Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

дӯстии Ҳақҷои ҳеч дӯстии дигар нагузоштааст». Ва мардумон пиндоштанд, ки вайро бо ҳар касе дӯстӣ аст. Ва на аҷаб, агар авлиё низ бад-ин дараҷа расанд, ки Саҳли Тустарӣ мегӯяд, ки: «Сӣ сол аст, ки ман бо Ҳақ таъоло сухан мегӯям». Ва мардумон мепиндоранд, ки бо халқ мегӯям».
Ва ин муҳол нест, ки кас бошад, ки вайро ишқи махлуқе чунон бигирад, ки дар миёни мардумон бошад ва сухани кас нашунавад ва мардумонро набинад, аз дӯстӣ ва машғулӣ. Валекин ҳар касеро бад-ин ғарра набояд шудан, ки бештар он бошад, ки дар миёни халқ аз сари кор бияфтад. Яке мар руҳбонеро1 гуфт, ки: «Наҳмор2 сабурӣ ба танҳоӣ!» Гуфт: «Ман танҳо наам, ҳамнишини Ҳаққам, чун хоҳам, ки бо Вай роз гӯям, намоз кунам ва чун хоҳам, ки бо ман роз гӯяд, Қуръон хонам». Ва якеро пурсиданд, ки:
«Ин қавм аз хилват чӣ фоида гирифтаанд?» Гуфт: «Унс ба Ҳақ таъоло».
Ва Ҳасани Басриро гуфтанд: «Ин ҷо мардест ҳамеша танҳо дар паси сутуне нишаста бошад». Гуфт: «Чун ҳозир бувад, маро хабар диҳед».
Вайро хабар карданд, наздики вай шуд, гуфт: «Ҳамеша танҳо менишинӣ, чаро бо халқ мухолатат накунӣ?» Гуфт: «Маро коре афтодааст, ки он маро аз халқ машғул кардааст». Гуфт: «Чаро ба наздики Ҳасан нашавӣ ва сухани вай нашунавӣ?» Гуфт: «Ин кор маро аз Ҳасан ва мардумон машғул карда». Гуфт: «Он чӣ кор аст?» Гуфт: «Ҳеч вақт нест, ки на аз Худои таъоло бар ман неъмате аст ва на аз ман гуноҳе аст, он неъматро шукре мекунам ва он гуноҳро истиғфор мекунам; на ба Ҳасан мепардозам ва на ба мардумон». Гуфт: «Ҷой нигоҳ дор, ки ту аз Ҳасан фақеҳтарӣ!»
Ва Ҳарам ибни Ҳайён ба наздики Увайси Қаранӣ шуд, Увайс гуфт: «Ба чӣ омадаӣ?» Гуфт: «Омадам, то бо ту биёсоям». Гуфт: «Ҳаргиз надонистам, ки касе бошад, ки Худои таъолоро бидонад ва ба дигаре биёсояд».
Фузайл гуфт: «Чун торикӣ дарояд, шодӣ бар дили ман дарояд, гӯям:
То рӯз дар хилват нишинам бо Худои таъоло; чун рӯшноии рӯз падидор ояд, гӯям: Акнун мардумон маро аз вай машғул кунанд». Молики Динор гӯяд, ки: «Ҳар ки ҳадис кардан бо Худои таъоло, ба муноҷот дӯсттар надорад аз ҳадис кардан бо махлуқот, илми вай андак аст ва дилаш нобиност ва умраш зоеъ аст». Ва яке аз ҳукамо мегӯяд: «Ҳар киро тақозои он бувад, ки касеро бинад ва бо вай бинишинад, он нуқсони вай аст, ки дили вай аз он чи мебояд холӣ аст, аз берун мадад мехоҳад». Ва гуфтаанд:
«Ҳар киро унс ба мардумон аст, вай аз ҷумлаи муфлисон аст».
Пас, аз ин ҷумла бидонӣ, ки ҳар ки вайро қудрати он аст, ки ба давоми
1 Касоне, ки (касе, ки) барои ибодати Худованд аз мардум канора гирифтаанд.
2 Бузург ва аҷиб. Ин калима дар муқобили «мо»-и тааҷҷуби забони арабӣ оварда шуда.
зикр унс ҳосил кунад ба Ҳақ таъоло; ё ба давоми фикр илму маърифат ҳосил кунад ба ҷалолу ҷамоли Вай, ин аз ҳар ибодате, ки ба халқ тааллуқ дорад, беҳтар асту бузургтар аст, ки ғояти ҳама саодатҳо он аст, ки касе бад-он ҷаҳон шавад ва унсу муҳаббати Ҳақ таъоло бар вай ғолиб бошад.
Ва унс ба зикр тамом шавад; ва муҳаббат самараи маърифат аст; ва маърифат самараи фикрат. Ва ин ҳама ба хилват рост ояд.
Фоидаи дуввум
Он ки ба сабаби узлат аз бисёрии маъсият бираҳад. Ва чаҳор маъсият аст дар мухолатат, ки аз он ҳар касе наҷаҳад:
Маъсияти аввал – ғайбат кардан ё шунидан; ва ин ҳалоки дин аст.
Маъсияти дуввум – амри маъруф ва наҳйи мункар; агар хомӯш бувад, фосиқу осӣ шавад; ва агар инкор кунад, дар бисёрии хусумат ва ваҳшат афтад.
Маъсияти сеюм – риёву нифоқ, ки дар мухолатат он лозим ояд, ки агар бо халқ мудоро накунад, вайро биранҷонанд ва агар мудоро кунад, зуд ба риё афтад, ки ҷудо кардани мудоро ва риёву мудоҳинат сахт душвор аст. Ва агар бо дӯсту душман сухан гӯяд, агар бо яке мувофиқат кунад, дурӯӣ бошад ва агар накунад, аз душмании эшон халос наёбад.
Камтарин он бошад, ки ҳар киро бинад, мегӯяд, ки: «Ҳамеша орзумандам». Ва ғолиб он бувад, ки дурӯғ гӯяд ва агар мисли он нагӯяд, муставҳиш шаванд; ва аз ту низ нифоқу дурӯғ бошад. Ва камтарин он бошад, ки аз ҳар касе мепурсад, ки: «Чӣ гунаӣ ва қавмат чӣ гунаанд?» Ва ботин аз андӯҳи эшон, то «чӣ гунаанд», фориғ бошад. Ва ин нифоқи маҳз бошад.
Ибни Масъуд гӯяд разийаллоҳу анҳу: «Кас бувад, ки берун шавад, бо касе коре дорад, чандон санову мардумӣ бигӯяд, ки он касро дин дар сари он кунад; ва ба хона ояд, ҳоҷат раво ношуда ва Худойро таъоло ба хашм оварда». Ва Сарии Сақатӣ гӯяд: «Агар бародаре ба наздики ман ояд, даст ба маҳосин фуруд орам, то рост шавад, битарсам, ки номи ман дар ҷаридаи мунофиқон сабт кунанд». Ва Фузайл танҳо нишаста буд, яке ба наздики вай омаду гуфт: «Ба чӣ омадаӣ?» Гуфт: «Барои осоиш ва муонасат ба дидори ту». Гуфт: «Ба Худой, ки ин ба ваҳшат наздиктар аст; наомадаӣ, илло барои он, то ту маро мардумӣ кунӣ – ба дурӯғ; ва ман туро мардумӣ кунам – ба дурӯғ; ва ту дурӯғе бар ман бипаймоӣ ва ман яке баҳри ту, то ту аз ин ҷо бозгардӣ ё ман аз ин ҷо бархезам». Ва ҳар ки аз чунин суханҳо ҳазар тавонад кард, мухолатат кунад, зиён надорад.
Салаф чун якдигарро бидидандӣ, аз ҳоли дунё напурсидандӣ, аз дин пурсидандӣ. Ҳотами Асам Ҳомиди Лаффофро гуфт: «Чӣ гунаӣ?» Гуфт:
«Ба саломат ва офият». Гуфт: «Саломат пас аз он бувад, ки бар сирот бигузарӣ ва офият он вақт бувад, ки дар биҳишт шавӣ». Ва чун Исоро гуфтанд: «Чӣ гунаӣ?» Гуфт: «Он чи суди ман дар он аст, дар дасти ман нест ва он чи зиёни ман дар он аст, бар дафъи он қодир нестам ва ман гаравкори хешам ва кор ба дасти дигарест; пас ҳеч дарвеше нест дарвештар аз ман!» Ва чун Рабеъи Хайсамро гуфтандӣ: «Чӣ гунаӣ?» Гуфт: «Заифу гуноҳкор; рӯзии худро мехӯрам ва аҷали худро чашм медорам». Ва Абӯдардоро гуфтандӣ: «Чӣ гунаӣ?» Гуфтӣ: «Хайр аст, агар аз дӯзах эмин шавам!» Ва Увайси Қараниро гуфтанд: «Чӣ гунаӣ?» Гуфт: «Чӣ гуна бошад касе, ки бомдод бархезад ва надонад, ки шабонгоҳ хоҳад зист ё на ва шабонгоҳ надонад бомдодро хоҳад зист ё не». Ва Молики Динорро гуфтанд: «Чӣ гунаӣ?» Гуфт: «Чӣ гуна бошад касе, ки умраш мекоҳад ва гуноҳаш меафзояд». Ва ҳакимеро гуфтанд: «Чӣ гунаӣ?» Гуфт: «Чунон ки рӯзии Худои таъоло мехӯрам ва фармони душмани Вай – иблис мебарам». Ва Муҳаммад ибни Восеъро гуфтанд: «Чӣ гунаӣ?» Гуфт: «Чӣ гуна бошад касе, ки ҳар рӯз ба охират наздиктар мешавад ва бар гуноҳ далертар мебошад». Ва Ҳомиди Лаффофро гуфтанд: «Чӣ гунаӣ?» Гуфт: «Чӣ гуна бувад ҳоли касе, ки ба сафари дароз мешавад ва зод надорад ва ба гӯре торик мешавад ва мӯнис надорад ва бар подшоҳи одил мешавад ва ҳуҷҷат надорад». Ва Ҳассон ибни Синонро гуфтанд: «Чӣ гунаӣ?» Гуфт:
«Дар орзуи онам, ки як рӯз ба офият бошам». Гуфтанд: «На ба офиятӣ?»
Гуфт: «Офият рӯзе бошад, ки бар ман маъсият наравад». Ва якеро дар вақти марг пурсиданд, ки: «Чӣ гунаӣ?» Гуфт: «Чӣ гуна бошад касе, ки лобуд аст варо, ки бимирад; ва вайро барангезанд ва ҳисоб хоҳанд». Ва Ибни Сирин якеро гуфт: «Чӣ гунаӣ?» Гуфт: «Чӣ гуна бувад касе, ки понсад дирам вом дорад ва иёл дорад ва ҳеч чиз надорад». Ибни Сирин дар хона шуд ва ҳазор дирам биёвард ва ба вай доду гуфт: «Понсад дирам бо вом деҳ ва понсад дирам бар иёл нафақа кун; ва аҳд кардам, ки низ касеро нагӯям, ки чӣ гунаӣ?» Ва ин аз он кард, ки тарсид, ки агар темори вай надорад, дар пурсидан мунофиқ буда бошад1
.
Ва бузургон гуфтаанд, ки: «Касонеро дидем, ки ҳаргиз якдигарро салом накардандӣ; ва агар яке бар дигаре ҳукм кардӣ, ба ҳар чи доштӣ манъ накардӣ. Ва акнун қавмеанд, ки якдигарро зиёрат мекунанд ва то мурғи хона мепурсанд; ва агар бо як дирам бо якдигар густохӣ кунанд, ҷуз манъ набинанд; ва ин набошад, илло нифоқ. Пас, чун халқ бад-ин
1 Яъне барои ин ки пурсид, агар ӯро аз ранҷ халос накунам, пурсиши вай аз рӯи нифоқ ва риёву дурӯӣ буда бошад.
сифат шудаанд, ҳар ки бо эшон мухолатат кунад, агар мувофиқат кунад, дар ин нифоқу дурӯғ шарик бувад; ва агар мухолифат кунад, вайро душман гиранд ва гаронҷон донанд ва ҳама ба ғайбати вай машғул шаванд; ва дини вай дар сари эшон шавад ва дини эшон дар сари вай.
Маъсияти чаҳорум — ки ба сабаби мухолатат лозим ояд, он аст, ки бо ҳар ки бинишинӣ, сифати вай бар ту сироят кунад, чунон ки туро хабар набувад ва табъи ту аз вай бидуздад, чунон ки ту надонӣ. Ва он бошад ки тухми бисёри маъсият бошад, чун нишаст бо аҳл ғафлат бувад, ки ҳар ки аҳли дунёро бинад ва ҳирси эшон дар дунё, мисли он дар вай падид ояд; ва ҳар ки аҳли фисқро бинад – агарчи онро мункир бошад – он фисқ чун бисёр бинад, дар чашми вай сабуктар шавад. Ва ҳар маъсияте, ки бисёр бинад, инкори он аз дил биюфтад. Ва аз ин аст, ки агар олимеро бо ҷуббаи дебо бинанд, ҳама дилҳо инкор кунанд; ва бошад ки ин олим ҳама рӯз ғайбат кунад; ва аз он инкор накунанд. Ва ғайбат аз абрешим пӯшидан батар аст, балки аз зино кардан саъбтар аст, валекин хӯ шудааст аз бисёре, ки равад; балки шунидани аҳволи аҳли ғафлат зиён дорад, чунон ки шунидани аҳволи саҳоба ва бузургон суд дорад ва ба вақти зикри эшон раҳмат борад аз осмон, чунон ки дар хабар аст: «Ъинда зикри-с-солиҳина таназзулу-р-раҳмату». Ва сабаби раҳмат он аст, ки рағбати дин биҷунбад ва рағбати дунё камтар шавад, чун касе аҳволи эшон бишунавад. Ва ҳамчунин ба вақти зикри аҳли ғафлат лаънат борад, ки сабаби лаънат ғафлат ва рағбати дунёст ва зикри эшон сабаби ин бувад. Пас дидори эшон азимтар бувад. Ва барои ин гуфт расул алайҳиссалом, ки: «Масали ҳамнишини бад чун оҳангар аст, ки агар ҷома насӯзад, дуд дар ту гирад; ва масали ҳамнишини нек чун аттор аст, ки агар мушк бар ту надиҳад, бӯй дар ту даргирад». Пас бидон, ки танҳоӣ беҳ аз ҳамнишини бад ва ҳамнишини нек беҳтар аз танҳоӣ, чунон ки дар хабар аст. Пас ҳар ки муҷоласати вай рағбати дунё аз ту бибарад ва туро ба Худои таъоло даъват кунад, мухолатат бо вай ғанимате бузург бувад, мулозим бо вай бош. Ва ҳар ки ҳоли вай ба хилофи ин бувад, аз вай дур бош, хосса олиме, ки бар дунё ҳарис бувад ва кирдори вай бо гуфтор рост набувад, ки он заҳри қотил бошад ва ҳурмати мусалмонӣ аз дил бибарад пок, чи бо худ гӯяд: «Агар мусалмонӣ асле доштӣ, вай бадон авлотар будӣ, ки агар касе лавзина дар пеш дорад ва бо ҳирсе тамом мехӯрад ва фарёд мекунад, ки: «Эй мусалмонон, дур бошед, ки ин ҳама заҳр аст!» Ҳеч кас вайро бовар надорад; ва далерии вай дар хӯрдан ҳуҷҷате гардад бад-он ки дар вай заҳр нест. Ва бисёр кас аст, ки дар ҳаром хӯрдан ва маъсият кардан далер набошад; чун бишунавад, ки олиме он мекунад, далер шавад. Ва бад-ин сабаб аст, ки заллати олим ҳаром аст ҳикоят кардан ба ду сабаб – яке он ки ғайбат бувад; дуввум он ки мардумонро далер кунад, ки он ҳуҷҷат гиранд; ва бад-он иқтидо кунанд; ва шайтон ба нусрати он бархезад ва гӯяд: «Охир ту аз фалон қурротар ва парҳезгортар нахоҳӣбуд?» Ва шарти оммӣ он аст, ки чун аз олим тақсир бинад, ду чиз бияндешад – яке он ки бидонад, ки агар олим тақсир мекунад, бошад ки илми вай каффорати он бошад, ки илм шафеъе бузург аст; ва оммиро илм нест, чун амал накунад, бар чӣ эътимод кунад? Ва дигар он ки бидонад, ки донистани олим, ки ҳаром хӯрдан нашояд, ҳамчун донистани омӣ аст ки хамру зино нашояд; ва ҳар касе дар ин қадар, ки хамру зино нашояд, олим аст; ва хамр хӯрдани оммӣҳуҷҷат нагардад, то бад-он касе далер гардад; ҳаром хӯрдани олим ҳамчунон бошад. Ва бештар далерии ҳаром касоне кунанд, ки эшон ба ном олим бошанд ва аз ҳақиқати илм ҳеч хабар надоранд ва ғофил бошанд ва ё онро, ки мекунанд узре ва таъвиле донанд, ки авом фаҳм накунанд – бояд ки оммӣ бад-ин чашм нанигарад, то ҳалок нашавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё