Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

2 Ба Иброҳим рушд ва расидагӣ бахшидем.
3 Ғалаба тасаллут.
4 Ва ёрие кард туро ба рӯҳулқудс (Ҷабраил).
5 Қасди ӯ кард он зан (Зулайхо) ва қасди ӯ мекард (Юсуф) агар роҳро равшан парвардигорашро намедид.
6 Агар неъматҳои парвардигорро бишуморед, шумораи он надонед.
сад ҳазор аст, ки надонад, магар ки як соат дар чоҳе шавад, ки ҳавои он ғализ бувад ва дам фурӯ гирад ё дар гармобаи гарм вайро ҳабс кунанд, ки ҳавои он гарм бувад, чун даст бозгиранд, бошад ки он соат қадри ин неъмат бишиносад, балки худ шукри чашми бино накунад, то дарди чашм биёбад ё нобино шавад ва ҳамчун бандае бувад, ки то вайро назананд, қадри неъмат надонад ва чун назананд, батар ва ғафлат падид ояд, пас тадбир он бувад, ки наъматҳои Ҳақ таъоло бар дили хеш тоза медорад, чунон ки тафсили баъзе дар китоби «Эҳё» гуфтаем ва ин марди комилро бишояд; ва аммо тадбири ноқис он бувад, ки ҳар рӯз ба бемористон равад ва ба зиндони султон ва ба гӯристон, то балоҳо бинад ва саломати хеш, бошад, ки ба шукр машғул шавад: чун ба гӯристон шавад, бидонад, ки он ҳама мурдагон дар орзуи як рӯзи умранд, то тақсирҳоро бад-он тадорук кунанд ва намеёбанд ва рӯзҳои дароз фаро пеши вай ниҳодаанд ва вай қадр намедорад. Ва аммо он ки дар неъматҳои ом шукр намекунад, чун ҳаво ва офтоб ва чашми бино — ва ҳама неъмат мол донад ва он чи ба вай махсус бувад — бояд ки бидонад, ки ин ҷаҳл аст, ки неъмат, ки ом бувад, аз неъмат бинашавад, пас агар андеша кунад, неъмати хос бар вай бисёр аст:
ки ҳеч кас нест, ки на гумон барад, ки чун ақли вай ҳеч ақл нест ва чун хулқи вай ҳеч хулқ нест ва аз ин бувад, ки дигаронро аблаҳ ва бадхӯ гӯяд, ки хештанро чунон намепиндорад, пас бояд ки ба шукри ин машғул бошад, на ба айби мардумон, балки ҳеч кас нест, ки вайро фазоеҳ ва айбҳост, ки он вай донад ва кас надонад, ки Худои таъоло парда бад-он нигоҳ доштааст, балки агар он ки ба хотир ва андеша гузар кунад, мардумон бидонанд ҷои бисёр ташвир ва андеша бувад ва ин дар ҳаққи ҳар яке хайри хос бувад, бояд ки шукри он бикунад ва ҳамеша андеша боз он надорад, ки аз он маҳрум аст, то аз шукр маҳрум намонад, бал, бояд ки дар он нигарад, ки ба вай додаанд, таи истиҳқоқ.
Яке пеши бузурге аз дарвеше гила кард, гуфт: «Хоҳӣ, ки чашм надорӣ ва дувоздаҳҳазор дирам дорӣ?» Гуфт: «На». Гуфт: «Ақл?» Гуфт: «На».
Гуфт: «Гӯш?» Гуфт: «На». Гуфт: «Дасту пой?» Гуфт: «На». Гуфт: «Вайро аз наздики ту панҷоҳҳазор дирам иваз аст. Чаро гила мекунӣ?» Балки бештари халқро, агар гӯӣ, хеш бо ҳоли фулон иваз кунӣ, накунад ва ба ҳоли бештарин халқ ризо надиҳад, пас чун он чи вайро додаанд, бештари халқро надодаанд, ҷои шукр бошад.
– ФАСЛ –
(Бар бало низ шукр бояд кард)
Бидон, ки бар бало низ шукр бояд кард, ки ҷуз куфр ва маъсият ҳеч бало нест, ки на мумкин бувад, ки андар он хайре бошад, ки ту надонӣ ва Худои таъоло хайри ту беҳтар донад, балки дар ҳар балое, аз панҷ гуна шукр воҷиб аст:
Яке он ки — мусибат, ки бувад дар тан бувад ва дар кори дунё ва дар кори дин набувад. Яке Саҳли Тустариро гуфт: «Дузд дар хонаи ман рафт ва коло бибурд». Гуфт: «Агар шайтон дар дил шудӣ ва имон бибурдӣ, чи кардӣ?»
Дуввум он ки — ҳеч беморӣ ва бало нест, ки на батар аз он тавонад буд, шукр бояд кард, ки батар аз он набуд: ки ҳар кӣ мустаҳаққи ҳазор чӯб бувад, ки бизананд, чун сад беш назананд, вайро ҷое шукр бувад. Якеро аз машоих таште хокистар ба сар фурӯ карданд, гуфт: «Чун мустаҳаққи оташ будам, ба хокистар сулҳ карданд, неъмате тамом аст; Саввум — он, ки ҳеч уқубат нест, ки агар ба охират афтодӣ, азимтар будӣ, шукр бояд кард, ки дар дунё бувад ва ин сабаби он бувад, ки бисёрии уқубати охират аз вай бияфтад. Ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Ҳар киро дар дунё уқубат карданд, дар охират накунанд, чи бало каффорати гуноҳон аст, чун бегуноҳ гардад, уқубат аз куҷо бувад, пас табиб, ки туро доруе талх диҳад ва қасд кунад, агарчи бо ранҷ бувад, ҷои шукр бувад: ки бад-ин ранҷ аз ранҷи беморӣ сахт бирастӣ; Чаҳорум он ки — ин мусибат бар ту набишта бувад, дар лавҳи маҳфуз ва дар роҳ бувад, чун аз роҳ бархост ва бозпас карда омад, ҷои шукр бувад. Шайх Абӯсаид аз хар дарафтод гуфт: «Алҳамду лиллоҳ». Гуфтанд:
«Чаро?» Гуфт: «Аз он ки бало бозпас пушт афтод», яъне ки воҷиб буд, ки ин бибуд, ки дар қазои азалӣҳукм карда буд».
Панҷум он ки — сабаби савоби охират бошад, аз ду ваҷҳ: яке он ки савоби бузург бувад, чунонки дар ахбор омадааст ва дигар он ки сари ҳама гуноҳон улфат гирифтан аст бо дунё, чунон дунё биҳишти ту шавад ва рафтан ба ҳазрати Илоҳият, зиндони ту шавад ва ҳар киро дар дунё ба балоҳо мубтало карданд, дили вай аз дунё нуфур шавад ва ҳеч бало нест, ки на таъдибе аст аз Ҳақ таъоло ва агар кӯдак оқил бувад, чун вайро адаб кунанд, бидонад, ки фоидаи он бисёр бувад. Ва дар хабар аст, ки: «Худои таъоло ба балоҳо дӯстони хешро таъаҳҳуд кунад, чунон ки шумо беморро ба шароб ва таом таъаҳуд кунед». Ва яке расулро салавотуллоҳу алайҳи гуфт, ки: «Моли ман бибурданд». Гуфт: «Хайр нест дар касе, ки моли вай нашавад ва тани вай бемор нагардад, ки Худои таъоло, чун бандаеро дӯст дорад, бало бар вай резад». Ва гуфт: «Бисёр дараҷот аст дар биҳишт, ки банда ба ҷаҳди хеш бад-он натавонад расид, Худои таъоло вайро бабало расонад». Ва як рӯз расул салавотуллоҳу алайҳи ба осмон менигарид, бихандид ва гуфт: «Аҷаб бимондам аз қазои Худои таъоло дар ҳаққи мӯъмин, ки агар ба неъмат ҳукм кунад ва агар ба бало, ризо диҳад ва хайри вай бошад, яъне ки бар ин сабр кард ва бар он шукр ва дар ҳар ду хайри вай бувад». Ва гуфт: «Аҳли офият дар қиёмат хоҳанд, ки дар дунё гӯшти эшон ба нохунпирой бибуридандӣ, аз бас дараҷот, ки аҳли балоро бинанд». Ва яке аз пайғомбарон гуфт: «Бор Худоё, неъмат бар кофирон мерезӣ ва бало бар мӯъминон, чи сабаб аст?» Гуфт: «Банда ва бало ва неъмат ҳама аз они мананд, мӯъминро гуноҳ бувад, хоҳам, ки ба вақти марг пок ва бегуноҳ маро бинад, гуноҳони вайро ба балои ин ҷаҳон каффорат кунам ва кофирро некӯиҳо бувад, хоҳам, ки мукофоти он ба неъмати дунё боз кунам, то чун маро бинад вайро ҳеч ҳақ намонда бошад, то уқубати вай тамом битавонам кард». Ва чун ин оят фуруд омад, ки:
«Ҳар кӣ бадӣ кунад, ҷазо бинад — ман йаъмал суан йуҷзабиҳи». Сиддиқ гуфт: «Ё расулуллоҳ, чӣ гуна халос ёбем?» Гуфт: «На бемор шавед ва на адӯҳгин шавед, ҷазои гуноҳи мӯъмин ин бувад». Сулаймонро салавотуллоҳу алайҳи фарзанде буд, фармон ёфт, ранҷур шуд, ду фаришта бар сурати ду хасм пеши вай омаданд, яке гуфт: «Тухм дар замин афкандам, ин дигар дар зери пой овард ва табоҳ кард». Дигаре гуфт: «Тухм дар шоҳроҳ афканда буд, чун аз чапу рост набуд, роҳ дар зери пой овардам, Сулаймон алайҳиссалом гуфт: «Надонистӣ, ки тухм дар шоҳроҳ афканӣ, аз равандагон холӣ набувад?» Гуфтанд: пас ту надонистӣ, ки одамӣ дар шоҳроҳи марг аст, ки ба марги писар ҷомаи мотам дар пӯшидӣ? Пас, Сулаймон тавба кардва омурзиш хост. Умар ибни Абдулазиз писари хешро бемор дид бар хатари марг, гуфт: «Эй писар, ту аз пеш бирав, то дар тарозуи ман бошӣ, ки ман дӯсттар дорам, аз он ки ман дар тарозуи ту бошам, гуфт: «Эй падар, ман он хоҳам, ки ту дӯсттар дорӣ. Ибни Аббосро хабар доданд, ки духтарат бимурд. Гуфт:
«Инналлоҳи ва инно илайҳи роҷеъун, аврате бипӯшид ва муаннате кифоят кард ва савобе нақд гашт, пас бархост ва ду ракъат намоз кард ва гуфт, чунин фармудааст, ки: «Истаъину би-с-сабри ва-с-салоти»1 мо ҳар ду ба ҷо овардем. Ва Отами Асам гуфт: «Худои таъоло дар қиёмат ба чаҳор кас, бар чаҳор гурӯҳҳуҷҷат кунад: ба Сулаймон бар тавонгарон ва ба Юсуф бар бандагон ва ба Исо бар дарвешон ва ба Айюб бар аҳли бало.
Ин қадар аз илм шукр кифоят бувад дар ин китоб, валлоҳу аълам биссавоб.
1 Аз шикебоӣ ва намоз ёрӣ ҷӯед.
АСЛИ САВВУМ
Дар хавф ва риҷо
Бидон, ки хавф ва риҷо чун ду ҷиноҳ аст солики роҳро, ки ба ҳама мақомҳои маҳмуд, ки расад, ба қуввати вай расад, ки ақабот, ки ҳиҷоб аст аз ҳазрати илоҳият сахт баланд аст, то умеде содиқ ва чашме бар лаззати ҷамоли ҳазрат набошад, он ақабот қатъ натавонад кард ва шаҳавот бар роҳи дӯзах ғолиб аст ва фиребанда ва кушанда аст; ва доми вай гиранда ва мушкил аст, то ҳарос бар дили вай ғолиб нашавад, аз вай ҳазар натавон кард, ба сабаб ин аст, ки фазли хавф ва риҷо азим аст: ки риҷо чун зимом аст, ки бандаеро мекушад ва хавф чун тозина аст, ки вайро метозад ва мо ҳукми риҷо аввал бигӯем он гоҳҳукми хавф.
Фазилати риҷо
Бидон, ки ибодати Худои таъоло бар умеди карам ва фазли некӯтар аз ибодат бар ҳарос аз уқубат: ки аз умед муҳаббат хезад ва ҳеч мақом аз мақоми муҳаббат фаротар нест ва аз хавф биму ва нафрат бувад ва барои ин гуфт расул — салавотуллоҳу алайҳи: «Ло тамутунна аҳадукум илло ва ҳува ҳасуна-з-занна бираббиҳи» — ҳеч кас мабодо, ки бимирад ва ба Худои таъоло некӯ гумон набарад». Ва гуфт: «Худои таъоло мегӯяд: ман он ҷоям, ки бандаам гумон барад, ҳар гумон, ки хоҳӣ ба ман мебар». Ва расул салавотуллоҳу алайҳи якеро гуфт: «Дар вақти ҷон кандан, ки хештанро чӣ гуна меёбӣ?» Гуфт: «Чунон ки аз гуноҳони хеш метарсам ва ба раҳмати вай умед медорам». Гуфт: «Дар дили ҳеч кас ин ҷамъ нашавад, ки на Ҳақ таъоло вайро эмин кунад, аз он чи метарсад ва бидиҳад, он чи бихоҳад». Ва Ҳақ таъоло ваҳй фиристод ба Ёқуб алайҳиссалом, ки: донӣ, ки Юсуфро аз ту чаро ҷудо кардам: Аз он ки гуфтӣ: «Ахофа ан йаъкулаҳу заъби ва антум ғофилуна». Гуфтӣ: «Тарсам, ки гург вайро бихӯрад, аз гург тарсидӣ ва ба ман умед надоштӣ ва аз ғафлати бародарони вай андешидӣ ва аз ҳифзи ман ёд накардӣ». Алӣ разийаллоҳу анҳу якеро дид навмед аз бисёрии гуноҳи хеш, гуфт: «Навмед машав, ки раҳмати вай аз гуноҳи ту азимтар аст» ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт, ки: Худои таъоло рӯзи қиёмат бандаро гӯяд: «Чаро мункир дидӣ, ҳасбат накардӣ?» Агар Худои таъоло ҳуҷҷат ба забони вай диҳад ва гӯяд аз халқ тарсидам ва ба ту умеди раҳмат медоштам, бар вай раҳмат кунад. Ва расул салавотуллоҳу алайҳи як рӯз гуфт: «Агар он чи ман донам, шумо бидонед, андак хандед ва бисёр гирйед ва ба саҳро шавед ва даст бар сина мезанед ва зорӣ мекунед». Пас Ҷабраил алайҳиссалом биёмад ва гуфт: «Худои таъоло мегӯяд чаро бандагони маро навмед мекунӣ аз раҳмати ман, пас берун омад ва умедҳои некӯ дод аз фазли Худои таъоло». Ва Худои таъоло ваҳй фиристод ба Довуд алайҳиссалом, ки: «Маро дӯст дор ва маро дар дили бандагон дӯст гардон».
Гуфт: «Чӣ гуна дӯст гардонам?» Гуфт: «Фазл ва неъмати ман ба ёди эшон деҳ, ки аз ман ҷуз некӣ надидаанд». Ва Яҳё ибни Аксамро ба хоб диданд, гуфтанд: «Худои таъоло бо ту чӣ кард?» Гуфт: «Дар мавқуф1и суол бидошт маро». Ва гуфт: «Ё шайх, чунин кардӣ ва чунин, то тарсе бар ман ғолиб шуд, пас гуфтам Бор Худоё, аз ту хайр на чунин доданд?!» Фармон омад, ки чунин доданд? Гуфтам: Абдурраззоқ маро хабар дод аз Муаммар аз Заҳарӣ ва Анас аз расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз Ҷабраил аз ту, ки гуфтӣ: ман бо банда он кунам, ки ба ман гумон барад ва аз ман чашм дорад ва ман чашм доштам, ки бар ман раҳмат кунӣ, гуфт: «Рост гуфт Ҷабарил ва рост гуфт расул ва рост гуфт Анас ва рост гуфт Заҳарӣ ва рост гуфт Муаммар ва рост гуфт Абдурраззоқ», бар ту раҳмат кардам, пас маро хилъат пӯшиданд ва аз ходимони биҳишт пеши ман мерафтанд, шодие дидам, ки мисли он набуд. Ва дар хабар аст, ки: «Яке аз бани Исроил мардумонро аз раҳмати Худой навмед кардӣ ва кор бар эшон сахт гуфтӣ, рӯзи қиёмат Худои таъоло бо вай гӯяд: имрӯз туро аз раҳмат чунон навмед кунам, ки бандагони маро навмед кардӣ»; ва дар хабар аст, ки: «Марде ҳазор сол дар дӯзах буд; пас гӯяд: ё Ҳаннон ё Маннон Ҷабраилро гӯед бирав ва бандаи маро биёвар, гӯяд ҷои хеш дар дӯзах чун ёфтӣ? Гӯяд:
бадтарин ҷойҳо. Гӯяд вайро ба дӯзах баред, чун ба дӯзах мебаранд, бозпас менигарад. Худои таъоло гӯяд чаро менигарӣ? Гӯяд: гумон бурдам, ки пас аз он ки маро берун овардӣ, боз нафиристӣ. Гӯяд: вайро ба биҳишт бибаред ва бад-ин умед наҷот ёбад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё