Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

БАЙРОН

Боре аснои саёҳати Юнон роҳбалади шоири англис лорд Байронро ҳолати аҷибе рўй дод, – тамоми аъзои баданаш ларзида, чунон бемадор гардид, ки натавонист дигар қадаме пеш монад.
Вақте Байрон сабаби инро пурсид, роҳбалад гуфт:
«Ҷаноб, ғолибан дуртар аз ин ҷо воқиаи ваҳшатборе рўй медиҳад. Биёед, андак дам гирем. Ду сол қабл аз ин чунин ларзаи тоқатшикан маро аз марг наҷот дода буд.
Дар он ҷое, ки ман бояд мерафтам, туркон сари чанд касро бурида будаанд…»
Баъд аз ним соат онҳо боз ба роҳи худ рафтанд ва дуртар аз он мавзеъ осори хун ва ҷисми беҷони ҳашт одамро диданд, ки навакак ба қатл расида буданд.
Байрон беихтёр ангушти тааҷҷуб ба лаб бурд. Бо вуҷуди, ин сонитар ў ин воқиаро бо тасодуфоти муқаррарӣ ҳамл намуд, ҳарчанд онро дар рўзномаи худ бинавишт.

МАРК ТВЕН

…Банкири зуд сарватмандшудае беэътёнона аз Марк Твен суол кард.
– Оё рост аст, ки шумо як вақтҳо дар штатҳои ғарбӣ коргари оддии кони кварс будед? Пас чӣ тавр нависанда шудед?
Марк Твен дарҳол ҷавоб дод.
– Майлатон, бо камоли шавқ нақл мекунам. Вале, ба назарам, донистани он ки то расидан ба масобаи банкирӣ чанд бор муфлис шудед, ҷолибтар аст.

АЛЕКСАНД ДЮМА– ПАДАР

Дар робита ба марги як амалдори порахўри суд аз Александр Дюма– падар хоҳиш намуданд барои гулчанбар сӣ франк диҳад.
– Ана, ба шумо шаст франк, – гуфт адиб. – Гиреду боз ягон порахўр дафн намоед.

пешина
аз 231
навбатӣ