Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
ҳандан гул истиороти тамоман дур аз матлабанд. («Шеър-ул-Аҷам», ҷилди 4, саҳ. 40).
Шиблии Нуъмонӣ дар ҷои дигаре мегӯяд, ки Ҷалоли Асир, Шавкати Бухороӣ, Бедил, Носиралӣ ва ғайра аз як гулу булбул девон фароҳам оварда, шеъру шоириро чаманистони ваҳму хаёл сохтаанд («Шеър-ул-Аҷам», ҷ. IV, саҳ. 35).
Албатта, тамоми эҷодиёти Бедил барин шоиреро танҳо аз ваҳму хаёл иборат донистан чандоне дуруст нест ва қисмҳои ҳаётию воқеии шеърҳои ӯ низ бисёр аст. Вале асли мақсади Шиблии Нуъмонӣ дуруст аст. Дар ҳақиқат дар адабиёти классикии мо ташбеҳу истиораҳое, ки асоси воқеӣ надоранд, низ дучор мешаванд.
Хусусан, дар сабки ҳиндӣ ташбеҳҳои печ дар печи муғлақ пайдо шуд, мушкилписандӣ, таъкид, истиораю ташбеҳҳои хаёли ривоҷ гирифт, ки инро шоирони содданавис намеписандиданд ва ба муқобили он эътироз мекарданд.
Суханони зерини Рашиди Ватвот чанд аср пештар аз пайдо шудани сабки ҳиндӣ ба муқобили мавҳумотписандӣ гуфта шуда буданд:
«Дар санъати ташбеҳ некӯтар ва писандидатар он бошад, ки агар акс карда шавад ва мушаббаҳ (ташбеҳшаванда), ба мушаббаҳунбиҳи (ташбеҳкунанда) монанд карда ояд, сухан дуруст ва маънӣ рост ва ташбеҳ некӯ. Чун ташбеҳи ҳилол ба наъл ва ташбеҳи наъл ба ҳилол, ва ташбеҳи зулф ба шаб ва ташбеҳи шаб ҳам ба зулф некӯ бувад. Ва агар дар камоли ҳусн бад-ин дараҷа мумкин нагардад, боре бояд чунон ки мушаббаҳ мавҷуде бошад ҳосил дар аён, мушаббаҳунбиҳ мавҷуде бошад ҳосил дар аён. Ва, албатта, некӯ ва писандида нест он ки ҷамоате аз шуаро кардаанд ва мекунанд: чизе ташбеҳ кардан ба чизе, ки дар хаёлу ваҳм мавҷуд бошад, на дар аён. Чунончи, ангушти афрӯхтаро ба дарёи мушкин, ки мавҷаш заррин бошад, ташбеҳ кунанд, на ҳаргиз дарёи мушкин мавҷуд аст дар аён ва на мавҷи заррин».1
Ороиши зоҳирӣ ва мураккабии шакл дар адабиёти форсу тоҷик аз асрҳои XI—XII шурӯъ ёфт ва муборизаи зидди ин ҳодиса низ аз ҳамон вақт сар шудааст. Муаллифи «Қобус-нома» Унсурмаолии Кайковус дар асри XI махсусан талаб карда буд, ки шеър бояд содда бошад ва ба хосу ом маъқул шавад. Вай мегуфт: «Агар ғазалу тарона гӯй, саҳл, латиф ва ба кавофӣ гӯй, ки маъруф бошад ва тозиҳои сахту ғариб ма-гӯй ва бар ҳасби ҳоли ошиқона ва суханҳои латиф гӯй ва амсолҳои хуш ба кор дор, чунон ки хосу омро хуш ояд».2
Сабки ҳиндӣ инкишофи минбаъдаи мураккабии шакл дар адабиёт буд.
Аз ҳамин сабаб Аҳмади Дониш дар охири асри XIX ба
_______________________ 1 Рашиди Ватвот, «Ҳадоиқ-ус-сеҳр», Теҳрон, 1322, саҳ. 313.
2 Мухтасари Қобуснома, Теҳрон, 1320, саҳ. 211.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё