Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Fолибан додситон низ мухлиси ғазалҳои Лоиқ буд, – ў чизе нагуфта, кадом як тугмачаи дастгоҳи наздашро пахш кард. Ҳамон лаҳза ду милиса аз дар даромада, бо ишораи сардорашон дастони Н. – ро ба пушташ бастанд.
– Баред, ғарқ кунед!– амр дод додситон бо ҷиддияти тамом.
– Итоат!– Н. – ро тарафи баромадгоҳ тела доданд милисаҳо.
Ин воқиа дар они воҳид ба вуқўъ пайваст ва ҳозирон дарҳол нафаҳмиданд: чӣ ҳодиса мешавад. Онҳо ҳанўз ба худ наомада буданд, ки дари ҳуҷраи кори додситон кушода шуда, яке аз милисаҳо сар халонд.
– Fарқ кунем? Дар кучо?
Додситон ваҷоҳаташро тағйир надода, ба оҳанги аввала гуфт:
– Ба дарёи ғазалҳои Лоиқ!. .
13. 01. 1996.
БАЗМ

Музаффари Хол дар курсии рў ба рў нишаста, маъюсона оҳ кашид. Гуфт: чанд рўз инҷониб мехоҳад занги асабҳоро шўяд, вале дар чунин як нашриёти калон «на гўши суханшунав» меёбаду «на дидаи эътибор». Ман бо таассуф калла ҷунбондам, яъне: барғалат дар задӣ, ман ҳам имрўзҳо бисёр тангдастам ва аз шустани занги асабҳои якта– нимта муҳаррирони «бемор» оҷизам, ту вақти ғаниматро дар ин ҷо беҳуда нагузаронда, ба долон баро, ҳуҷраҳои дигарро бин, шояд аз ягон гўша «мутахассиси асаб» ё ба қавли худат «гўши суханшунаву дидаи эътибор» пайдо шавад.
Музаффар чашмонашро пўшида, пешона молид.
– Пайдо нашуд, ки пеши шумо омадам.
– Барои омаданат ташаккур, лекин, чунон ки шунидӣ, ҳозир агар хоҳам ҳам, ба додат расида наметавонам: ин вақтҳо кисаи ман аз даруни чўбкадуҳои бозор ҳам хомтар.
Музаффар огоҳона бинӣ кашид, яъне медонад вазъи кисаамро. Вале ин муҳим нест, муҳим он ки сарам «пур»
аст ва агар тақалу баҳонаҷўи накунам, мушкили вай осон хоҳад шуд.
– Сар?– беихтиёр шонаҳоямро боло андохтам.
– Ҳа, – Музаффар нимхез шуда, даҳонашро ба гўшам наздик оварду посух дод: китоби нави шоир Н. баромад ва агар имшаб ман каллаамро дурустакак кор фармоям, фардо иншооллоҳ дурри мақсуд ба каф меояд.
Аз нияти Музаффар пай бурда, гуфтам: содда нашавад, ба ин кор қодир нестам, – дар ин муддат, яъне то фардо китоби калонеро варақ задану порчаҳои зиёди шеърӣ аз ёд намудан аз иқтидори банда берун аст.
– Fайр аз ин, – афзудам, – шеърҳои мардак умумианд ва дасти хотир беминнат намегирад онҳоро.
– Инро худам ҳам медонам, – огоҳона калла чунбонд Музаффар. – Лекин ҳофизаи шумо бисёр қавист ва бовар ҳаст, ки аз уҳдаи вазифа мебароед. – Сипас айёрона табассум кард. – Чӣ метарсед? Ин бори аввал нест– ку!. .

пешина
аз 231
навбатӣ