бурданд, вале…
Табъи Н. якбора хира гардида, боз даст ба бағал андохтанд.

пешина
аз 231
навбатӣ