Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ва суннат аст даф задан ва никоҳ изҳор кардан1 ва бад-он шодӣ намудан, ки азизтарини халқ бар рӯи замин одамиёнанд ва фатҳи боби офариниши эшон никоҳ аст. Пас ин шодӣ дар маҳалли хеш бувад ва самоъ ва даф задан дар чунин вақт суннат аст.
Ривоят аст аз Рабиъа бинти Муаввад, ки гуфт: «Он шаб, ки маро арӯс карданд, рӯзи дигар расул алайҳиссалом даромад ва канизакон даф мезаданд ва суруд мегуфтанд, чун расулро бидиданд, санои расул алайҳиссалом гуфтан гирифтанд ба шеър, расул гуфт алайҳиссалом:
«Ҳамон гӯед, ки мегуфтед»; ва нагузошт, ки санои вай гӯянд бар даф, ки ҷидд ба бозӣ омехтан писандида набошад ва санои вай ҷидд бошад.
Адаби дуввум
Хӯи некӯ пеш гирифтан бо занон; ва маънии хӯи некӯ он бошад, ки эшонро наранҷонанд, балки он ки ранҷи эшон таҳаммул кунанд ва бар муҳол гуфтан ва носипосӣ кардани эшон сабр кунанд, ки дар хабар аст, ки: «Занонро аз заъфу аврат офаридаанд; доруи заъфи эшон хомӯш будан аст ва доруи аврати эшон хона бар эшон зиндон кардан аст». Расул мегӯяд алайҳиссалом: «Ҳар ки бар хӯи бади аҳли хеш сабр кунад, вайро чандон савоб диҳанд, ки Айюбро доданд бар балои вай; ва ҳар зан, ки бар хӯи бади шӯй сабр кунад, савоби вай чун савоби Осия зани Фиръавн бувад». Ва охирин хабар, ки ба вақти вафот аз расул шуниданд, ин буд, ки дар зери забон мегуфт: «Намоз ба пой доред ва бандагонро некӯ до-
1 Мақсуд ошкоро сохтани арӯсӣ аст.
ред ва Аллоҳ Аллоҳ дар ҳадиси занон, ки эшон асиронанд дар дасти шумо: бо эшон зиндагонӣ некӯ кунед».
Ва расул алайҳиссалом хашму сафрои1 занон эҳтимол кардӣ; рӯзе зани Умар разийаллоҳу анҳу ҷавоби вай боздод дар хашм, Умар гуфт разийаллоҳу анҳу: «Ё лакоъ (нокасу фурӯмоя ва забоннофаҳм), ҷавоб бозмедиҳӣ?» Гуфт: «Оре, расул аз ту беҳтар аст ва занон ӯро ҷавоб бозмедиҳанд». Умар гуфт: «Агар чунин аст, вой бар Ҳафса, ки хоксор шуд». Он гоҳҲафсаро бидид – духтари хеш, ки зани расул алайҳиссалом буд – ва гуфт: «Зинҳор, то ҷавоб бознадиҳӣ расулро алайҳиссалом; ва ба духтари Абӯбакр ғарра нашавӣ, ки расул алайҳиссалом ӯро дӯст дорад, аз вай эҳтимол кунад». Ва як рӯз зане ба хашм даст бар синаи расул зад, модари вай бо вай дуруштӣ кард, ки чаро чунин кардӣ? Расул алайҳиссалом гуфт: «Бигузор, ки эшон беш аз ин низ кунанд ва ман даргузорам». Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Хайрукум, хайрукум ли аҳлиҳи ва ано хайрукум ли аҳлӣ – «Беҳтарини шумо он аст, ки бо аҳли хеш беҳтар аст ва ман бо аҳли хеш аз ҳама беҳтарам».
Адабисеюм
Он аст, ки бо эшон мазоҳ кунад ва бозӣ кунад ва гирифта набошад ва ба дараҷаи ақли эшон бошад. Ва ҳеч кас бо аҳл чандон тибат (шӯхиву ширинзабонӣ) накардӣ, ки расул алайҳиссалом, то он ҷо, ки бо Оиша ба ҳам бидавид, то кӣ дар пеш шавад; расул алайҳиссалом дар пеш шуд; як бори дигар боз давид, Оиша дар пеш шуд; расул алайҳиссалом гуфт:
«яке ба яке, ин бад-он бишавад», яъне: акнун баробарем. Ва як рӯз овози зангиён шунид, ки бозӣ мекарданд ва пой мекӯфтанд, Оишаро гуфт:
«Хоҳӣ, ки бибинӣ?» Гуфт: «Хоҳам». Бархост ва наздиктар даромад ва даст пеш дошт, то Оиша занахдон бар соиди расул алайҳиссалом ниҳод ва назора кард соате дар он, гуфт: «Ё Оиша, бас набошад?» Гуфт:
«Хомӯш». То се бор бигуфт, он гоҳ басанда кард. Ва Умар разийаллоҳу анҳу бо ҷидду дуруштии вай дар корҳо, мегӯяд, ки: «Мард бояд ки бо аҳли хеш чун кӯдаке бошад ва чун аз вай кадхудоӣ хоҳанд, чун мардон бувад». Ва гуфтанд: «Мард бояд ки хандон бошад, ки дарояд ва хомӯш бувад, ки берун шавад, ҳар чи ёбад, бихӯрад ва аз ҳар чи наёбад, напурсад».
Адабичаҳорум
Он ки мазоҳу бозӣ бад-он ҳад нарасонад, ки ҳайбати вай ба ҷумлагӣ
1 Авқотталхӣ:; дар замони пеш тасаввур мекардан, ки иллати он аз тағйири ҳолати сафро мебошад.
бияфтад ва бо эшон дар ҳавои ботил мусоидат накунад, балки чун коре бинад, ки ба хилофи мурувват ё хилофи шариат бувад, сиёсат кунад, чи агар бигузорад, мусаххари эшон гардад, ки Худои таъоло фармудааст:
«Ар-риҷолу қаввомуна ъала-н-нисои» – «Бояд ки мард бар зан муставлӣ бошад». Расул гуфт алайҳиссалом: «Таъиса ъабду-з-завҷати» – «Нагунсор аст касе, ки бандаи зан бошад». Чи зан бояд ки бандаи мард бувад. Ва гуфтаанд, ки: «Бо занон мушовират бояд кард ва боз хилоф бояд кард дар он чи гӯянд». Ва ҳақиқати нафси зан ҳамчун нафси туст, агар андаке фаро бигузорӣ, аз даст бишавад; ва аз ҳад даргузарад; ва тадорук душвор бувад.
Ва дар ҷумла дар занон заъфе аст, ки илоҷи он эҳтимол бувад ва кажӣ (каҷӣ) аст, ки илоҷи он сиёсати мард бошад. Мард бояд ки чун табиб устод бувад, ки ҳар илоҷе ба вақти хеш нигоҳ медорад. Ва дар ҷумла сабру эҳтимол ғолиб бояд ки бувад, ки дар хабар аст, ки: «Масали зан ҳамчун устухони паҳлӯ аст: агар хоҳӣ, ки рост кунӣ, бишиканад».
Адаби панҷум
Он аст, ки дар ҳадиси ғайрат эътидол нигоҳ дорад ва аз ҳар чи мумкин бувад, ки аз он офат хезад, боздорад: то тавонад берун нагузорад ва ба бому дар нагузорад, ки ҳеч номаҳрам вайро бинад ва нагузорад, ки ба равзан ва тоқча ба назораи мардон шавад, ки офат аз чашм хезад; ва он аз даруни хона нахезад, балки аз равзану тоқча ва дару бом хезад. Ва нашояд ки ин маънӣ осон гузорад. Ва набояд ки бе сабабе гумони бад барад ва тааннут (бадзабонӣ ва сахтгирӣ) кунад ва ғайрат аз ҳад набарад ва дар таҷассуси ботини корҳо муболиғат накунад.
Вақте расул алайҳиссалом наздики шаҳр буд, ки аз сафаре расида буд, наҳй карду гуфт: «Ҳеч кас имшаб ба хона наравад – ногоҳ ва сабр кунед то фардо». Ду тан хилоф карданд: ҳар яке дар хонаи хеш коре мункар диданд. Ва Алӣ разийаллоҳу анҳу мегӯяд, ки: «Ғайрат бар занон аз ҳад мабаред, ки он гоҳ мардумон бидонанд ва бад-он сабаб забон бо эшон дароз кунанд». Ва асли ғайрат он аст, ки роҳи чашми эшон аз номаҳрам баста дорад.
Расул алайҳиссалом Фотимаро гуфт, ки: «Занонро чӣ беҳтар?», гуфт: «Он ки ҳеч мард эшонро набинад», расулро алайҳиссалом хуш омад, вайро дар канор гирифту гуфт: «Зуррийату баъзиҳо мин баъзин»1. Ва Муоз ибни Ҷабал зани хешро бизад, ки ба равзане фурӯ нигарист ва занро, ки себе бишикаст, порае худ бихӯрд ва порае ба ғулом дод, вайро бизад. Умар
1 Баъзе зодаи баъзеи дигаранд.
разийаллоҳу анҳу гуфт: «Занонро ҷомаи некӯ макунед, ки то дар хона бинишинанд, ки чун ҷомаи некӯ доранд, орзуи берун шуданашон падид ояд». Ва дар рӯзгори расул алайҳиссалом занонро дастурӣ буд, то пӯшида ба ҷамоат шудандӣ ба масҷид дар саффи бозпасин. Дар рӯзгори саҳоба манъ карданд, Оиша гуфт разийаллоҳу ъанҳо: «Агар расул алайҳиссалом бидидӣ, ки акнун занон бар чӣ сифатанд, ба масҷид нагузоштӣ. Ва имрӯз манъ аз масҷиду маҷлис ва назора фаризатар аст, магар пирзан, ки ҷомаи халақ (кӯҳнаву мундарис) дарпӯшад, ки аз он халале набошад».
Ва офати бештари занон аз маҷлиси назора хезад. Ва ба ҳар ҷое, ки бими фитна бувад, раво набошад занро, ки чашм нигоҳ надорад, ки нобиное дар хонаи расул алайҳиссалом омад ва Оиша ва зане дигар нишаста буданд, барнахостанду гуфтанд, ки нобиност. Расул гуфт алайҳиссалом: «Агар вай нобиност, шумо низ нобиноед?»
Адаби шашум
Он, ки нафақа некӯ кунад: танг нагирад ва исроф накунад ва бидонад, ки савоби нафақа кардан бар иёл беш аз савоби садақа аст. Расул мегӯяд:
«Диноре, ки марде дар ғазо нафақа кунад ва диноре, ки бад-он бандае озод кунад ва диноре, ки бар иёл нафақа кунад, фозилтарин ва нерумандтарин ин динор аст, ки бар иёл нафақа кунад».
Ва бояд ки ҳеҷ таоми хуш танҳо нахӯрад ва агар бихоҳад хӯрад, пинҳон дорад ва таоме, ки нахоҳад сохт, сифати он дар пеши эшон нагӯяд. Ва Ибни Сирин мегӯяд, ки: «Дар ҳафтае як бор бояд ки ҳалво ё шириние созад, ки аз ҳаловат даст боздоштан ба якборагӣ аз мурувват набошад».
Ва нон бо аҳл ба ҳам хӯрад ва ба ҷамъ – чун меҳмоне дигар надорад, ки дар асар чунин аст, ки: «Худой ва фариштагон салавот медиҳанд бар аҳли байте, ки таом ҷумла ба ҳам хӯранд». Ва асл он аст, ки он чи нафақа кунанд аз ҳалол ба даст орад, ки ҳеч хиёнату ҷафо беш аз ин набувад, ки эшонро ба ҳаром парварад.
Адаби ҳафтум
Он ки ҳар чи занонро аз илми дин дар кори намозу таҳорат ва ҳайзу ғайри он ба кор ояд, эшонро биёмӯзад. Ва чун мард биёмӯхт, занро раво набошад, ки бе дастурӣ бишавад ва бипурсад. Ва агар наёмӯхт, бар зан воҷиб шавад, ки берун шавад ва бипурсад. Ва агар мард дар ин тақсир кунад, мард осӣ шавад, ки Худои таъоло мегӯяд: «Қу анфусакум ва аҳликум норан...» Ал-ояту – «Худро ва аҳли худро аз оташи дӯзах нигоҳ доред». Ва ин миқдор бояд ки биёмӯзад, ки чун пеш аз офтоб фурӯ шудан ҳайз мунтақтеъ шавад, намози пешин ва дигар қазо бояд кард ва чун пеш аз субҳ баромадан ҳайз мунтақтеъ шуд, намози шом ва хуфтан қазо бояд кард; ва бештари занон ин надонанд.
Адаби ҳаштум
Он, ки агар ду зан дорад, миёни эшон баробар дорад, ки дар хабар аст, ки: «Ҳар ки ба як зан майли зиёдат кунад, рӯзи қиёмат меояд ва як нимаи вай кӯж шуда». Ва баробарӣ дар ато додан ва шаб бо эшон будан нигоҳ дорад, аммо дар дӯстӣ бо эшон ва мубошират кардан воҷиб нест, ки ин дар ихтиёр наёяд.
Расул алайҳиссалом ҳар шабе назди як зане мебуд, аммо Оишаро дӯсттар доштӣ ва мегуфт: «Бор Худоё, он чи ба дасти ман аст, ҷаҳд мекунам, аммо дил ба дасти ман нест». Ва агар касе аз як зан сер шуда бошад ва нахоҳад, ки бар вай шавад, бояд ки талоқ диҳад ва дар банд надорад.
Расул алайҳиссалом Сударо талоқ хост дод, ки бузург шуда буд, гуфт:
«Ман навбати хеш ба Оиша додам, маро талоқ мадеҳ, то дар қиёмат аз ҷумлаи занони ту бошам». Вайро талоқ надод ва ду шаб ба наздики Оиша буд ва як шаб ба назди ҳар зане.
Адаби нӯҳум
Он ки чун зане бефармонӣ кунад ва тоати шӯй надорад, варо ба талаттуфу рифқ ба тоат орад, агар тоат надорад, хашм гирад ва дар ҷомаи хоб пушт сӯи вай кунад; агар тоат надорад, се шаб ҷомаи хоб ҷудо кунад. Пас агар суд надорад, вайро бизанад, чунон ки бар рӯй назанад ва сахт назанад, ки ҷое бишиканад; ва агар дар намоз ё кори дин тақсир кунад, раво бувад, ки аз вай хашм гирад моҳе ва чандон ки бошад, ки расул алайҳиссалом як моҳ аз ҷумлаи занон хашм гирифт.
Адаби даҳум
Дар сӯҳбат кардан аст. Бояд ки рӯй аз қибла бигардонад ва дар ибтидо ба ҳадису бозӣ ва қублаву (бӯса) муониқат дили вай хуш кунад. Расул гуфтааст алайҳиссалом: «Мард набояд ки бар зан афтад чун сутур, бояд ки дар пеши сӯҳбат расуле бошад». Гуфтанд: «Ё расулуллоҳ, он расул чист?». Гуфт: «Бӯса додан». Пас чун ибтидо хоҳад кард, бигӯяд:
«Бисмиллоҳи-л-ъалиййи-л-ъазим. Аллоҳу акбару, Аллоҳу акбару» ва агар «Қул Ҳуваллоҳу аҳад», бархонад нахуст, некӯтар ояд ва бигӯяд:
«Аллоҳумма ҷаннибно-ш-шайтона ва ҷанниби-ш-шайтона миммо рузиқно»1, ки дар хабар аст, ки ҳар ки ин бигӯяд, кӯдаке, ки бошад, аз шайтон эмин бошад. Ва дар вақти инзол бояд ки ба дил бияндешад, ки:
Ал-ҳамду лиллоҳи-л-лазӣ халақа мина-л-мои башаран фа ҷаъалаҳу насабан ва сиҳран2
.

пешина
аз 176
навбатӣ