Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Не, фориғболӣ аз ин зиёд намешавад!»
Тилхориҳо дасту по гум карданд. Онҳо медонистанд, ки иди пуршукўҳи якдилии заҳматкашони тамоми ҷаҳон наздик аст, аммо намедонистанд: дар маросими таҷлили он иштироки фермаи онҳо шарт аст.
Қаҳру ғазаби роҳбаронро интиҳо набуд. Онҳо то хурўсак шудани овозашон тилхориҳоро хорӣ дода, гўё андак таскин ёфтанду ба мудири ферма гуфтанд:
– Ҳоло ҳам дер нашудааст. Мо чанд хоҷагии дигарро дида, бо ҳамин роҳ бармегардем. Зуд мардумро ба кор андохта, хатоятонро ислоҳ кунед. Ферма бояд намуди идона дошта бошад!
Мудири ферма аз тилхориҳои асил буд, яъне аз кор наметарсид, – ба расми низомиён дарҳол даст ба чаккаи сар бурда, пошнаи мўзаҳояшро ба ҳамдигар зад– «Есть!»
… Роҳбарон дами бегоҳ аз хоҷагиҳои ҳамсоя баргаштанд. Вақте ба фермаи тилхориҳо наздик шуданд, чашми онҳо пир – пир парида, даҳонашон воз монд.
Аз дидани манзараи ғароиб, албатта. Дар болои дарвозаи ферма, сари бом ва нўки симчўбҳо– хуллас, дар ҳама ҷой фляга– зарфи арзизии ширгирӣ овезон буд.
ва ин флягаҳо, аз чӣ бошад, ба ҳар ранг пардоз ёфта буданд.
Онҳо ҳанўз ба худ наомада, аз куҷое мудири ферма– оре, ҳамон тилхории асил!– пайдо шуд ва боз даст ба чаккаи сар бурда, мисли ҳарбиён аз иҷрои супориш посух дод.
– Ин чист?– базўр овоз баровард котиби ҳизб, ки дар рўяш осори хун набуду беист миҷа мезад.
– Кадом?– нафаҳмид мудири ферма.
– Ана вай, вай, вай!. . – асабиёна ба болои дарвоза, боми бинои ферма ва сари симчўбҳо ишора кард ў. – Барои чӣ ин флягаҳоро ба он ҷо овехтед?
Мудир ба флягаҳо назаре афканда, бо тааҷҷуб китф барҳам кашид.
– Барои чӣ овехтем? О худатон гуфтед– ку: ба муносибати ид дар ҳама ҷо фляга овезед.

пешина
аз 231
навбатӣ