Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Мақсадҳои асосии ба бозори хориҷӣ баромадани фирма чунинад:
*имконияти истеҳсолии хешро дар бозорҳои хориҷӣ санҷида дидан; *бо молҳои истеҳсоли ватанӣ истеъмолкунандагони хориҷиро шинос намудан; *дар истеҳсолот истифодабурдани комёбиҳои илму техникии пешқадами ҷаҳонӣ; *баланд бардоштани сифати маҳсулоти истехсолшуда, яъне ба махсулоти истеҳсоли ватанӣ шароити ба рақобаттоварӣ пайдо кардан; *таъмин намудани шароит барои истеҳсоли молҳои ба меъёрҳои минтакавӣ ё худ ҷаҳонӣ ҷавобгў; *аз ҳисоби фурўши маҳсулоти ватанӣ ба сарзамини хеш ворид намудани техникаи пуриқтидори замонавӣ, технологияи навтарини ҷаҳонӣ ва тайёр намудани миқдори зарурии мутахассисон ва коргарони баландихтисос; * ба даст даровардани фоидаи софи зиёд аз фурўши ҳар як воҳиди маҳсулот дар бозорҳои мамлакатҳои хориҷӣ; *барои ба корхонаи пешқадами замонавӣ табдил додани фирмаи хеш ва пешрафти иқтисодии ҷумҳурӣ мусоидат намудан.
Усулҳои ба бозорҳои берунӣ баромадан
Агар фирма ба бозори хориҷӣ фурўхтани молро пеша карда бошад, вай бояд усули беҳтарини баромаданро интихоб намояд. Вай метавонад ба фаъолияти соҳибкории муштарак содирот кунад, ё худ маблағгузории мустақим ба хориҷа машғул шавад. Ҳар яки ояндаи муносибати стратегӣ ба худ қабул намудани ўҳдадориҳои зиёд ва хавфи бисёреро талаб мекунад, аммо имконияти гирифтани фоидаи зиёдро дорад.
Оддитарин содирот усули фаъолият дар бозори хориҷӣ ин содирот мебошад.
Содироти номунтазам –ин ҳолати ғайри фаъолии фирма, яъне ў ҳарвақт моли зиёдатии худро ба харидани яклухте, ки аз номи фирмаҳои хориҷӣ баромад мекунанд мефурўшанд.
Содироти фаъол- дар он ҳолате пайдо мешавад, ки фирма максади васеъ намудани амалиёти содиротиро дар бозори мушаххас пеша кардааст. Дар ҳардуи ин ҳолат ҳамаи молҳои худро дар ватани хеш истеҳсол менамояд. Ба содирот вай метавонад молҳои дигаргун кардашуда ё худ дигаргун нашударо пешниҳод карда метавонад.

пешина
аз 91
навбатӣ