АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

- Ҳолати ҳиссаи бозори фирма ва даромади ў чи тавр шуда метавонад, агар вай чораи ҷавоби набинад? Барои қабули чораҳои ҷавобӣ фирмаҳои дигар кўшиш карда истодаанд ё не?
- Ҷавоби рақибон ва дигар фирмаҳо ба ҳар як ҳиссиёти ҷавобӣ чи тавр шуда метавонад?
Ғайр аз ҳалли ин саволҳо фирма бояд таҳлили васеъ гузаронад. Вай бояд проблемаҳои марҳилаи ҳаёти молҳои худ, аҳамияти ин молҳо, омўхтани мақсад ва захираҳои рақибон, нархи пешбинишуда, ҳассосии (қобилияти эҳсос) бозорро аз нуқтаи назари аҳамиятнокии мол, вобастагии ҷараёни хароҷот аз ҳаҷми истеҳсолот ва дигар имкониятҳое, ки дар пеши фирма кушода шуда истодаанд.
Фирма на ҳама вақт дар фосилаи бевоситаи тағйирёбии нарх, тарзҳои ҳаракати худро таҳлил карда метавонад. Мумкин рақиб, ба ин ҳаракати хеш муддати дароз тайёрӣ дидааст, барои ҳамин ҳам эътино кардан ба ҳаракати ў якчанд ё худ рўз лозим аст. Усули кўтоҳ кардани мўҳлати қабули қарор оид ба ҳиссиёти ҷавобӣ-пешбинии эҳтимолии ҳиллакории рақиб оид ба тағйирдиҳии нарх, барои тайёр намудани чораиҷавобии пешакӣ.
Баъд аз омўхтани ин мавзўъ донишҷў бояд, ки: - Чор шакли рақобати бозориро номбар карда тавонад 2. Усулҳои нархгузориро интихоб карда тавонад.
- Омилҳое, ки ба нархи охирин таъсир мерасонанд гуфта диҳад.
- Усулҳои ба моли нав гузоштани нархро номбар карда тавонад.
- Характеристикаи панҷ намуди асосии кам кардани нархи молро фаҳмонида дихад.
УСУЛҲОИ ПАҲНКУНИИ МОЛҲО
- Хусусиятҳои каналҳои паҳнкунӣ
- Роҳҳои ташаккулдиҳии таркиби каналҳо
- Ҳалли проблемаи ҳаракати мол
- Хусусиятҳои савдои чакана
- Хусусиятҳои савдои яклухт 1.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё