Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ва мақсуд он аст, ки бояд ки хештанро гузидаи ҳазрати илоҳият ном
1 Асбоби сайқал додан.
накунӣ, то ҳама бар хештан рост кунӣ ва ҳар чӣ туро дар он фоида набошад, гӯӣ чаро офариданд ва дар вай худ ҳикмат нест ва чун бидонистӣ, ки мӯрчаро барои ту наёфариданд, бидон, ки офтобу моҳ ва ситорагону осмонҳо ва малоика ва ин ҳама барои ту нест, агарчи туро дар баъзе аз эшон насибе ҳаст, чунон ки магасро барои ту наёфариданд, агарчи туро аз вай насиб аст, то ҳар чӣ нохуш ва ганда аст ва афн гашта мехӯрад, то бӯйҳои нохуш ва уфунат камтар мешавад ва қассобро барои магас наёфариданд, агарчи магасро дар вай насиб аст. Ва гумони ту бар он ки офтоб ҳар рӯзе барои ту мебарояд, ҳамчун гумони магас аст, ки пиндорад, ки қассоб ҳар рӯз барои вай бар дӯкон мешавад, то вай аз он хун ва наҷосатҳо сер бихӯрад ва қассоб рӯй ба кори дигар дорад, ки он магас ёд наёварад, агарчи қассоб ҳаёт ва ғизои магас аст; офтоб низ дар тавоф ва гардиши хеш рӯй ба ҳазрати Илоҳият дорад, ки аз ту худ ёд наёварад, агарчи аз фазалоти нури вай чашми ту бино шавад ва аз фазалоти ҳарорати вай мизоҷи замин мӯътадил шавад, то набот, ки ғизои туст, бирӯяд, пас моро ҳикмати офариниш чизе, ки ба ту тааллуқ надорад, дар маънии шукр ба кор менаёяд ва он чи ба ту тааллуқ дорад, низ бисёр аст, ҳама натавон гуфт, мисоле чанд бигӯем: яке он ки туро чашм офариданд барои ду кор, яке он ки то роҳ фаро ҳоҷати хеш донӣ дар ин ҷаҳон ва дигар то дар аҷоиби сунъи Ҳақ таъоло назора кунӣ ва бадон азамати вай бишиносӣ, чун дар номаҳраме нигарӣ, куфрони неъмат кардӣ, балки чашм бе офтоб тамом нест, ки бе вай фаро набинад ва офтоб бе осмону замин мумкин нест, ки шабу рӯз аз осмону замин падид ояд ва ту бад-ин як назар дар неъмати чашм ва офтоб, балки дар неъмати осмону замин куфрон овардӣ ва аз ин аст, ки дар хабар аст, ки: ҳар кӣ маъсият кунад ва замину осмон бар вай лаънат кунад ва туро даст барои он додаанд, то кори хештан бад-он рост кунӣ: таом хӯрӣ ва хештан бишӯӣ ва мисли ин, чун ту бад-он маъсият кунӣ, куфрони неъмат кардӣ, балки масалан агар ба дасти рост истинҷо кунӣ ва ба дасти чап мусҳаф фиристонӣ, куфрон оварӣ, ки аз маҳбуби Ҳақ таъоло берун шудӣ, ки маҳбуби вай адл аст ва адл он аст, ки шарифро бувад ва ҳақир ҳақирро бувад; ва аз ду дасти ту яке қавитар офарид, дар ғолиб он шарифтар аст ва корҳои ту ду қисмат аст, баъзе шариф, бояд ки он чи шариф аст ба рост кунӣ ва он чи ҳақир аст, ба чап, то адл ба ҷой оварда бошӣ; агар на баҳимавор ҳикмат ва адл аз миён баргирифта бошӣ. Ва агар оби даҳон аз сӯи қибла андозӣ, неъмати ҷаҳонро ва неъмати қибларо куфрон овардӣ, ки ҷиҳоти ҳама баробар бувад ва Ҳақ таъоло барои салоҳи ту якеро шариф карда, то дар ибодат рӯй ба вай орӣ, то сабаби субот ва сукуни ту бувад ва хонае, ки дар ин ҷиҳат биниҳод, ба худ изофат кард; ва туро корҳои ҳақир аст чун қазои ҳоҷат ва оби даҳон андохтан ва корҳои шариф чун таҳорату намоз, чун ҳама баробар дорӣ, баҳимавор зиндагӣ карда бошӣ; ва ҳаққи неъмати ақл, ки адл ва ҳикмат дар вай падид ояд, ҳаққи неъмати қибла ботил карда бошӣ ва агар ба масал аз дарахте шохе бишиканӣ, бе ҳоҷате ё шукуфае биситонӣ, неъмати дастро ва неъмати дарахтро ботил кардӣ, ки он шохро биёфариданд ва дар вай уруқ сохтанд, то ғизои хеш мекашад ва дар вай қуввати ғизо хӯрдан ва қувватҳои дигар, ки офариданд, барои корест, ки чун ба камол расад, бад-он кор ба камол расад, чун он бар вай қатъ кунӣ, куфрон бувад, магар ки бад-он ҳоҷат бувад туро дар камоли кори хеш он гоҳ камол вай фидои камоли ту бошад, ки адл он бувад, ки ноқис фидои камол бувад — ва агар аз мулки дигаре бишиканӣ, куфрон бувад, агарчи туро ҳоҷат бувад: ки ҳоҷати молик аз ҳоҷати ту фарозтар аст ва авлотар, ҳарчанд ки бандаро мулк ба ҳақиқат нест, лекин дунё чун хонест ниҳода ва неъмати дунё чун таомҳо бар вай ва бандагони Худои таъоло меҳмонон бар он хон, ки ҳеч кас мулк надорад, валекин чун ҳар луқмае ба ҳама вафо накунад, ҳар чӣ як меҳмон ба даст фаро гирифт, ё дар даҳон ниҳод, меҳмони дигарро нашояд, ки аз вай биситонад, мулки бандагон беш аз ин нест ва чунон ки меҳмонро набошад, ки таом мебаргирад ва ҷое мениҳад, ки дасти касб бад-он нарасад, ҳеч касро нест, ки дунё беш аз ҳоҷати хеш нигоҳ дорад ва дар хизона ниҳад ва ба мӯҳтоҷон надиҳад: лекин ин дар вақте зоҳир наёяд, ки ҳоҷати ҳар касе маълум набошад ва агар ин роҳ кушода кунем, ҳар касе колои дигаре меситонад ва мегӯяд вайро ҳоҷат нест, пас ба ҳукми зарурат ин бигузоштаем, валекин бар хилофи ҳикмат аст ва наҳй аз ҷамъи мол бад-ин омадааст, хосса дар ҷамъи таом, ки қавоми халқ аст: ки ҳар кӣҷамъ кунад, то гарон бифурӯшад, дар лаънати Худои таъоло бошад, балки ҳар кӣ дар вай бозаргонӣ кунад, ки таом ба таом бифурӯшад, бар сабили рибо дар лаънати Худой бувад; ки он қавоми халқ аст, чун аз он тиҷорат созад, дар банд афтад ва зуд ба мӯҳтоҷон нарасад ва ин низ дар зару сим ҳаром аст, барои он ки Худои таъоло зару сим барои ҳикмат офаридааст:
яке қимати коло ба вай падид ояд, ки кас надонад, ки асбе чанд ғулом арзад ва ғуломе чанд ҷома арзад ва ин ба якдигар бибояд фурӯхт, пас ба чизе ҳоҷат бувад, ки ҳама ба қиёси вай бидонанд; ва зару сим барои он биёфарид, то чун ҳокиме бошад, ки миқдори ҳар чизе пайдо мекунад, ҳар кӣ вайро дар ганҷ ниҳад, чунон бувад, ки ҳоким мусулмононро дар ҳабс кунад ва ҳар кӣ аз он кӯза ва офтоба кунад, чунон бувад, ки ҳоким мусулмононро ҳаммолӣ ва ҷулоҳагӣ фармояд, ки офтоба барои он аст, то об нигоҳ дорад ва ин худ аз сафол ва мис битавон кард, дигар ҳикмат он ки ду гавҳари азизанд, ки бо эшон ҳама кас дар эшон рағбат кунад: ки ҳар кӣ зар дорад, чизе дорад ва бошад, ки касе ҷомае дорад ва ба таом ҳоҷатманд аст ва он кас, ки таом дорад, ба ҷома ҳоҷатманд аст, пас Худои таъоло зару сим биёфарид ва азиз кард, то муомилатҳо бад-он бошад, то бо эшон, ки ҳоҷат нест, ҳар чӣ бад-он ҳоҷат аст, ба даст оваранд, чун зар ба зару сим ба сим фурӯхтан гиранд, ин ҳар ду ба якдигар машғул шаванд ва дар банди якдигар бимонанд, василати дигар корҳо набошанд, пас гумон мабар, ки дар шаръ чизе аст, ки аз ҳикмату адл берун аст, балки ҳар чӣҳаст, чунон мебояд, ки ҳаст, лекин баъзе аз он ҳикматҳо борик бувад, ки ҷуз пайғомбарон надонанд ва баъзе ҷуз уламо бузург надонанд ва ҳар олим, ки корҳоро ба тақлид ва ба сурат фаро гирифтан бувад, ноқис бувад ва ба авом наздик бувад. Ва чун ин ҳикматҳо бишинохт, ин ки фуқаҳо онро макруҳ шиносанд, эшон ҳаром шиносанд: то яке аз бузургон ба саҳв пои чап аввал дар кафш кард, куфрони онро чандин хирвор гандум бидод ва он ки агар оммӣ шохи дарахт бишиканад, то оби даҳон аз сӯи қибла андозад ё ба дасти чап мусҳаф биситонад, бар вай чандон эътироз накунем, ки он нуқсони оммӣ аст ва оммӣ ба баҳоим наздик аст ва тоқати ин корҳо надорад, чи аҳволи вай худ чунон дур бошад аз ҳикмат, ки чунин дақоиқ дар вай ҳеч чиз нанамояд, чи агар касе озод бифурӯшад рӯзи одина ба вақти бонги намоз, бо вай итоб накунанд, ки дар ин вақт байъ макруҳ аст, ки ҷинояти озод фурӯхтан, ин кароҳиятро фурӯ пӯшад ва агар касе дар меҳроби масҷид қазои ҳоҷат кунад, пушт ба қибла ин итобро, ки пушт ба қибла қазои ҳоҷат кардӣ, ҷое намонад, ки ҷинояти вай худ чунон зишт аст, ки ин дақиқа дар он пайдо наёяд ва осон гирифтан, кори авом аз ин аст, фатвои зоҳир барои авом аст, аммо солики роҳи охират, бояд ки ба фатвои зоҳир нанигарад ва ин ҳама дақоиқ нигоҳ дорад, то ба малоика наздик шавад дар адл ва ҳикмат ва агар на ҳамчун оммӣ ба баҳима наздик бувад, дар гузоштагӣ.
(Пайдо кардани ҳақиқати неъмат, ки кадом аст) Бидон, киҳар чӣ Худои таъоло офаридааст дар ҳаққи одамӣ, чаҳор қисм аст: яке он аст, ки ҳам андар ин ҷаҳон судманд аст ва ҳам дар он ҷаҳон, чун илм ва хулқи некӯ ва дар ин ҷаҳон неъмат ба ҳақиқат ин аст, дуввум — он ки дар ҳар ду ҷаҳон зиёнкор аст, чун нодонӣ ва хӯи бад ва бало ба ҳақиқат ин аст, саввум — он ки дар ин ҷаҳон бо роҳат аст ва дар он ҷаҳон бо ранҷ, чун бисёрии неъмати дунё ва таматтӯъ бад-он ва ин неъмат аст, наздики аблаҳон ва балост наздики орифон ва масали ин чун гурусна аст, ки ангубин ёбад, ки заҳр дар вай бувад: агар аблаҳ бувад ва надонад, ки дар вай заҳр аст, неъмат шуморад ва агар оқил бувад, бало шуморад, чаҳорум — он ки дар ин ҷаҳон бо ранҷ бувад ва дар он ҷаҳон бо роҳат, чун риёзат ва мухолифати шаҳват ва ин неъмат аст наздики орифон, чун доруи талх наздики бемори оқил ва ин балост наздики аблаҳон.
– ФАСЛ –
(Раво бувад, ки чизе дар ҳаққи касе неъмат бувад ва дар ҳаққи дигаре бало) Бидон, ки асбоби дунё бештар омехта бувад, ки дар вай ҳам шарр бувад ва ҳам хайр, валекин ҳар чӣ манфиат ба вай бештар аз зарар бувад, он неъмат аст ва ин ба мардумон бигардад: ки мол ба қадри кифоят манфиати вай бештар аз зарар ва зиёдат аз кифоят зарари он бештар, дар ҳаққи бештари мардумон ва кас бошад, ки андак низ вайро зиён дорад, ки сабаб он бувад, ки ҳирс зиёдат бар вай ғолиб шавад — ва агар ҳеч нахостӣ — ва кас бувад, ки комил бувад ва бисёр вайро зиён надорад, ки ба вақти ҳоҷат тавонад дод. Пас, бидонӣ, ки раво бувад, ки чизе дар ҳаққи касе неъмат бувад ва ҳамон дар ҳаққи дигаре, бало бувад.
– ФАСЛ –
(Хайри тамомтарин илм аст. Ва шарри тамомтарин ҷаҳл) Бидон, киҳар чӣ халқ онро хайр донад, аз се ҳол берун набувад: ё хуш аст дар ҳол ё судманд аст дар мустақбал ё некӯст дар нафси хеш; ва ҳар чӣ онро шарр донанд ё нохуш аст дар вақт ё зиёнкор аст дар мустақбал ё зишт аст дар нафси хеш, пас хайри тамомтарин он аст, ки ин ҳама дар вай ҷамъ аст, ки ҳам хуш аст ва ҳам некӯ ва ҳам судманд аст ва ин нест, магар илму ҳикмат; ва шарри тамомтарин ҷаҳл аст, ки ҳам нохуш аст ва ҳам зишт ва ҳам зиёнкор. Ва бидон, ки ҳеч чиз аз илм хуштар нест, лекин наздики касе, ки дили вай бемор набувад ва бидон, ки ҷаҳл дард кунад дар ҳол ва нохуш бувад, ки ҳар кӣ чизе надонад ва хоҳад, ки донад, дарди ҷоҳилии хеш меёбад ва ҷаҳл зишт аст, валекин ин зиштӣ дар вай зоҳир нест, аммо дар даруни дил аст, ки сурати дилро кӯж гардонад. Ва ин аз зиштии зоҳир зишттар аст ва чиз бувад, ки нофеъ бувад, валекин нохуш бувад, чун буридани ангушт аз ним, он ки даст табоҳ шавад ва чиз бувад, ки аз ваҷҳе суд дорад ва аз ваҷҳе зиён, чун касе, ки мол ба дарё андозад ва чун киштӣғарқ хоҳад шуд, то хештан саломат ёбад.
– ФАСЛ –
(Хушиҳову лаззатҳо бар се дараҷа аст) Мардумон чунин гӯянд, ки ҳар чӣ хуш бувад, он неъмат бувад ва хушиҳову лаззатҳо бар се дараҷа аст: яке — он аст, ки он хасистар аст ва он лаззати шикам ва фарҷ аст, ки халқ бештар он донанд ва бад-он машғул бошанд ва ҳар чӣ талаб кунанд, барои он кунанд ва далели хасисӣ ин аст, ки ҳама баҳоим дар ин шарик бошанд ва дар пеши одамианд, дар ин лаззат, ки хӯриш ва гушни1ҳайвонот беш аст, балки магасу мӯр бо одамӣ шариканд, андар ин чун касе ҳамагии хеш бад-ин диҳад, ба дараҷаи ҳашароти замин кифоят карда бошад; дараҷаи дуввум — лаззати ғалаба ва риёст ва беҳтар омадан аст аз дигарон, ки он қуввати хашм аст ва он гарчи шарифтар аст, аз лаззати шикам ва фарҷ, лекин ҳам хасис аст, ки баъзе аз ҳайвонот дар ин шарик аст, ки агар ҳамаро нест, шеру палангро шараҳи кибр ва ғалаба кардан ва беҳтар омадан ҳаст; дараҷаи саввум — лаззати илм ва ҳикмат ва маърифати Ҳақ таъоло ва аҷоиби сунъи Вай аст ва ин шариф аст, ки ин ҳеч баҳимаро нест, балки ин сифати малоика аст ва балки аз сифоти Ҳақ таъоло аст, ҳар киро лаззати вай дар ин аст: комил аст ва ҳар киро дар ин ҳеч лаззат нест, ноқис аст, балки бемор аст ва ҳолик. Ва бештари мӯъминон аз ин ду қисм бошанд, ки ҳам лаззати ин ёбанд ва ҳам лаззати дигар чизҳо, чун лаззати риёсат ва шаҳват, валекин ҳар киро бар вай ғолиб лаззати маърифат бувад, он дигар бад-ин мастур ва мағфур бувад ва ҳар киро он дигар ғолиб бувад ва ин ба такаллуф бувад, ба дараҷаи нуқсон наздиктар бувад, агар ҷаҳди он накунад, то ин ғолиб ояд; ва маънии руҷҳони Каффаи ҳасанот ин бувад.

пешина
аз 176
навбатӣ