АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Савдогарони яклухт бояд якчанд қарорҳои маркетингӣ қабул намоянд,
муҳимтарини онҳо чунинад:
*интихоби бозорҳои максаднок;
*ташаккул додани гурўҳи молҳо ва комплексҳои хизматрасонӣ;
*нархгузорӣ;
*ҳавасмандкунӣ ва интихоби ҷой ва ҷойгиркунии корхона.
Баъд аз омўхтани ин мавзўъ донишҷў бояд ба саволҳои зерин ҷавоб диҳад:
- Сатҳи каналҳои тақсимоти молро номбар кунед.
- Кадом каналҳои таксимоти молро фирма бояд истифода барад.
- Аз рўи кадом нишондиҳандаҳо воситаҳои нақлиёт интихоб карда мешаванд.
- Фарқи байни савдои чакана ва яклухт дар чист?
- Бартарии савдои яклухт дар чист?
АСОСИ ТАШКИЛИ ЭЪЛОНҲО
- Мақсад ва вазифаҳои эълон (реклама) 2. Давраҳои кор карда баромадани нақшаи эълон (реклама).
- Принсипҳои тартибдиҳии эълон (реклама) 4. Интихоби воситаҳои асосии паҳнкунии маълумотҳо Эълон (реклама) шакли пардохташудаи додани маълумот дар бораи мол аз тарафи дигаре ба мақсади ҳавасмандкунии фурўш.
Эълон (реклама)- ин то харидорони ҳозирбуда ва потенсиалӣ бурда расонидани эълон (реклама).
Элементҳои асосии эълон (реклама). - Банақшагирӣ: асоси (таҳкурсии) инро бояд натиҷаи тадқиқоти мол, талабот, гурўҳҳои мақсадноке намоиш таъсир мерасонад, воситаҳо ва мақсадҳои ноилшавӣ ба намоиш.
- Ороиш: тартиб додани маводи эълон мувофиқи кор карда баромадан, ғояи (идеяи) намоиш.
- Иҷрошавӣ- аз рўи ин истилоҳ бо воситаи ахбори умум ё худ расонидани эълон то гурўҳи муайяни мақсадноки дигар каналҳо фаҳмида мешавад. Мақсади асосӣ дар ин давра барои эълон интихоб намудани каналҳое, ки ба тараққии максималӣ харидорони ҳақиқӣ ва потенсиалиро фаро мегирад ва таъсири сатҳи максималии ноилшавиро таъмин менамояд иборат аст.
- Назорат (натиҷаҳо)- дар ин давра самаранокии эълони иҷрошудаистода муайян карда шуда, талаботи бошиддатгардонии он муқаррар карда мешавад. Аммо бе назорат, ягон кас то кадом андоза ба мақсад мувофиқ ва асоснок будани хароҷотҳои эълон ва зарурати давом додани онро гуфта наметавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё