Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Боби дуввум
Дар шарти ҳисбат
Бидон, ки ҳисбат бар ҳамаи мусалмонон воҷиб аст. Ин илми ҳисбат ва шарти он донистан воҷиб бувад, ки ҳар фаризае, ки шароити он нашиносанд, гузордани он мумкин нашавад. Ва ҳисбатро чаҳор рукн аст: яке мӯҳтасиб; ва яке он, ки ҳисбат бар вай аст; ва яке он, ки ҳисбат дар вай аст; ва яке чи гунагии эҳтисоб.
Рукни аввал
Мӯҳтасиб аст
Ва шарти вай беш аз он нест, ки мусалмон ва мукаллаф бошад, ки ҳисбат ҳаққи дин гузордан аст; ҳар ки аз аҳли дин аст, аҳли ҳисбат аст. Ва хилоф аст, ки адолату дастурии султон шарт ҳаст ё не. Ва дуруст наздики мо он аст, ки шарт нест.
Аммо адолат ва порсоӣ чӣ гуна шарт бувад, ки агар ҳисбати касе хоҳад кард, ки ҳеч гуноҳ накунад, худ ҳаргиз ҳисбат сурат набандад, ки ҳеч кас аз маъсият маъсум набошад. Саид ибни Ҷубайр разийаллоҳу анҳу мегӯяд:
«Агар мо ҳисбат он вақт кунем, ки ҳеч гуноҳ накунем, пас ҳаргиз ҳисбат накунем». Ҳасани Басриро гуфтанд, ки: «Касе гӯяд, ки халқро даъват макунед, то нахуст худро пок накунед?» Гуфт: «Шайтон дар орзуи ҳеч чиз нест, магар он ки ин калима дар дили мо ороста кунад, то дари ҳисбат баста шавад». Ва инсоф дар ин масъала он аст, ки бидонӣ ки ҳисбат аз ду гуна бувад:
Яке насиҳат ва ваъз. Ва ҳар ки коре мекунад ва касеро панд диҳад ва гӯяд: «Макун», ҷуз он ки бар вай ханданд, ҳеч фоида набувад ва ваъзи вай ҳеч асар накунад. Ин ҳисбат фосиқро нашояд, балки бошад ки базаҳкор шавад, чун донад, ки нашунаванд ва бар вай ханданд, ки равнақи ваъз ва ҳишмати шаръ дар чашми мардумон ботил шавад. Ва бад-ин сабаб аст, ки ваъзи донишмандоне, ки фисқи эшон зоҳир бувад, халқро зиён дорад ва эшон бад-он базаҳкор шаванд. Ва аз ин буд, ки гуфт расул алайҳиссалом: «Он шаб, ки маро ба Меъроҷ бурданд, қавмеро дидам, ки лабҳои эшон ба нохунбуре оташин мебуриданд, гуфтам: «Шумо кистед?» Гуфтанд: «Мо онем, ки ба хайр мефармудем ва худ намекардем ва аз шарр наҳй мекардем ва худ даст надоштем». Ваҳй омад ба Исо алайҳиссалом, ки: «Ё писари Марям, пештар худро панд деҳ, агар бипазирӣ, он гоҳ дигаронро панд деҳ ва агар не, аз Ман шарм дор».
Навъи дигари ҳисбат он аст, ки ба даст бувад ва ба қаҳр, чунон ки хамр бинад, бирезад ва чангу рубоб бишиканад; ва касе, ки қасди фасоде кунад, вайро ба қаҳр аз он манъ кунад. Ин фосиқро раво бошад, ки бар ҳар касе ду чиз воҷиб аст: яке он ки худ накунад ва дигаре он ки нагузорад, ки дигаре кунад, агар яке даст бидошт, дигареро чаро бояд дошт. Агар касе гӯяд: «Зишт бувад, ки касе ҷомаи абрешимин пӯшида ва боз ҳисбат кунад ва аз сари дигаре баркашад; ва худ шароб мехӯрад ва шароби дигарон мерезад!» Ҷавоб он аст, ки: «Зишт дигар бувад ва ботил дигар; ин аз он зишт бошад, ки муҳимтаре даст бидошт, на аз он ки ин нашояд, ки агар касе рӯза дорад ва намоз накунад, ин зишт бошад, ки аз муҳимтаре даст бидошт, на аз он ки рӯза доштан ботил бувад, лекин аз он ки намоз муҳимтар аст; ҳамчунин кардан аз фармудан муҳимтар аст, валекин ҳар ду воҷиб аст ва яке дар дигаре шарт нест, ки ин бад-он адо кунад, ки гӯяд: «Манъ кардан аз хамр бар вай воҷиб аст, бо он ки вай нахӯрад; чун хӯрад, ин воҷиб аз ӯ бияфтад»; ва ин муҳол бувад.
Ва аммо шарти дуввум ва он дастурии султон аст ва маншури ҳисбат1 навиштан; ин низ шарт нест, ки бузургони салаф худ бар султонон ва хулафо ҳисбат кардаанд ва ҳикояти он дароз шавад. Ва ҳақиқати ин масъала бад-он маълум шавад, ки дараҷоти ҳисбат2 бишиносӣ. Ва ҳисбатро чаҳор дараҷа аст:
Дараҷаи аввал панд додан аст ва тарсонидан ба Худои азза ва ҷалла; ва ин худ бар ҳамаи мусалмонон воҷиб аст, ба маншур чаро ҳоҷат ояд? Балки фозилтарин ибодате он аст, ки султонро панд диҳад ва ба Худои таъоло битарсонад.
Дараҷаи дуввум сухани зишт аст, чунон ки гӯяд: ё фосиқ, ё золим, ё аҳмақ, ё ҷоҳил, аз Худой натарсӣ, ки чунин кунӣ? Ва ин суханҳо ҳама рост аст ва дуруст дар ҳаққи фосиқ гуфтан, ба ҳеч маншур ҳоҷат нест.
1 Фармону ҳукм барои амри маъруф ва наҳйи мункар кардан.
Дараҷаи сеюм он ки ба даст манъ кунад: шароб бирезад ва рубоб бишиканад ва дастори абрешимин аз сари вай баргирад. Ва ин ҳамчун ибодат воҷиб аст. Ва ҳар чизе, ки дар боби аввал ривоят кардем, далел кунад бар он ки ҳар ки мӯъмин аст вайро ин салтанат додааст шаръ, бе дастурии султон.
Дараҷаи чаҳорум он ки бизанад ва ба задан ҳам бим кунад (тарсонад, таҳдид кунад); ва бошад ки чун он қавм дар муқобала оянд ва ба мадад ҳоҷат афтад, қавмеро ҷамъ кунад. Ва ин бошад ки ба фитна адо кунад – чун бе дастурии султон бошад – авлотар он бувад, ки ин бе дастурии султон набувад.
Ва на аҷаб, агар дараҷоти ҳисбат бигардад, ки агар фарзанде бар падар ҳисбат кунад, вайро беш аз насиҳат ба лутф мусаллам набошад. Ҳасани Басрӣ мегӯяд: «Панд диҳад ва чун хашмгин хоҳад шуд, хомӯш бошад».
Аммо сухани дурушт гуфтан, чун аҳмақу ҷоҳил ва монанди ин, нашояд; ва задани вай худ албатта нашояд; ва куштани вай, агарчи кофир бувад ва задани вай дар ҳадд – агарчи писари ҷаллод бошад – нашояд. Ин авлотар бувад – агар тавонад, ки хамри вай бирезад ва ҷомаи абрешиминро дарз боз кунад ва чизеро, ки аз идрори ҳаром ситадааст, ба худованд расонад ва кӯзаи симин бишиканад ва сурат, ки бар девори нақш карда бошанд, табоҳ кунад ва амсоли ин. Зоҳир он аст, ки ин раво бувад, агарчи падар хашмгин шавад, ки кардани ин ҳақ аст ва хашми падар ботил аст. Ва ин тасарруфе нест дар нафси падар, чун задан ва дашном додан; ва мумкин бувад ки касе гӯяд, ки чун сахт ранҷур хоҳад шуд падар, накунад. Ҳасани Басрӣ мегӯяд раҳматуллоҳ: «Чун хашмгин хоҳад шуд, хомӯш бошад ва ваъз даст бидорад».
Ва бидон, ки ҳисбати хоҷа бар банда ва ҳисбати банда бар хоҷа ва ҳисбати зан бар шавҳар ва ҳисбати раият бар султон ҳамчунин бувад, ки ҳисбати фарзанд бар падар, ки ин ҳуқуқҳама муаккад аст азим. Аммо ҳисбати шогирд бар устод осонтар аст, чи он ҳурмат ба муҷарради дин аст, чун бад-он илм, ки аз вай омӯхтааст, кор кунад, муҳол набошад, балки олим, ки ба илми хеш кор накунад, ҳурмати хеш фурӯ ниҳода бошад.
Рукни дуввум
Он чи ҳисбат дар вай бувад
Бидон, ки ҳар коре, ки мункар бувад ва дар ҳол мавҷуд бошад ва мӯҳтасиб бе таҷассус он бишиносад ва ношоистагии он ба яқин маълум бошад, ҳисбат дар вай раво бувад. Ва аз ин ҷумла чаҳор шарт дар вай маълум шавад.
Шарти аввал он ки мункар бошад,агарчи маъсият набошад ва агарчи сағира бувад, ки агар девона ё кӯдакеро бинад, ки бо баҳимае сӯҳбат мекунад, манъ бояд кард, агарчи инро маъсият нагӯянд, ки эшон мукаллаф наанд, валекин ин феъл худ дар шаръ мункар аст ва фоҳиш. Ва агар девонаро бинад, ки шароб мехӯрад, ё кӯдакро бинад, ки моли касе талаф мекунад, ҳам манъ бояд кард. Ва он чи маъсият бувад, агарчи сағира бошад, ҳисбат бояд кард, чун аврат бараҳна кардан дар гармоба; ва аз паси занон нигаристан; ва ба хилват бо эшон истодан; ва ангуштарии заррин ва ҷомаи абрешимин доштан; ва аз кӯзаи симин об хӯрдан ва мисли ин сағоир ҳама ҳисбат бояд кард.
Шарти дуввум он ки маъсият дар ҳоли мавҷуд бувад; аммо агар касе фориғ шуд аз хамр хӯрдан, пас аз он нашояд вайро ранҷонидан ҷуз ба насиҳат кардан; аммо ҳадд задан ҷуз султонро нашояд. Ҳамчунин касе, ки азм кунад, ки имшаб шароб бихӯрад, нашояд вайро ранҷонидан, ҷуз насиҳат кардан, ки бошад ки нахӯрад; ва чун гӯяд: «Нахоҳам хӯрд», нашояд гумони бад бурдан. Аммо чун бо зане ба хилват бинишинад, ҳисбат раво бувад пеш аз он ки қарор шавад, чи хилват нафси маъсият аст; балки агар бар дари гармобаи занон биистад, то чун берун меоянд, менигарад, ҳисбат бояд кард, ки ин истодан маъсият аст.
Шарти сеюм он ки маъсияти зоҳир бувад, бе таҷассуси мӯҳтасиб.
Аммо таҷассус нашояд ва ҳар ки дар хона шуд ва дар бибаст, нашояд бе дастурии даршудан ва талаб кардан, то чи мекунад ва аз роҳи дару бом гӯш доштан, то овози рӯд шунавад ва ҳисбат кунад, балки ҳар чи Худои таъоло бипӯшонид, пӯшида бояд дошт, магар ки овози рӯд ва овози мастон берун мерасад, он гаҳ раво бошад бе дастурӣ даршудан ва ҳисбат кардан. Ва агар фосиқе чизе дар зери доман мебарад – ва раво бувад, ки хамр бошад – нашояд ки гӯяд: «Бинмой, то бибинам, ки чист», ин таҷассус бувад ва чун мумкин аст, ки хамр набошад, нодида пиндорад; аммо агар бӯи хамр биёяд, раво бувад, ки бирезад ва агар барбате (соз, тор) дорад, ки бузург бувад ва ҷомаи борик бувад, ки битавон донист, раво бувад, ки бияфканад; ва агар мумкин аст, ки чизе дигар аст, нодида бояд ангошт. Ва қиссаи Умар разийаллоҳу анҳу, ки ба боме фурӯ шуд ва якеро дид бо зане ва бо хамр, дар китоби ҳуқуқи сӯҳбат биёвардем ва маъруф аст. Ва як рӯз бар минбар мушовират бо саҳоба кард, ки бигӯед, ки агар имом ба чашми хеш мункаре бинад, раво бувад, ки ҳадд занад?
Гурӯҳе гуфтанд: «Раво бошад». Алӣ разийаллоҳу анҳу гуфт: «Ин корест, ки Худои азза ва ҷалла дар ду адл баста аст, ба як тан кифоят наяфтад. Ва раво надошт, ки имом ба илми хеш дар вай кор кунад ва воҷиб дошт пӯшидан.
Шарти чаҳорум он кимаълум бувад ба ҳақиқат, ки он ношоист аст, на ба гумон ва иҷтиҳод. Пас шофеимазҳабро раво набувад, ки бар ҳанафимазҳаб эътироз кунад, ки бе валӣ никоҳ кунад ва шуфъаи ҷивор1 ситонад ва амсоли ин. Аммо агар шофеимазҳаб, ки никоҳ бе валӣ кунад ё набизи хурмо хӯрад, бар вай эътироз раво бувад, ки мухолифат кардани соҳиби мазҳаби хеш наздики ҳеч кас раво набувад.
Ва гурӯҳе гуфтаанд, ки ҳисбат дар хамру зино ва чизе раво бувад, ки ҳаромии он ба иттифоқ ва яқин бувад, на ин ки ба иҷтиҳод бувад. Ва ин дуруст нест, ки иттифоқи муҳассилон он аст, ки ҳар ки ба хилофи иҷтиҳоди хеш ё ба хилофи иҷтиҳоди соҳиби мазҳаби хеш кор кунад, осӣ аст. Пас ин ба ҳақиқат ҳаром аст ҳар киро, ки дар қибла иҷтиҳод ба ҷиҳате адо кунад, ки пушт ба он ҷониб кунад ва намоз гузорад ва осӣ бувад, агарчи дигаре мепиндорад, ки вай мусиб (бар ҳақ, ҳақ) аст. Ва он ки мегӯяд, ки: «Раво бувад ҳар касе мазҳаби ҳар ки хоҳад, фаро гирад» – сухане беҳуда аст, эътимодро нашояд, балки ҳар касе, ки мукаллаф аст бад-он ки ба занни хеш кор кунад. Ва чун занни вай ин бувад – масалан, ки аз Шофеӣ олимтар аст, вайро дар мухолифати вай ҳеч узр набошад, ҷуз муҷарради шаҳват.
Аммо мубтадеъ, ки вай Худойро ҷисм гӯяд ва Қуръонро махлуқ гӯяд ва гӯяд: «Худойро натавон дид»; ва амсоли ин, бар вай ҳисбат бояд кард, агарчи Бӯҳанифа ва Молик ҳисбат накунанд, ки хатои он қавм қатъ аст ва дар фиқҳ хато ба қатъ маълум нашавад2. Валекин бар мубтадеъ ҳисбат дар шаҳре бояд кард, ки мубтадеъ ғариб ва нодир бувад ва бештар мазҳаби суннат доранд. Аммо чун ду гурӯҳ бошанд ва агар ту ба мубтадеъ ҳисбат кунӣ, вай низ бар ту ҳисбат кунад ва ба фитна адо кунад, инчунин нашояд, илло ба дастурии султони вақт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё