Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Эҳтиёти дуввум – он ки бидонад, ки вай як рӯз зиндагӣ натавонад кардан, то камтарин ҳазор кас аз одамиён, ҳар яке ба шуғле машғул набошад, чун нонбо ва заргар ва ҷавлоҳаву оҳангар ва ҳаллоҷу дигар пешаҳо. Ва ҳама кори вай мекунанд, ки вайро ба ҳама ҳоҷат мебошад ва нашояд ки дигарон дар кори вай бошанд ва ӯро аз ҳама манфиат бошад ва ҳеч касро аз вай манфиат набувад, ки ҳама олам дар ин ҷаҳон дар сафаранд ва мусофирон бояд ки дасти яке доранд, ки якдигарро ёр бошанд. Вай низ ният кунад, ки ман ба бозор шавам ва шуғле кунам, то мусалмонеро роҳате бошад, чунон ки мусалмонони дигар шуғли ман мекунанд, ки ҷумлаи шуғлҳо аз фурузи кифоёт аст, вай низ ният кунад, ки ба яке аз ин фуруз қиём намояд. Ва нишони дурустии ин ният он бувад, ки ба коре машғул бувад, ки халқ бад-он ҳоҷатманд бувад, ки агар он набувад, кори мардумон ба халал шавад, на чун заргариву наққошӣ ва гачу кандагарӣ, ки ин ҳама ороиши дунёст ва ба ин ҳоҷат нест ва нокардани ин беҳтар аст – агарчи мубоҳ аст; аммо ҷомаи дебо дӯхтан; ва сохти зар кардан барои мардон, ин худ ҳаром бувад. Ва аз пешаҳо, ки салаф кароҳият доштаанд, фурӯхтани таом аст ва кафан ва қассобиву саррофӣ, ки аз дақоиқи рибо худро душвор нигоҳ тавон дошт; ва ҳаҷҷомӣ, ки дар ӯҷароҳат кардан аст одамиро бар гумони он ки суд дорад – ва бошад ки надорад; ва даббоғиву канносӣ, ки ҷома пок доштан аз он душвор бувад; ва низ далели хасисҳимматӣ аст; ва сутурбонӣҳамчунин; ва даллолӣ, ки аз бисёр гуфтан ва зиёдат гуфтан ҳазар натавон кардан.
Ва дар хабар аст, ки беҳтарин корҳо ва тиҷоратҳо баззозӣ аст ва беҳтарин пешаҳо харрозӣ: он ки машку митҳара ва амсоли ин дӯзад. Ва дар хабар аст, ки: «Агар дар биҳишт бозаргонӣ будӣ, баззозӣ будӣ ва агар дар дӯзах будӣ, саррофӣ будӣ». Ва чаҳор пешаро ракик доштаанд:
ҷавлоҳиву пунбафурӯшӣ ва дукгариву муаллимӣ; ва сабаб он аст, ки муомилати ин қавм бо кӯдакону занон аст; ва ҳар киро мухолатат бо заифақлон бувад, заифақл шавад.
Эҳтиётисеюм – он ки бозори дунё вайро аз бозори охират боз надорад ва бозори охират масҷидҳост, ки Худои таъоло мегӯяд: «Ло тулҳикум амволукум ва ло авлодукум ъан зикриллоҳи». Мегӯяд: «Бедор бошед, то машғалаи тиҷорат шуморо аз зикри Ҳақ таъоло боз надорад»: он гоҳ зиён кунед.
Умар разийаллоҳу анҳу гуфт: «Бозаргон аввал рӯзи охиратро бигузорад ва пас аз он дунёро». Ва одати салаф он будааст, ки бомдод ва шабоногоҳ охиратро доштаанд: ё дар масҷид будандӣ ба зикр ва аврод машғул, ё дар маҷлиси илм; ва ҳариса1 ва сарбирёнбо (каллапоча) ҳама кӯдакон ё аҳли зиммат2 фурӯхтандӣ, ки дар он вақт мардон дар масҷидҳо будандӣ. Ва дар хабар аст, ки: «Малоика чун саҳифаи банда ба осмон баранд ва дар аввали рӯзу охири рӯз хайре карда бошад, он чи дар миёна бошад ба вай бахшанд». Ва дар хабар аст, ки: «Малоикаи шаб ва малоикаи рӯз, бомдоду шабонгоҳ ба ҳам расанд; Ҳақ таъоло гӯяд:
«Чун гузоштед бандагони маро?» Малоика гӯянд: «Чун бигузоштем, намоз мекарданд ва чун даррасидем, намоз мекарданд». Ҳақ таъоло гӯяд:
«Гувоҳ кардам шуморо, ки эшонро биёмурзидам». Ва бояд ки чун дар миёни рӯз бонги намоз шунид, ҳеч наистад ва дар ҳар коре, ки бувад, бимонад ва ба масҷид равад ва дар тафсири ин оят, ки: «Ло тулҳиҳим тиҷоратун ва ло байъун ъан зикриллоҳи»3 омадааст, ки «Қавме буданд, ки оҳангари эшон путк дар ҳаво карда будӣ, чун бонги намоз баромадӣ, фурӯ наёвардӣ ва харроз дирафш фурӯ бурда будӣ, чун бонги намоз шунидӣ, боз барнакашидӣ».
Эҳтиёти чаҳорум – он ки дар бозор аз зикру тасбеҳ ва ёдкарди Худои таъоло ғофил набошад, чандон ки тавонад, забону дил бекор надорад; ва бидонад, ки ин суд, ки ба дин фавт шуд, ҳама ҷаҳон дар муқобалаи он наёяд; ва зикр дар миёни ғофилон савоби он беш бувад. Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Зикри Худои таъоло дар миёни ғофилон, чун дарахти сабз бошад дар миёни дарахтони хушк ва чун зинда бошад дар миёни мурдагон ва чун мубориз бувад дар миёни гурехтагон». Ва гуфт расул алайҳиссалом: «Ҳар ки ба бозор расад ва бигӯяд: «Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳу-л-мулку ва лаҳу-л-ҳамду ва Ҳува ҳаййун ло йамуту би йадиҳи-л-хайру ва Ҳува ъала кулли шайъин қадирун», вайро
1 Навъе ғизо, ки бо гӯшт созанд, ҳалим.
2 Куффоре, ки бо шароите дар миёни мусалмонон зиндагӣ мекунан.
3 Ононро боз намедорад бозаргонӣ ва доду ситад аз ёди Худованд.
ду бор ҳазор ҳазор савоб нависанд». Ва Ҷунайд раҳматуллоҳи алайҳи рӯзе мегуфт, ки: «Бисёр кас аст дар бозор, ки агар сӯфиро гӯш гирад ва бар ҷои ӯ биистад, аҳли он бошад»; ва гуфт: «Кас донем, ки вирди вай ҳар рӯзе дар бозор сесад ракъат намоз аст ва сӣҳазор тасбеҳ». Ва чунин гуфтаанд, ки бад-ин худро мехост.
Ва дар ҷумла, ҳар ки дар бозор барои қут шавад, то фароғати дин ёбад, чунин бувад ва асли мақсуд фурӯ нагузорад. Ва ҳар ки барои зиёдати дунё шавад, ин аз вай наёяд, балки агар дар масҷид шавад ва намоз кунад, бас бишӯлидадилу пароканда бувад ва бо ҳисоби дукон бувад.
Эҳтиёти панҷум – он ки бар бозор ҳарис набошад, чунон ки нахустин кас вай бувад, ки дар шавад ва охирин кас вай бувад, ки берун ояд; ва сафарҳои дароз ва бохатар кардан ва дар дарё нишастан ва монанди вай, ин ҳама далели ғояти ҳирс бошад.
Ва Муоз ибни Ҷабал мегӯяд разийаллоҳу анҳу, ки иблисро писаре аст номи вай Заланбур, ноиби вай аст, ки дар бозорҳо бувад лаъанаҳуллоҳу вайро гӯяд, ки: «Дар бозор рав ва дурӯғу савганд ва макру хиёнат дар дили эшон биёрой ва бо касе, ки аввал вай равад ва охир вай берун ояд, ҳамроҳ бош». Пас воҷиб иқтизои он кунад, то аз маҷлиси илм ва вирди бомдод ва намози чошт напардозад, нашавад ва чун чандон суд кард, ки кифояти рӯз бувад, бозгардад ва ба масҷид шавад ва кифояти умри охират ба даст орад, ки он умр дарозтар аст ва ҳоҷат бад-он бештар аст ва аз зоди он муфлистар аст. Ҳаммод ибни Салама устоди Абӯҳанифа – раҳматуллоҳи алайҳимо миқнаа (сарандози занон) фурӯхтӣ, чун ду ҳабба суд кардӣ, сафат (сабад) фароз кардӣ ва бозгаштӣ. Ва дар хабар аст, ки: «Бадтарини ҷойҳо бозор аст; ва бадтарини эшон он, ки аввали рӯз ояд ва охир берун шавад». Иброҳим ибни Башшор фаро Иброҳим ибни Адҳам гуфт: «Имрӯз ба кори гил меравам». Гуфт: «Ё ибни Башшор, ту меҷӯӣ ва туро меҷӯянд, он ки туро меҷӯяд, аз вай дар нагузарӣ ва он чи ту меҷӯӣ, аз ту дар нагузарад. Магар ҳаргиз ҳариси маҳрум надидаӣ ва комили марзуқ?» Гуфт: «Дар мулки ман ҳеч чиз нест, магар донге бар баққоле дорам». Гуфт: «Дорӣ ва он гоҳ ба кор мешавӣ?»
Ва дар салаф гурӯҳе чунин будандӣ, ки дар ҳафта ду рӯз беш нашудандӣ ба бозор; гурӯҳе ҳар рӯз бишудандӣ ва намози пешин бархостандӣ; ва гурӯҳе намози дигар; ҳар касе чун нони рӯз ба даст овардандӣ, ба масҷид шудандӣ.
Эҳтиёти шашум – он ки аз шубҳат дур бошад; аммо ҳаром агар гирди он гардад, худ фосиқ ва осӣ бувад. Ва ҳар чи дар он дар шак бошад, аз дили хеш фатво пурсад, на аз муфтиён, агар вай аз аҳли дил аст – ва ин азиз бувад – ҳар чи дар дили хеш аз он кароҳате ёбад, нахарад. Ва бо золимону пайвастагони эшон муомилат накунад ва ҳеч золимро нася коло нафурӯшад, ки он гоҳ ба марги вай андӯҳгин шавад ва нашояд ба марги золим андӯҳгин шудан ва ба тавонгарии вай шод нашавад; ва ҳар чи ба эшон фурӯшад, ки донад эшон бад-он истионат хоҳанд кардан бар зулм, вайро дар он шарик бошад, масалан, агар коғаз ба муставфиёни (муншӣ, нависанда, ҳисобдор) золимон фурӯшад, бад-он муохаз (ҷавобгар) бувад.
Ва дар ҷумла, бояд ки бо ҳама кас муомилат накунад, балки аҳли муомилат талаб кунад.
Ва чунин гуфтаанд, ки рӯзгоре будӣ, ки ҳар ки дар бозор шудӣ, гуфтӣ:
«Муомилат бо кӣ кунам?». Гуфтандӣ: «Бо ҳар ки хоҳӣ, ки ҳама аҳли эҳтиётанд». Пас аз он рӯзгоре баромад, ки гуфтанд: «Бо ҳеч кас муомилат макун, магар бо фалону фалон». Ва бим аст, ки рӯзгоре ояд, ки бо ҳеч кас муомилат натавон кард. Ва ин пеш аз рӯзгори мо гуфтаанд. Ва ҳамоно дар рӯзгори мо чунин шудааст, ки фарқ баргирифтаанд дар муомилат ва далер шудаанд, бад-он ки аз донишмандони ноқисилму ноқисдин шунидаанд, ки: «Моли дунё ҳама ба як ранг шудааст ва ҳама ҳаром аст». Ва ин хатое бузург аст ва на чунин аст ва шарти ин дар китоби ҳалолу ҳаром, ки пас аз ин аст, ёд карда ояд, иншоаллоҳу таъоло ваҳдуҳу.
Эҳтиёти ҳафтум – он ки бо ҳар касе муомилат кунад, ҳисоби хеш бо вай рост медорад, дар гуфту кард ва доду ситад; ва бидонад, ки қиёмат бо ҳар яке бихоҳанд дошт ва инсофи ҳар яке аз вай талаб хоҳанд кард.
Яке аз бузургон бозаргонеро ба хоб дид, гуфт: «Худои таъоло бо ту чӣ кард?». Гуфт: «Панҷоҳҳазор саҳифа дар пеши ман ниҳод, гуфтам: бор Худоё, ин ҳама саҳифаи гуноҳ аст. Гуфт: бо панҷоҳҳазор кас муомилат кардаӣ, ҳар яке саҳифаи яке аст. Гуфт: дар ҳар яке саҳифаи хеш дидам, бо вай аз аввал то охир». Ва дар ҷумла, агар донге дар гардани вай бувад, ки ба талбис вайро зиён карда бошад, гирифтор шавад ва ҳеч чиз вайро суд надорад, то аз ӯҳдаи он берун наёрад.
Ин аст тариқи салафу роҳи шариат, ки гуфта омад – дар муомилат. Ва ин суннат бархостааст ва муомилату илми ин дар ин рӯзгорҳо фаромӯш кардаанд. Ҳар ки аз ин як суннат ба ҷой орад, савоби вай азим бувад, ки дар хабар аст, ки расул гуфт алайҳиссалом: «Рӯзгоре ояд, ҳар ки даҳяки ин эҳтиёт, ки шумо мекунед, бикунад, вайро кифоят бувад». Гуфтанд:
«Чаро?» Гуфт: «Барои он ки шумо ёр доред бар хайрот, бад-ин сабаб бар шумо осон бувад ва эшон ёр надоранд ва ғариб бошанд дар майдони ғофилон». Ва ин бад-он гуфта ояд, то касе ин бишунавад, навмед нашавад ва нагӯяд, ки ин ҳама кай ба ҷой метавон овардан, ки ҳамон қадар ки ба ҷой тавонад овард, бисёр бувад, балки ҳар ки имон дорад бад-он, ки охират аз дунё беҳтар, ин ҳама ба ҷой тавонад овард, ки аз ин эҳтиёт ҷуз дарвешӣ чизе таваллуд накунад; ва ҳар дарвешӣ, ки сабаби подшоҳии абад бувад, битавон кашид, ки мардумон бар бебаргиву ранҷи сафару мазаллати бисёр сабр мекунанд, то ба моле расанд ё ба вилояте, ки агар марг дарояд, ҳама зоеъ шавад, чандин кор набошад, агар касе барои подшоҳии абадро муомилате кунад, он чи дӯст надорад бо вай кунанд, вай низ бо мардумон накунад.
АСЛИ ЧАҲОРУМ
Шинохтани ҳалолу ҳаром ва шубҳат аст Расул гуфтааст алайҳиссалом: «Талаби ҳалол фариза аст бар ҳар марду зани мусалмон». Ва талаби ҳалол натавонӣ кард, то надонӣ, ки ҳалол чист. Ва гуфтааст алайҳиссалом: «Ҳалол равшан аст ва ҳаром равшан ва дар миёни ҳар ду шубҳатҳои мушкил ва пӯшида аст; ва ҳар ки гирди он гардад, бими он бувад, ки дар ҳаром афтад».

пешина
аз 176
навбатӣ