Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ва гурӯҳе моли ҳалол харҷ кунанд бо ихлос, валекин бар нақшу нигори масҷид ва пиндоранд, ки хайре аст, ки ҳамекунанд ва аз он ду фасод ҳосил ояд: яке он, ки дили мардумон андар намоз машғул ҳамебувад ва аз хушуъ бияфтад ва дигар он, ки эшонро низ мисли он андар хонаи хеш орзу кунад: дунё андар чашми эшон биёроста бувад ва пиндорад, ки хайре ҳамекунад. Ва расул алайҳиссалом гуфтааст: «Чун масҷид ба нигор кунӣ ва мусҳаф ба зару сим бикунӣ, дамор2 бар шумо бувад». Ва ободонии масҷид ба дилҳои хозеъ бошад, ки аз дунё нуфур шуда бошад ва ҳар чӣ хузуъ бибарад ва дунё ороста кунад, андар дил вайронии масҷид бошад, пас ин мудбир масҷиде вайрон бикард ва ҳамепиндорад, ки коре бикардааст.
1 Ин ҷоро фулон кас сохт, Худо умраш дароз кунод.
2 Ҳалок.
Ва гурӯҳе дӯст доранд, ки дарвешонро дар сарой гирд кунанд, то овоза андар шаҳр афтад ё садақа ба касоне диҳанд, ки забоновар ва маъруф бошанд ё харҷ бар ҷамоате кунанд, ки андар роҳи ҳаҷ харҷ кунанд ё андар хонақоҳе, ки он ҳама бидонанд ва шукр гӯянд ва агар гӯӣ: ин дар сари фаро ятимон диҳӣ, фозилтар аз он, ки дар роҳи ҳаҷ харҷ кунӣ, натавонад, ки шурби вай сано ва шукри он қавм бувад ва пиндорад, ки хайре ҳамекунад. Яке бо Бушри Ҳофӣ машварат ҳамекард, ки ду ҳазор дирам аз ҳалол дорам, ба ҳаҷ хоҳам шуд, гуфт: «Ба тамошо ҳамешавӣ ё ба ризои Ҳақ таъоло?» Гуфт: «Ба ризои Ҳақ таъоло». Гуфт: «Бирав ва вом деҳ касеро ва бад-ӯ бигузор ё фаро ятим деҳ ё фаро марде муъил деҳ, ки он роҳат, ки ба дили мусулмоне расад аз сад ҳаҷ фозилтар аст, пас аз ҳаҷҷи ислом», гуфт: «Рағбати ҳаҷ бештар ҳамебинам андар дил». Гуфт: «Аз он аст, ки ин мол аз ваҷҳ ба даст овардаӣ, то бино ваҷҳ харҷ накунӣ, нафс қарор нагирад»; Ва гурӯҳе худ чунон бахил бошанд, ки беш аз закот бинадиҳанд, он гоҳ он закоти ушр фаро касоне диҳанд, ки андар хидмати эшон бошанд, чун муаллим ва шогирд, то ҳишмат ба иҷтимоъи эшон бар ҷое бошад, чун мударрис, ки закот ба толибилмони хеш диҳад ва чун аз дарси вай бишаванд, фаро надиҳанд ва ин ба ҷои иҷро бошад ва ҳамедонад, ки ба ивази шогирдӣҳамедиҳад ва ҳамепиндорад, ки закот бидод ва бошад, ки ба касоне диҳад, ки ба хидмати хоҷагон пайваста бошанд, ба шафоати эшон фаро диҳад, то ба наздики эшон миннате бошад, бад-ин қадар закот чандин ғараз хоҳанд, ки ҳосил кунанд ва бошад, ки шукр ва сано чашм доранд ва пиндоранд, ки закот ҳамедиҳанд?
Ва гурӯҳе дигар чунон бахил бошанд, ки закот низ надиҳанд ва мол нигоҳ доранд ва даъвии порсоӣҳамекунанд ва шаб намоз кунанд ва рӯз рӯза доранд: масали эшон чун касе бувад, ки вайро дарди сар бувад тало1 бар пошна ниҳад. Ин мудбир надонад, ки бемории вай бухл аст на бисёр хӯрдан ва илоҷи он харҷ кардан аст, на гуруснагӣ кашидан, ин ва амсоли ин ғурури арбоби амвол аст ва ҳеч синф аз ин раста набошанд, магар он ки илм ҳосил кунанд, чунин ки андар ин китоб аст, то офати тоат аз ғурури нафс ва макри шайтон бишиносанд, он гоҳ дӯстии Ҳақ таъоло барояшон ғолиб бувад ва дунё аз пеши эшон бар хоста бошад, илло ба қадри зарурат ва марг андар пеши хеш ниҳода бошанд ва ҷуз ба истеъдоди он машғул набошанд ва ин осон бувад бар ҳар, ки Худованд ҷалла ҷалолаҳу бар вай осон кунад «Ваффақаналлоҳу лимо туҳиббу ва тарзо».
1 Давои молиданӣ.
Тамом шуд рукни «Муҳликот»-и «Кимиёи саодат», вал-ҳамду лиллоҳи раббил-оламина ва саллаллоҳу ъало Муҳаммадин ва олиҳи ва саҳибаҳу-лахйори.
РУКНИ ЧАҲОРУМ
Аз аркони мусулмонӣ андар мунҷиёт аз ҷумлаи китоби «Кимиёуссаодат»
Ва ин низ даҳ асл аст
Асли аввал — андар тавба;
Асли дуввум — андар сабру шукр;
Асли саввум — андар хавфу риҷо;
Асли чаҳорум — андар фақру зӯҳд
Асли панҷум — андар нияту садақа ва ихлос; Асли шашум — андар муҳосабат ва муроқибат; Асли ҳафтум — андар тафаккур;
Асли ҳаштум — андар тавҳид ва таваккул; Асли нӯҳум — андар шавқ ва муҳаббат Асли даҳум — андар зикри марг ва аҳволи охират.
АСЛИ АВВАЛ
Дар тавба аст
Бидон, ки тавба ва бозгаштан ба Ҳақ таъоло аввалқадами муридон аст ва бидояти роҳи соликон аст ва ҳеч одамеро аз ин чора нест: чи пок будан аз гуноҳ аз аввали офариниш то ба охири кори фариштагон аст ва мустағриқ будан дар маъсият ва мухолифат ҳамаи умр пешаи шайтон аст ва бозгаштан аз роҳи маъсият бо роҳи тоат ба ҳукми тавбаву надомат кори Одам ва одамиён аст, ҳар кӣ ба тавба гузаштаро тадорук кунад, насаби хеш ба Одам дуруст кард; аммо ҳама умр андар тоат гузоштан худ одамиро мумкин нест: чи вайро, ки биёфариданд андар ибтидо ноқис офариданд ва бе ақл ва аввал шаҳватро бар вай мусаллат карданд, ки олати шайтон аст ва он ақл, ки хасми шаҳват ва нури ҷавҳари фариштагон аст, пас аз он офариданд, ки шаҳват муставлӣ шуда буд ва қалъаи сина ба тағаллуб фурӯ гирифта буд ва нафс бо вай улфат гирифта ва хӯ карда, пас ба зарурати ақл, ки пайдо омад ба тавба ва муҷоҳида ҳоҷат афтод, то ин қалъа фатҳ афтад ва аз дасти шайтон берун ояд, пас тавба зарурати одамиён аст ва аввалқадами соликон аст, пас аз бедорӣ, ки ҳосил ояд аз нури шаръ ва ақл, то бад-он роҳ аз бероҳӣ бишиносад, ҳеч фариза нест ҷуз тавба, ки маънии вай бозгаштан аст аз бероҳӣ ва омадани боз роҳ.
Фазилат ва савоби тавба
Бидон, киҲақ таъоло ҳамаи халқро ба тавба фармудааст ва гуфта: «Ва тубу илаллоҳи ҷамиъан аййуҳа-л-мӯъминуна саъаллакум туфлиҳуна», гуфтааст: ҳар кӣ умеди фалоҳ дорад, тавба кунад. Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳар кӣ тавба кунад пеш аз он, ки офтоб аз ҷониби мағриб барояд, тавбаи вай пазируфтааст»; ва гуфт: «Пушаймонӣ тавба аст». Ва гуфт:
«Андар роҳгузари мардум маистед, ки онро лофгоҳ гӯянд, ки кас бошад, ки биистад он ҷо ва ҳар кас, ки бигузарад, бар вай ханданд ва ҳар зан, ки фаро расад, андар вай суханҳои зишт ҳамегӯянд, аз он ҷо барнахезад, то он гоҳ ки дӯзах вайро воҷиб нагардад, магар тавба кунад». Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳар рӯз ҳафтод бор тавба кунам ва истиғфор кунам».
Ва гуфт: «Ҳар кӣ аз гуноҳон тавба кунад, гуноҳи вай фаромӯш гардонад бар дасту пои вай вайро бар он ҷо, ки андар вай маъсият карда бошад, то чун ҳақро бинад, бар вай ҳеч гувоҳ набошад». Ва гуфт: «Худои таъоло тавбаи банда фаро пазирад пеш аз он, ки ҷон ба ҳалқ расад ва андар ғарғар афтад». Ва гуфт: «Ҳақ таъоло дасти карам кушодааст касеро, ки ба рӯз гуноҳ кардааст, то ба шаб тавба кунад ва бипазирад ва касеро, ки ба шаб гуноҳ кунад ва то рӯз тавба кунад ва бипазирад, то он гоҳ, ки офтоб аз мағриб барояд». Ва Умар разийаллоҳу анҳу ҳамегӯяд, ки: расул алайҳиссалом гуфт: «Тавба кунед, ки ман рӯзе сад бор тавба мекунам». Ва гуфт: «Ҳеч одаме нест, ки на гуноҳкор аст, валекин беҳтарини гуноҳкорон тоибонанд». Ва гуфт: «Ҳар кӣ аз гуноҳе тавба кунад, ҳамчун касе бувад, ки аслан гуноҳ накардааст». Ва гуфт: «Тавба аз гуноҳ он аст, ки ҳаргиз бо сари он нашавӣ». Ва гуфт: «Ё Оиша, он, ки Худои таъоло мегӯяд: «Инна-ллазина форақу динаҳум ва кону шийаъан ласта минҳум»1 аҳли бидъатанд ва ҳар кӣ гуноҳ дорад, вайро тавба аст, магар мубтадеъро, ки эшонро тавба нест, ман аз эшон безорам ва эшон аз ман; ва гуфт: «Чун Иброҳимро алайҳиссалом ба осмон бурданд, мардеро дид, бо зане зино ҳамекард, бар эшон дуо кард, ҳалок шуданд, дигареро дид, ки маъсият ҳамекард, бар вай низ дуо кард, ваҳй омад, ки ё Иброҳим, бигузор то марг аз се коре, ки ҳосил ояд, ё тавба кунад бипазирам, ё истиғфор кунад, биёмурзам ва ё аз вай фарзанде ояд, ки маро пурсанд ва ман вайро дар кори ӯ кунам; Нашунидӣ, ки аз номҳои ман яке сабур аст?» Оиша разийаллоҳу анҳо ҳамегӯяд, ки расул алайҳиссалом гуфт, ки: «Ҳақ таъоло ҳеч бандаро пушаймонӣ надод аз гуноҳе, ки на вайро биёмурзад, пеш аз он, ки омурзиш хоҳад». Ва гуфт: «Аз ҷониби мағриб даре аст, паҳнои вай ҳафтодсола роҳ ё чиҳилсола роҳ, барои тавба кушодаанд, аз он рӯз боз, ки осмону замин биёфаридаанд; ва набинад дунё он гоҳ, ки офтоб аз мағриб барояд». Ва гуфт: «Рӯзи душанбе ва панҷшанбе аъмоли банда арз кунанд, ҳар кӣ тавба карда бошад, бипазиранд ва ҳар кӣ омурзиш хоҳад, биёмурзанд ва касоне, ки дилҳои пуркин доранд, ҳамчунон бигузоранд».
Ва гуфт: «Тоиб ҳабиби Ҳақ таъоло аст; ва ҳар кӣ тавба карда ҳамчунон аст, ки гуноҳ накардааст». Ва гуфт саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Худои таъоло ба тавбаи банда шодтар аз он аст, ки марде аъробӣ андар бодияи хунхор сар фурӯ ниҳад ва бихусбад ва шутуре дорад ва таому зод ва ҳар чӣ дорад, бар пушти вай, чун бедор шавад шутур набинад, бархезад ва бисёр талаб кунад, то бими он бувад, ки аз ташнагиву гуруснагӣҳалок шавад ва дил аз ҷон баргирад, гӯяд бо ҷое шавам ва сар бар замин ниҳам, то бимирам, ба ҷои хеш ояд ва сар бар соид ниҳад, то бимирад, дар хоб шавад ва чун аз хоб андар ояд, шутурро бинад ба саломат бо зод ва роҳила бар сари вай истода». Хоҳад, ки шукр кунад ва гӯяд: «Ту Худоӣ ва
1 Касоне, ки дини худро ганда карданд ва худ гурӯҳе буданд, ту аз онон нестӣ.
ман бандаи ту, аз шодӣғалат кунад забон ва гӯяд ту бандаи ва ман Худои ту, Ҳақ таъоло ба тавбаи бандаи хеш шодтар аз он мард бувад бад-он шутур ва таоми хеш!»
Ҳақиқати тавба
Бидон, ки аввал тавба нури маърифат аст ва имон, ки падидор ояд ва аз он нур бинанд, ки гуноҳҳо заҳри қотил аст, чун нигоҳ кунад, ки вай аз ин заҳр бисёр хӯрдааст ва ба ҳалок наздик аст, ба зарурат пушаймон шавад ва ҳарос андар даруни вай падидор ояд, чун касе бидонад, ки заҳр бисёр хӯрдааст ба зарурат пушаймон шавад ва битарсад ва ба сабаби он ангушт ба гулӯ фурӯ барад, то қай кунад ва ба сабаби он ҳарос тадбири он ва доруи он кунад, ҳамчунин чун бинад, ки он шаҳват, ки рондааст, ҳамчун ангубин будааст, ки андар вай заҳр бошад, ки андар ҳол ширин бувад ва дар охир бигарояд, пушаймонӣ андар вай падидор ояд андар гузашта ва оташи хавф андар миёни ҷони вай афтад, хештанро ҳалок бинад ва аз ин оташи хавфу пушаймонӣ шараҳи шаҳват ва гуноҳ андар вай сӯхта шавад ва он шаҳват ба ҳасрат ба дил шавад ва азм кунад, ки гузаштаро тадорук кунад ва андар мустақбал низ бо сари он нашавад, либоси ҷафо берун кунад ва бисоти вафо бигустуронад ва ҳама ҳаракоту саканоти хеш ба дил кунад: пеш аз ин ҳама ба тарабу шодӣ ва ғафлат бувад, акнун ҳама гиристан ва андӯҳ ва ҳасрат бошад ва пеш аз ин муҳаббат бо аҳли ғафлат дошт, акнун бо аҳли маърифат бувад. Пас, нафси тавба пушаймонӣ аст ва асли вай нури маърифати имон аст ва фаръи вай ба дил кардани аҳвол аст ва нақл кардани ҷумла аҳволҳо ва андомҳо аз маъсият ва мухолифат ба мувофиқат ва итоат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё