Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Аз тарафи дигар, принсипи комплекси маркетинги индивидуалӣ кунонидашуда мавҷуд аст, дар инҷо истеҳсолкунанда қисмҳои (элементҳои) маркетингро ба хусусиятҳои ҳар як бозори мақсадноки алоҳида мутобиқ менамояд, бо мақсади банд кардани ҳиссаи зиёди бозор ва ба даст даровардани фоидаи бисёр.
Ба комплекси маркетингӣ қисмҳои (элементҳои) асосии зерин дохил мешаванд:
*мол; *ҳавасмандкунӣ; *нарх; *каналҳои тақсимотӣ.

Мол
Маркетологи шинохта Киган У. панҷ стратегияи ҳавасмандкунии мол ва ба бозори хориҷӣ мувофиқкунии онҳоро ҷудо кардааст:
*маъное паҳнкунӣ дар намуди тағйирнопазирӣ чуни наст, ки мол бе даровардани ягон хол дигаргунӣ ба бозорҳои хориҷӣ истеҳсол карда бароварда мешавад; *мутобиқшавии мол, дар инҷо вобаста ба шароити маҳаллӣ ва майли харидорон ба мол тағйирот дароварда мешавад; *маънои ихтирои моли нав иборат аз истеҳсоли ягон намуд моли тамоман нав аст. Ин раванд мумкин дар ду намуд ифодаи худро ёбад. Ихтирои таназзулкунанда-аз нав барқарор кардани истеҳсоли мол. Дар ҳолати мукаррарии пештарааш, ки вай барои қонеъ гардонидани мўҳтоҷии ин ё он мамлакат мутобиқ аст. Ихтирои афзуншаванда: ин истеҳсоли молии мутлақо нав барои қонеъгардонидани мўҳтоҷие, ки дар мамлакати дигар мавҷуд аст.
Ҳавасмандкунӣ
Фирма метавонад дар ҳама ҷо стратегия ҳавасмандкуниро, ки дар бозори ватанӣ мавҷуд аст истифода барад, ё худ ин стратегияро вобаста ба ҳар як бозори маҳаллӣ иваз (дигаргун) намояд.

пешина
аз 91
навбатӣ