Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Марҳамат ба тамошо!»


«Нохудо рафт ба меҳмониву «Сафинаи сухан»
бесоҳиб монд…»


«Сафина…» ин дафъа ба ҳавзи ҷавоншоираи соҳибҷамоле лангар партофт…»


«Ин аст доғи домани «Зани танҳои ҳофиз…»


«Аз чунин номардон дасту доманатро бишў, зани тоҷик!»


«– Шумо таҳорат мекунед?
– Гоҳ– гоҳ.
– Не, ман таҳорати ботиниро дар назар дорам.
– Пештар мекардам. Аз вақте ки оби гарм нест, намекунам…»


«– Шумо бисёр хушрў ҳастед, хола.
– Ин хел нагўед, писарам. Ман шояд ба модаратон ҳамсол бошам…»


«– Сара дар куҷо сафед кардед, бобо?
– Дар осиё, бачем. Гуфтам– ку: ман осиё дорам…»


«Рўзи дигар ба боло даъват карданд. Хайрият, – гуфт ў, – мо ҳам ба ёди дўстон мерасидем– дия!» Ва ба маноракран баромад».


«Истиқлол чӣ дод? Ҳеҷбудагон ҳар чиз шуданд…»


«Дирўз дар самти шарқии пойтахт гурўҳи ҷинояткоре ба даст афтид, ки чанд моҳ инҷониб дар самти ғарбии пойтахт пой мезад…»

пешина
аз 231
навбатӣ