Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Дар мисоли боло агар ба ҷон «панҷаи зулм», танҳо худи зулмро гӯем, як сухани оддӣ ва камтаъсир шуда мемонад. Бинобар ин, нависанда барои фарқ кардан аз сухани оддӣ ифодаи боз ҳам муАССИРТар ва равшантаре ба кор бурда «зулм»-ро ба ҳайвони бераҳми дарранда монанд мекунад, яке аз узвҳои бадтарин ва хунхори онро, ки панҷа аст, ба таври изофат ба зулм мебандад ва ин ифода аз ифодаҳои оддӣ фарқ мекунад.
Инчунин «бачаҳо, аз хоб барвақт хезед, ба мактаб равед», гӯем, як ҷумлаи оддӣ ва ғайрибадеӣ буда, таъсири матлубҷо иҷро карда наметавонад. Пас, С. Айнӣ ҳам мактабро ба боғи шукуфон монанд карда ва бачагони мактабиро булбул фарз карда, муддаоро дар як сурати бадеии зебо ба таври истиора ифода намудааст.
Мисоли дигар:
На дасти сабр, ки дар остини ақл барам,
На пои ақл, ки дар домани қарор кашам.
(Савдо)
Истиора бо яке аз ин ҳиссаҳои нутқ ташкил мешавад:
- Аз исм ташкил мешавад. Ҳамчун: гули рухсор, кулоҳи шукуфа, сарви қомат, дурри дандон, лаъли лаб, наргис:
Шукуфа бар сари шоҳ аст ҳамчу орази ҷонон, Бунафша бар лаби ҷӯй аст, чун ҷаррораи1 дилбар.
(Абдулвосеи Ҷабалӣ)
Ҷаррора, ки исм аст, ба ҷои зулф омадааст,
2. Бо исми маҷозӣ ва сифат ташкил меёбад:
Дар осмони пурсафо,
Дар шаҳрҳои дилкушо,
Бар даштҳои беканор,
Дар боғҳои обшор,
Бар кӯҳсори нукрапӯш,
Ҳам баҳрҳои пурхурӯш,
Ҳар ҷо кушояд болу пар
Дар хизмати насли башар
Симурғи пӯлоди мо,
Ҳомин озодии мо.
(А. Деҳотӣ)
- Бо феъл ташкил мешавад:
То нагиряд тифл, кай нӯшад лабаи2,
То нагиряд абр, кай хандад чаман?
(Румӣ)
1 Ҷаррора — навъе аз каждум, киноя аз зулф.
2 Лабан — шир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё