Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Тафсир дар баъзе асарҳои доир ба қоидаҳои бадеия ба ду қисм ҷудо карда мешавад:

  1. Тафсири ҷалӣ, ки равшан гуфтан аст.
  2. Тафсири хафӣ, ки пӯшида гуфтан аст.

Тафсири ҷалӣ он аст, ки шоир калимаҳоеро ба таври мубҳам баён менамояд, ки мӯҳтоҷи эзоҳ аст ва дар ҳангоми эзоҳ калимаи мубҳам такрор меёбад.

Мисол аз Унсурӣ:

Гаҳ рабояд, гоҳ нӯшад он ҳарифи фитнаҳӯй, Гаҳ кушояд, гоҳ бандад он нигори симбар, Он чи бирбояд — дил аз мо, он чӣ нӯшад — ҷоми май В-он чӣ бикшояд — қабову он чӣ барбандад — камар.

Тафсири хафӣ он аст, ки калимаҳои мубҳам дар ҳангоми тафсир такрор намеёбад ва дар ҳолати пӯшида мемонад.

Ҳама номи киншон ба пархоши мард,
Дили ҷанг ӯю басичи1 набард.
Ҳаметӯхтандӯ2 ҳаметохтанд,
Ҳамесӯхтандӯ ҳамесохтанд.

(Унсурӣ).

ЛАФФУ НАШР

Лаффу нашр дар луғат ғун кардану паҳн кардан аст. Гоҳо шоир дар як мисраъ ё байте ду-се предметро номбар мекунад ва баъд дар мисраъ ё байти дуюм он предметҳоро ба тартиб аз ягон ҷиҳат шарҳу эзоҳ медиҳад. Баъзан баръакс ҳам мешавад, яъне аввал (дар мисраъ ё байти якум) чанд сифат ё амал номбар шуда, баъд (дар мисраъ ё байти дуюм) предметҳое, ки соҳиби ин сифат ё амалиёт мебошанд, оварда мешаванд. Ин санъатро санъати лаффу нашр меноманд, ки ба маънои ғун овардану паҳн кардан аст.

Дар ғун овардан ва шарҳ додани калимаҳо аксаран шарт ин аст, ки тартиб қатъан риоя шавад: калимае, ки дар ғуноварӣ дар ҷои якум истодааст, бояд дар вақти шарҳу эзоҳ низ дар ҷои якум истад, калимае, ки дар навбати дуюм истода буд, эзоҳи он низ дар навбати дуюм ояд ва илло охир.

Мисоли машҳури лаффу нашр аз Фирдавсӣ:

Ҷаҳонпаҳлавон, он яли арҷманд
Ба теғу ба ханҷар, ба гурзу каманд
Буриду дариду шикасту бубаст
Ялонро сару синаву пову даст.

Ин порча аз мураккабтарин намунаҳои лаффу нашр аст. Шоир ҷанги Рустамро тасвир карда истодааст. Вай аввал чор

1 Басич — тайёрӣ, таҳия ба ҷанг, қувваи ҳарбӣ.
2 Тӯхтан — дӯхтан, фурӯ кардану аз тарафи дигар кашидан.

пешина
аз 303
навбатӣ