Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Байёъ1 матои хушёри,
Раққоси симоън2 беқарори,
Вайронанишини кӯҳи андӯҳ
Девонасавори куллаи кӯҳ,
Ганчури3 хазонахони ифлос4,
Ранчури фасонахони васвос5
Дамсози муғаннии6 фарёд,
Ҳамрози муъаррадони озод,
Ҳамгардани оҳувони саҳро,
Ҳамшеваи7 булбулони шайдо,
Тороҷрасидаи шаҳри ишқ,
Назлайнридаи8 раҳи ишқ,
Силипафкани шишахонаи ақл
Барҳамзани дому донаи ақл,
Яъне Мануин асири Лайло,
Шӯридандоругири Лайло.
Байти зерини Ҳилолӣ, ҳарчанд тарсеи комил нест, вале хуб афтодааст:
Гавҳари ҳуккаи даҳон сухан аст,
Ҷлаҳари ханҷари забон сухан аст.
Ин байти Ҳилолӣ низ ҳамин гуна аст:
Сухан сарчашмаи дарёи ишқ аст,
Сухан сармояи савдои ишқ аст.
Хусусан байти дуюми ин порчаи Ҳилолӣ дорои тарсеи хубест:
Адаб ороиши афъол бошад,
Адаб осоиши аҳвол бошад.
Фурӯғи зоҳир аз ороиши ӯст
Фароғи ботинии аз осоиши ӯст.
Чанд мисоли дигар:
Кас фиристод ба сирр-андар Айёр маро,
Ки макун ёд ба шеър-андар бисёр маро.
(Рӯдакӣ).
Лайлӣ чу камар ба равшанӣ ҷуст,
Маҷнун чу касаб баробараш руст.
Лайлӣ ба сухан париваше буд,
Маҷнун ба ҳикояти оташе буд.
Лайлӣ самани9 хазонадида,
Маҷнун чамани хазоирасида.
Лайлӣ зи беруни паранд медӯхт,
Маҷнун зи дарун сипанд месӯхт.
1 Байёъ — байъкунанда, фурӯшанда.
2 Симоъ — шунидани суруд, ваҷду ҳол ва суруд.
3 Ганчур — хазиначӣ.
4 Ифлос — камшоқӣ, камбағалӣ, муфлисӣ.
5 Васвос — андешаи бад, ки дар дил мегузарад, дудилӣ.
6 Муғаннӣ — созанда.
7 Шеван — оҳу нола.
8 Назлайн — кафш.
9 Саман — суман, гули сафеди хушбӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё