Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Дасти маро ба ҳаҷвнависӣ Имомназари Холназар рост кардааст.
– Таи чанд сол аст, ки шумо дар нашриёти «Адиб» ба сифати муҳаррир кор мекунед. Дар бисёр ҳикояҳоятон низ образи муҳаррирро дучор меоем. Шоираи шинохтаи мо Гулрухсор чунин мисраъҳо дорад:

Эй муҳаррир, шеъри ман дарди дил аст,
Дардро таҳрир кардан мушкил аст.

Оё ҳангоми таҳрири китоб бо муаллифон «дастбагиребон» мешавед?
– Оре, зиёда аз бист сол аст ман муҳаррири нашриётам. Дар ин муддат ба ман муяссар шудааст, ки ду– се ва ҳатто чор– панҷ китоби баъзе адибонро таҳрир кунам.
Боре кадоме гуфт: Абдулвайси Азиз устоди ўст, ба он далел, ки мавсуф як китоби ўро таҳрир кардааст.
– Пас мақоми Аҳмадшоҳ чӣ бошад?– абрў ба ҳам кашид адиби номӣ Саттор Турсун. – Охир, вай ба се китоби ман муҳаррир аст?!
Намедонам ин хуб аст ё бад, то ҳол бо муаллифе дасбагиребон нашудаам. Албатта, буданд мавридҳои ба истилоҳ «буғранҷ», вале ҳамеша дарҳол баҳона ё сабабе пеш меомад ва ин «ҷиноят» содир намешуд.
Воқиан, байти Гулрухсор… Бояд ба шумо гўям, ки ягон муҳаррири нашриёт «дарди дил»– ро таҳрир намекунад. Зеро дард дар ҳақиқат таҳрир надорад. Одатан асарҳои бедардона дарди сари муҳаррир мешаванд.
– Мардуми мо табиатан шўханд, ҳаҷву базлагўиро дўст медоранд. Ман аз як чиз ҳайронам, ки чаро нависандагони ҳаҷвнигори мо байни мардум маҳбубият надоранд?
– Инро ман ҳам намедонам. Вале, ба назарам, ҳоло мавриди чунин савол нест. Як маслиҳат: биёед, сабр мекунем. Аввал Сервантес, Рабле, О. Генрӣ, Стефан Ликок, Азиз Несин, Эраҷи Пизишкзод барин дар адабиёти тоҷик арзи ҳастӣ намоянд, сонӣ аз хусуси дараҷаи маҳбубияти онҳо ҳарф мезанем…

пешина
аз 231
навбатӣ