Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Одатан 3 намуди барномаро фарқ мекунанд:
-дарозмуддат;
-кўтоҳмуддат;
-махсус.
Барномаи дарозмуддат барои 5,10 сол дар баъзе ҳолатҳо барои 20 сол тартиб дода мешавад.
Дар вақти тартиб додани барномаи дарозмуддат кўшиш мекунанд, ки имконияти фирмаро барои мўҳлати дуру дароз оид ба рушди бозор ва моли он аниқ пешбинӣ намоянд.
Барои ҳамин фирмае (корхонае), ки ба истеҳсоли молҳои дар саноат истифодашаванда (кишоварзӣ) машғул аст, бояд кўшиш намояд, ки рушти прогресси илмию-техникӣ, тағйирёбии таркиби бозор, таркиби талаботи истеъмолӣ ва ғайраро пешакӣ пай барад.
Бояд қайд кард, ки банақшагирии маркетингӣ молҳои дар саноат истифодашаванда (кишоварзӣ) назар ба молҳои истеъмолӣ хело мураккаб аст. Баробари ин, дар вақти тартиб додани барномаи дарозмуддат, фирма (корхона) қисми бозоре, ки дар оянда ў банд мекунад ва ҳаҷми чорабиниҳое, ки барои баҷоории ин мақсад зарур аст ҳал намояд.
Дар вақти кор карда баромадани барномаи маркетингӣ лаҳзаҳои зеринро ба ҳисоб гирифтан зарур аст:

  • кор карда баромадани барномаро пурра ба души директори шуъба ҳавола накунад;
  • кўшиш накунед, ки барнома муфассал тартиб дода шуда бошад (хусусан, агар мўҳлати барнома аз як сол зиёд бошад);
  • ба барнома мувофиқи зарурат дигаргунӣ дохил карда мешавад (вобаста ба ҳолати бозор), чунки қиммати барнома аз рўи ба шароити реалӣ мутобиқ будани (қаиши доштан) муайян карда мешавад;
  • барнома ҳамчун ҳуҷҷати расмӣ қайд карда шуда, ҳамаи шахсоне, ки барои кор карда баромадан ва истифодабарии он сару кор доранд бо нусхаҳои зарурӣ таъмин карда шаванд, ғайр аз ин барои иҷрои барнома таъминоти фоида махсус эҳтиёҷ дорад.
    Барномаи кўтоҳмуддати маркетингӣ одатан барои як сол пешбинӣ шудааст. Аз барномаи дарозмуддат бо муфассалии худ фарқ мекунад, яъне дар ин ҷо номгўй ва миқдори мол, нарх, хароҷот тавсиянома каналҳои фурўши мол нишон дода мешавад.
    Тартиб додани нақшаи маркетингӣ на фақат самаранокии амалиётҳои фирмаро (корхонаро) баланд мебардорад, ва лаҳзаҳои дигари мусбӣ ҳам дорад. Мисол, раванди кор карда баромадани ин хел барномаҳо (барномаи кўтоҳмуддат) ва гузаронидани таҳлили чуқури фаъолияти фирма алоқадор буда, ҷиҳатҳои зўрӣ ва камқувватии корхонаро нишон медиҳад. Мавҷуд будани барномаи муфассали маркетингӣ қабули қарорро осон менамояд ва имконияти ғайримаркетингӣ кунонидани идоракунӣ пайдо мешавад, яъне тақсимоти вазифа ва маҳсулият байни фоидаи васеи шахсон чунки дар ин ҳолат маркетинг-директор метавонад иҷроиши қисмҳои алоҳидаи барномаро ба итоаткунандагони худ супориш диҳад.
пешина
аз 91
навбатӣ