АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

-кам кардани нарх барои пардохт бо пули нақд;
-кам кардани нарх барои миқдори моли харидашаванда (савдои яклухт);
-фирмаи (корхонаи) истеҳсолкунанда ба фирмае, ки хизмати бурда расидани мол, нигоҳдорӣ, фурўш, бурдани ҳисобро адо менамоянд нархи молро паст мекунад, яъне скидкаи функсионалӣ муайян менамояд;
-кам кардани нарх аз рўи мавсим- паст кардани нархи фурўши мол барои ононе, новобаста ба мавсим харидорӣ мекунанд;
-як намуд кам кардани нархи мол баҳисоб гирифтан аст. Мисол, дар вақти ивазкунии мол нархи супоридаи моли кўҳна (истифодашуда) баҳисоб гирифта мешавад.
Дар ҳолатҳои муайян, барои ҳавасмандкунии фурўш, фирма муваққатӣ ба моли худ нархи аз нархномаи (прейскуранти) пастар мегузарад. Дар баъзе ҳолатҳо ин нарх барои ҷалб кардани шумораи зиёди харидорон аз арзиши аслии мол кам шуда метавонад.
Фирма (корхона) молҳои аз нуқтаи назари истифодабарии якхеларо бе ҳисоби фарқияти хароҷотҳо метавонад бо ду ё худ зиёд нархҳои гуногун фурўшад, яъне нархи дискриминатсионӣ муайян намояд. Ин ҳолат дар шакдҳои гуногун дида мешавад:
-ба назардошти ҳархелагии харидорон;
-ба назардошти тарзҳои мол;
-ба назардошти бошишгоҳ (ҷой);
-ба назардошти вақт.
Барои он, ки нархи дискриминатсионӣ кор карда тавонад шартҳои зерин заруранд:
*бозор бояд имконияти ба қисмҳо (гурўҳҳо) ҷудошудан дошта бошад, ин қисм аз якдигар бо талаботи шиддатнокӣ (интенсивӣ) фарқ кунанд; *аъзоёни гурўҳе, ки молро бо нархи арзон харидорӣ менамоянд, бояд имконияти онҳоро бо нархи баланд фурўхтан надошта бошанд; *дар гурўҳе (қисме), ки фирма моли худро бо нархи баланд мефурўшад, рақибон дар инҷо бояд имконияти бо нархи паст фурўхтанро надошта бошанд; *хароҷоти ба гурўҳҳо (қисмҳо) тақсим кардани бозор бояд аз ҷамъи даромади иловагӣ зиёд набошад; *муқаррар кардани нархи дискриминатсионӣ бояд сабаби ҳамагӣ ва нохушӣ истеъмолкуннадагон нагардад; *шакли мушаххаси истифодабурдаи нархи дискриминатсионии фирма бояд бар хилофи қонун набошад.
Бо ташаббус тағйирёбии нарх
Фирмае (корхонае), ки системаи бавуҷудоии нархи молҳои худро кор карда баромаданист санҷидани пастшавӣ ё худ баландшавии нархи хеш зарур аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё