Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

(Ҳикояти саҳоба ва салаф)
Бидон, ки чун Сиддиқ бо бузургии вай мурғеро дидӣ, гуфтӣ: «Кошкӣ ман ту будаме» ва Бӯзар гуфт: «Кошкӣ ман дарахте будаме». Ва Оиша гуфтӣ: «Кош маро ному нишон набудӣ». Ва Умар гоҳ будӣ, ки ояти Қуръон бишунидӣ, бияфтодӣ ва аз ҳуш бишудӣ ва чанд рӯз мардумон ба аёдати вай рафтандӣ ва бар рӯи ӯ ду хати сиёҳ будӣ аз гиристан ва гуфтӣ:
«Кошки ҳаргиз Умарро модар назодӣ» ва як роҳ ба дари сарое бигузашт, яке Қуръон ҳамехонд дар намоз ин ҷо расида буд: «Инна ъазоба раббикал-воқеъун»1, аз сутур хештан дарафканд аз бетоқатӣ ва вайро ба хона бурданд, як моҳ бемор буд, ки касе сабаби бемории вай надонист. Ва Алӣ ибни Ҳусайни Зайнулобидин чун таҳорат кардӣ, рӯи вай зард шудӣ, гуфтандӣ: ин чист? Гуфт: «Намедонед, ки пеши кӣ хоҳам рафт». Ва Мусаввар ибни Мухриба тоқати Қуръон шунидан надоштӣ, як рӯз марде ғариб надонист, ин оятро бархонд: «Йавма наҳшуру-л-муттақина ила-рраҳмони вафдан ва насуқу-л-муҷримина ило ҷаҳаннама вирдан»2. Гуфт:
«Ман аз муҷримонам на аз муттақиён, як роҳи дигар бархон, бархонд, бонге бикард ва ҷон бидод». Ҳотами Асам гӯяд: «Ба ҷойгоҳи нек ғарра машав, ки ҳеч ҷой беҳтар аз биҳишт нест, донӣ, ки Одам чи дид?» Ва ба бисёрии ибодат ғарра машав, ки донӣ ки иблис чи дид, ки чандин ҳазор сол ибодат карда буд? Ва ба илм бисёр ғарра машав, ки Балъами Боъур дар илм ба ҷое буд, ки номи меҳини Худо донист ва дар ҳаққи вай чунин омад: «Камасали-л-калби ин таҳмил ъалайҳи йалҳас ав татрукҳу йалҳас».
Ва ба ёри некмардон ғарра машав, ки хешованди расул салавотуллоҳу алайҳи вайро бисёр бидиданд ва сӯҳбат карданд ва мусулмон нашуданд.
Сарии Сақатӣ гӯяд: «Ҳар рӯз чанд бор дар бинии хеш нигоҳ кунам, гӯям:
магар рӯям сиёҳ шудааст». Ва Атои Асламӣ аз хоифон буд, чиҳил сол нахандид ва бар осмон нанигарид, як роҳ бар осмон нигарид аз бим бияфтод ва ҳар шаб чанд бор даст ба хештан фуруд овардӣ, то масх шудааст ё на ва чун қаҳтӣ ва балое ба халқ расидӣ, гуфтӣҳама аз шумӣ нест, агар ман бимурдаме, халқ бирастандӣ. Аҳмади Ҳанбал гӯяд: «Дуо кардам, то як боб аз хавф бар ман кушода кунад». Иҷобат афтод, битарсидам ва аз ақл ҷудо хостам шуд ва гуфтам: бор Худоё, ба қадри тоқат, пас сокин шудам ва якеро диданд, аз ибод, ки мегирист, гуфтанд:
чаро мегирйӣ? Гуфт: «Аз бими он соат, ки мунодӣ кунанд, ки халқро арз хоҳанд дод дар қиёмат». Яке аз Ҳасани Басрӣ пурсид, ки: чӣ гунаӣ? Гуфт:
«Чӣ гуна бувад ҳоли касе, ки бо қавме дар киштӣ бошад ва киштӣ бишиканад ва ҳар касе бар тахтае бимонад?» Гуфт: «Саъб». Гуфт: «Ҳоли ман чунон аст»; ва ҳам ӯ гуфта, ки дар хабар аст, ки: «Якеро аз дӯзах берун оварданд, пас аз ҳазор сол ва кошкӣ ман он кас будаме» ва ин аз он гуфт, ки аз бими суихотимат аз дӯзахи ҷовид метарсид. Ва канизаке буд Умари Абдулазизро, як рӯз аз хоб бархост, гуфт: «Ё амирулмӯъминин, хобе аҷаб дидам». Гуфт: «Ҳин, бигӯй». Гуфт: «Дидам, ки дӯзах битофтандӣ ва сирот бар сари вай бурдандӣ ва хулафоро биёварданд, аввал Абдулмалики
1 Ҳароина азоби парвардигори ту шуданӣ аст.
2 Рӯзе, ки барангезем, парҳезкоронро ба меҳмонии парвардигор ва равона созем гунаҳкоронро ташна ба ҷаҳаннам.
Марвонро дидам, ки биёварданд ва гуфтанд: бирав, пас нарафт, ки дар дӯзах афтод; гуфт: ҳин». Гуфт: «Пас писари вайро Валид ибни Абдулмалик биёварданд ва ҳам чунин бирафт ва дар ҳол бияфтод, гуфт:
ҳин». Гуфт: «Сулаймон ибни Абдулмаликро биёварданд ва ҳам чунин бияфтод, гуфт: ҳин». Гуфт: «Пас туро, ё амирулмӯъминин, биёварданд».
Ва ин бигуфт ва Умар як наъра бизад аз ҳуш бишуд ва бияфтод, канизак фарёд ҳамекард, ки ба Худой туро дидам, ки ба саломат бигузаштӣ, канизак бонг ҳамекард ва вай афтод ва пой ҳамезад. Ҳасани Басрӣ солҳои бисёр нахандидӣ ва чун асире буд, ки оварда бошанд, то гардан бизананд, вайро гуфтандӣ: «Чаро чунин сӯхтаӣ бо ин ҳама ибодат ва ҷаҳд?» Гуфтӣ:
«Эмин наям, ки Ҳақ таъоло аз ман коре дида бошад, ки маро душман гирифта бошад, гӯяд ҳар чӣ хоҳӣ бикун, ки бар ту раҳмат нахоҳам кард, ман ҷон бефоида меканам».
Ин ва амсоли ин ҳикоят бисёр аст, акнун нигоҳ кун, ки эшон метарсиданд ва ту эминӣ, ё аз он аст, ки эшонро маъсият бисёр бувад ва туро нест, ё аз он ки эшонро маърифати бисёр бувад ва туро нест ва ту ба ҳукми аблаҳӣ ва ғофилӣ, эминӣ ба маъсияти бисёр ва эшон ба ҳукми басират ва маърифат ҳаросон буданд бо тоати бисёр.
– ФАСЛ –
(Аз хавф ва риҷо кадом фозилтар?)
Ҳамон, ки касе гӯяд, ки ахбор дар фазли хавф ва риҷо бисёр аст, кадом фозилтар аз ин ҳар ду ва кадом бояд ки ғолиб бувад? Бидон, ки хавф ва риҷо ҳамчун ду доруст ва доруро фозил нагӯянд, валекин нофеъ гӯянд, ки хавф ва риҷо, чунон ки гуфтем аз сифоти нафс аст ва камоли одамӣ бадон аст, ки дар муҳаббати Ҳақ таъоло мустағриқ бувад ва зикри вай ҳамагии вайро фурӯ гирифта бошад ва аз хотимат ва собиқати худ ҳеч наяндешад, балки вақт нигарад ва вақт ҳам нанигарад ба Худованд вақт нигарад; чун ба хавф ва риҷо илтифот кунад ин ҳиҷобе бошад, валекин чунин ҳолат нодир бувад. Пас, ҳар кӣ ба вақти марг наздик бувад, бояд ки риҷо бар вай ғолиб бувад, ки ин муҳабатро зиёдат гардонад ва ҳар кӣ аз ин ҷаҳон бишавад, бояд ки муҳибби Худои таъоло бувад, то лиқои вай саодати вай гардад, ки лаззат дар лиқои маҳбуб бошад; аммо дар дигар вақтҳо, агар мард аз аҳли ғафлат аст, бояд ки хавф бар вай ғолиб бувад, ки ғалабаи риҷо заҳри қотили вай бошад ва агар аз аҳли тақво аст ва аҳволи вай муҳаззиб аст, бояд ки хавф ва риҷои мӯътадил вайро бошад, ки сафои ҳол дар муноҷот бувад ва риҷо сабаби муҳаббат бувад, аммо дар вақти маъсият бояд ки хавф ғолиб бувад, балки дар вақти корҳои мубоҳ низ бояд ки хавф ғолиб бувад — чун мард аз аҳли ибодат бувад — агар на дар маъсият афтад. Пас, ин дору нест ва нест, ки манфиати вай ба аҳвол ва ашхос бигардад ва ҷавоби ин мутлақ набошад.
АСЛИ ЧАҲОРУМ
(Дар фақр ва зӯҳд аст)
Бидон, ки мадори роҳи дин бар чаҳор асл аст, ки дар унвони мусулмонӣ гуфтаем: нафси ту ва Ҳақ таъоло ва дунё ва охират; ва аз чаҳор ду ҷастан аст ва ду ҷустан: аз нафси худ барои ҷустани Ҳақ таъоло ва ҷастан аз дунё барои ҷустани охират. Пас, тарозуе аз нафси худ ба Ҳақ таъоло мебояд овард ва рӯй аз дунё ба охират мебояд овард ва сабр ва хавф ва тавба ҳама мақомоти ин аст ва дӯстии дунё аз муҳликот аст, чунон ки илоҷи он гуфтаем ва душмании вай ва буридан аз вай аз мунҷиёт аст ва акнун шарҳи ин хоҳем гуфт ва иборат аз ин фақру зӯҳд, пас бояд ки аввал фазилати вай ва ҳақиқати вай бишиносӣ:
(Ҳақиқати фақр ва зӯҳд аст)
Бидон, ки фақир он бувад, ки чизе вайро бад-он ҳоҷат бувад, надорад ва ба дасти вай набувад ва одамиро аввал ба вуҷуди худ ҳоҷат аст, он гоҳ ба бақои худ ҳоҷат аст, он гоҳ ба ғизо ва ба мол ва ба чизҳои бисёр ва аз ин ҳама ҳеч чиз ба дасти вай нест, вай дар ин ҳама ниёзманд аст ва ғании он бувад, ки аз ғайри худ бениёз бувад ва ин ҷуз яке нест, ҷалла ҷалолаҳу ва дигар ҳар кӣ дар вуҷуд ояд, аз ҷину инс ва малоикаву шаётин, ҳама ҳастии эшон ва бақои эшон бо эшон нест, пас ба ҳақиқат ҳама фақиранд ва барои ин гуфт: «Валлоҳу-л-ғаниййу ва антуму-л-фуқароъу — бениёз Худои таъоло аст ва шумо ҳама дарвешед». Ва Исо алайҳиссалом фақрро бад-ин тафсир кард ва гуфт: «Асбаҳту муртаҳинан биъамали ва-л-амру бийади ғайри, фало фақира афқару минни», гуфт: «Ман гарави кирдори хешам ва калиди кирдори ман ба дасти дигаре аст, кадом дарвеш аст дарвештар аз ман?» Балки Худои таъоло баёни ин ҳамекарду гуфт: «Зу-р-раҳмати ин йашоъ йузҳибкум ва йастахлифа мин баъдикум мо йашоъу», гуфт: «Ғанӣ он аст, ки агар хоҳад ҳама ҳалок кунад ва қавме дигарро биёфаринад», пас ҳама халқ фақиранд, валекин номи фақр бар забони аҳли тасаввуф бар касе афтад, ки худро бар ин сифат бинад ва ин ҳолат бар вай ғолиб бошад, ки бидонад, ки ҳеч чиз ба дасти вай нест дар ин ҷаҳон ва дар он ҷаҳон, на дар асли офариниш ва на дар давоми офариниш, аммо ин ки гурӯҳе аз аҳмақон мегӯянд: фақир он вақт фақир бошад, ки ҳеч тоат накунад, ки чун тоат кунад, савоби он худро бинад, он гоҳ вайро чизе бошад ва фақир набошад, ин тухми зандақа ва ибоҳат аст, ки шайтон дар дили эшон афкандааст ва шайтон аблаҳонро, ки даъвои зиракӣ кунанд, аз роҳ бад-ин бияфканад, ки бадро бар лафзи некӯ бинад, то аблаҳ бад-он ғарра шавад ва пиндорад, ки ин худ зиракӣ аст ва ин чунон бувад, ки касе гӯяд, ки ҳар кӣ Худойро дорад, дар ҳама чизро дорад, бояд ки аз Худой безор шавад, то фақир бошад, балки фақир он бувад, ки тоат мекунад, чунон ки Исо алайҳиссалом мегӯяд, ки: «Тоат низ аз ман нест ва ба дасти ман нест ва ман гарави онам». Ва дар ҷумла баёни маънии фақр, ки сӯфиён хоҳанд, дар ин мавзӯъ мақсуд нест ва на низ баёни фақри одамӣ дар ҳама чизҳо, балки фақр аз мол шарҳ хоҳем ва аз ҳазорон ҳоҷат, ки одамирост, ки аз ҳама фақир аст, мол яке аз он аст. Пас, бидон, ки нобудани мол ё аз он бувад, ки мард даст аз вай бидорад ба ихтиёр ё аз он бувад, ки ба даст наёяд: агар даст аз он бидорад, инро зӯҳд гӯянд ва агар худ ба даст наёяд, инро фақр гӯянд; ва фақирро се ҳолат аст: яке он ки мол надорад, валекин чандон ки тавонад талаб мекунад ва инро фақири ҳарис гӯянд; дуввум — он ки талаб накунад ва агар ба вай диҳанд, наситонад ва онро кореҳ бошад ва инро зоҳид гӯянд ва саввум он ки на талаб кунад ва на рад кунад, агар бидиҳанд, биситонад ва агар на хурсанд бувад, инро фақири қонеъ гӯянд. Ва мо аввал фазилати фақр бигӯем, он гоҳ фазилати зӯҳд, чи нобудани молро, агарчи мард бар он ҳарис бувад, ҳам фазилате бошад.
(Фазилати дарвешӣ)
Бидон, ки Худои таъоло мегӯяд: «Ли-л-фуқароъи-л-муҳоҷирина — дарвешеро фаро пеш дошт аз ҳиҷрат». Ва расул алайҳиссалом гуфт:
«Худои таъоло дӯст дорад дарвеши муъил ва порсоро». Ва гуфт: «Ё Билол, ҷаҳд кун, то чун бихоҳӣ рафт аз ин ҷаҳон, дарвеш бошӣ на тавонгар». Ва гуфт: «Дарвешони уммати ман пеш аз тавонгарон ба понсад сол дар биҳишт шуданд». Ва дар як ривоят ба чиҳил сол. Ва магар бад-ин дарвеши ҳарис хоста бошад ва бад-он дигар дарвеш хурсанд ва розӣ. Ва гуфт:
«Беҳтарин уммати ман дарвешонанд ва зудтар касе, ки дар биҳишт бигардад, заифонанд». Ва гуфт: «Маро ду пеша аст, ҳар кӣ аз он ҳар ду даст надоштааст, маро дӯст доштааст: дарвешӣ ва ғазо». Ва ривоят аст, ки Ҷабраил алайҳиссалом гуфт: «Ё Муҳаммад, Худои таъоло туро салом мекунад ва мегӯяд хоҳӣ, ки кӯҳҳои рӯи замин зар гардонам, то ҳар куҷое ту меравӣ, бо ту меоянд?» Гуфт: «Ё Ҷабраил, на, ки дунё сарои бесароён аст ва моли бемолон аст ва ҷамъи мол дар вай кори беақлон аст»; Гуфт: «Ё Муҳаммаду саббатакаллоҳу би-л-қавли-с-собити»1. Ва Исо алайҳиссалом ба хуфтае бигузашт. Гуфт: «Бархез ва Худои таъолоро ёд кун». Гуфт: «Аз ман чи хоҳӣ, ман дунё бо аҳли дунё бигузоштаам, пас гуфт: бихусб ва хуш бихусб». Ва Мӯсо алайҳиссалом бар хуфтае бигузашт, бар хок хуфта ва хиште бар зери сар ниҳода ва ҷуз гилеме надошт, гуфт: «Бор Худоё, ин бандаи ту зоеъ аст, ҳеч чиз надорад, ваҳй омад, ки: ё Мусо, надонӣ, ки ҳар кӣ ба ҳама рӯй бар ман иқбол кунад, дунё аз вай боздорам». Абӯрофеъ мегӯяд, ки расулро салавотуллоҳу алайҳи меҳмоне бирасид ва ҳеч надошт, гуфт: «Наздики фулон ҷуҳуд рав ва бигӯй, то моро порае орд вом диҳад, то ба аввали раҷаб», бирафтам ва бигуфтам, ҷуҳуд гуфт: «Ло валлоҳҷуз ба гарав надиҳам, бо расул салавотуллоҳу алайҳи бигуфт, гуфт: ба Худой, ки аминам дар осмон ва дар замин, агар бидодӣ, боздодаме, акнун бирав ва ин зиреҳи ман гарав кун», бирафтам ва гарав кардам, барои дилхушии вай ин оят фуруд омад. «Ва ло тамудданна ъайнайка ило мо маттаъно биҳи азвоҷаҳум заҳрата-л-ҳаёти-д-дунё... ал-ойа» гуфт: «Ба гӯшаи чашм набояд, ки ба дунё ва аҳли дунё нигарӣ, ки он ҳама фитнаи эшон аст ва он чи туро ниҳодааст назди Худои таъоло, беҳтар ва боқитар аст». Ва Каъбулахбор гӯяд: ваҳй омад ба Мӯсо алайҳиссалом, ки: чун дарвеше рӯй ба ту ниҳад, гӯй: «Марҳабан бишиъори-с-солеҳина»2. Ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Биҳишт ба ман намуданд, бештари аҳли биҳишт дарвешон буданд ва дӯзах ба ман намуданд, бештари аҳли дӯзах тавонгарон буданд». Ва гуфт: «Дар биҳишт занонро камтар дидам ва гуфтам: куҷоянд?» Гуфтанд:
«Шуғлубунна-л-аҳмарони: аз—заҳабу ва-з-заъфарону — эшонро машғул бикардааст зарина ва дар банд кардааст ҷомаи рангин». Ва ривоят аст, ки паёбаре ба канори дарё бигузашт, сайёдеро дид, ки доме бияндохт ба номи шайтон. Моҳии бисёр дарафтод ва яке дигар доме дарандохт ва гуфт:
«Ба номи раҳмон, моҳии андак дарафтод». Гуфт: «Бор Худоё, ин ҳама ба туст, валекин ин чист?» Худои таъоло фариштагонро гуфт: «Ҳоли ин ҳар ду дар биҳишту дӯзах бар вай арза кунед». Чун бидид, гуфт: «Розӣ шудам». Ва расули мо салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Бозпасин кас аз пайғомбарон, ки дар биҳишт шавад, Сулаймон бувад ва бозпасин саҳобаи ман, ки дар биҳишт шавад, Абдурраҳмони ибни Афв бувад ба сабаби тавонгарии
1 Эй Муҳаммад, Худо туро бар гуфтор маҳкамии устувор доштааст.

пешина
аз 176
навбатӣ