Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

МаорифАдабиётШеър
Аз аввал хондан

рост, бори дуюм аз поён — пораи рақами дуюм, сеюм ва чаҳорум хонда мешавад:

4 3 2

  1. Бӯстон | бар сарв дорад | он нигори дилситон
    4 3 2
  2. Гулистон | бошад шугуфта | бар санавбар, эй аҷаб
    4 3 2
  3. Соябон | аз сабза дорад | лолаи сероби ӯ
    4 3 2
  4. Ройгон | | ҳастам гуломаш | гаҳ зи ман озод шуд
    4 3 2
  5. Парниён | омад рухи ӯ | то маро шуд ашк лаъл
    4 3 2
  6. Саргарон | бар май чу дорад | гар сабук шуд кисаам
    4 3 2
  7. Заъфарон | суд чеҳраи ман | бе рухи гулранги ӯ
    4 3 2
  8. Шодмон | бошад ҳамеша | з-он ки шуд ғамхорам ӯ
    4 3 2
  9. Дар миён | омад камарсон | гарчи бошад зулфи ӯ

Қисми чаҳоруми санъати ирсод ба санъати ҷамъу тарҳ ва дар айни ҳол ба санъати тафсиру такрир ва ҳам шумур шомил мебошад. Дар ин ҷо калимаҳо тарҳ шуда (паҳн шуда) боз бо шумур ҷамъ карда хонда мешавад. Мисол аз Замирӣ:

Рабуд ғамзаву холу хати ту аз мани зор:
Якум қарору дувум шодию севум гуфтор:
Қарору шодию гуфтори ман ба ман афзуд:
Якум сиришку дувум нолаву севум афгор:
Сиришку нолаву афгор мекунад моро:
Якум харобу дувум бехуду севум бемор:
Харобу бехуду бемор аз ту мехоҳанд:
Якум шифову дувум давлату севум зинҳор...
Шифову давлату зинҳор аз ту не хоҳам:
Якум шаробу дувум мутрибу севум дидор:
Шаробу мутрибу дидори ту Замириро:
Якум ҳаёту дувум мӯнису севум ғамхор...

МУЛАММАЪ

Ин санъат чунон аст, ки шоир мисраеро ба арабӣ ва мисраеро ба тоҷикӣ, ё байтеро ба арабӣ ва байтеро ба тоҷикӣ меорад.
Агар мисрае ба арабӣ ва мисрае ба тоҷикӣ гуфта шуда бошад ё нимаи мисраъ тоҷикӣ ва нимаи дигар туркӣ бошад, муламмаи макшуф (кушода), вагарна муламмаи маҳҷуб (пӯшида) ном дорад. Ба забони гуфтугӯ чунин шеъри ба ду забонро ширу шакар меноманд.

Ало ё айюҳа-с-соқӣ адир каъсан ва новихло1.
Ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод мушкилҳо.
(Ҳофиз).

1 Хой эй соқӣ, равон кун қадаҳе ва бидеҳ онро.

пешина
аз 303
навбатӣ