Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин ҳусни муқобила, ки Ҳилолӣ бастааст, дар тасвири ҳолати рӯҳии қаҳрамонон дар ниҳоят аҳамияти калон дорад. Истифодаи санъати тазоду муқобила бо риояи санъати таносуб қариб дар ҳама достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун» дар мавриди тасвири мулоқоти ду қаҳрамони асосии асар дида мешавад. Ин равияро аввалин бор Низомӣ пеш гирифта буд ва дигар муаллифони ин достон асосан ӯро пайравӣ кардаанд. Вале тазоду муқобилаҳое, ки Низомӣ дар тасвири мулоқоти Лайлӣ ва Маҷнун кор фармудааст, дар замонҳои баъдина низ чун беҳтарин намунаи ин санъат боқӣ мондаанд ва дигар муаллифони «Лайлӣ ва Маҷнун» дар санъати маҳорат аз ӯ болотар рафта натавонистаанд.

Лайлӣ ва Маҷнун пас аз чандин ҷудоӣ ва дурафтодагӣ бо ҳам мулоқот мекунанд. Лайлӣ аз ин мулоқот хурсанд ва мамнун аст, аммо аз дидори Лайлӣ ғаму аламҳои Маҷнун тоза шуд, ҷунуни ӯ боло гирифт. Ду қаҳрамон ду хел ҳиссиёту ҳаяҷон дар дил доранд. Аҳволи рӯҳии онҳо гоҳо ба якдигар монанд мешавад, вале аксаран акси ҳамдигар аст. Тазоду муқобилаҳои барҷастаи Низомӣ, ки ҳамагӣ ба санъати таносуб асос ёфтаанд, ин ҳолатро хеле мӯҷаз ва рангин тасвир кардаанд.

Мо ин порчаи «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомиро пурра меорем. Дар баъзе байтҳои ин порча санъати такрир, руҷӯъ (бозгашт) ва тарсеъ низ мавҷуд аст:

Рӯзе, ки ҳавои парвинӣпӯш
Ҳалқоли фалак1 ниҳод дар гӯш,
Маҷнуни рамидадил чу симоб
Бо он ду-се ёри тоб бар тоб
Омад ба диёри ёр пӯён,
«Лаббайк»-занон-у «дӯст»-гӯён,
Он дид дар инҷу ҳасрате хӯрд
В-ин дид дар ӯву наҳвае кард.
Лайлӣ чу ситора дар аморӣ2
Маҷнун чу фалак ба пардадорӣ,
Лайлӣ зи нишот чанг дар бар,
Маҷнун чу рубоб чанг бар сар,
Лайлӣ на, ки субҳи гетиафрӯз,
Маҷнун на, ки шамъи хештансӯз,
Лайлӣ, ба гузор боғ дар боғ
Маҷнуни, галатам, ки доғ бар доғ,
Лайлӣ чу камар бар равшанӣ чуст3
Маҷнун чу касаб4 баробараш руст,
Лайлӣ ба дарахти гул нишондан,
Маҷнуни ба нисор дурр фишондан,
Лайлӣ ба сухан париваше буд,
Маҷнуни ба ҳикоят оташе буд,
Лайлӣ сумани хазоннадида,
Маҷнуни чамани хазонрасида,

______________________ 1 Ҳалқоли фалак — киноя аз офтоб.
2 Аморӣ — қаҷоваи одамнишини болои шутур ва фил.
3 Чуст — ин ҷо ба маънои зебо ва хуш.
4 Касаб — най, найқалам.

пешина
аз 303
навбатӣ