Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Ситорае бидурахшиду моҳи маҷлис шуд,
Дили рамидаи моро анису мӯнис шуд.
(Ҳофиз)
Чун ду зулфат кард саргардон маро
Гардиши гардуни гардон, алғиёс!
(Ҳофиз).
Маҳе нишаст хаёли рухат ба хонаи чашм,
Ту моҳӣ, аз ту ситонем моҳиёнаи чашм.
(Камол).
Зи иқболи ҳар муқбиле деҳ қабул,
Ба иқболи наздику дур аз мулук.
Бикун тӯҳфаи маҷлиси муқбилон,
Магардонам аз базми соҳибдилон...
Ки ин он замон аст хотирписанд,
Шавад аз қабули ту шерозабанд.
(Малеҳо).
Рашки раққос аст анҷоми тапишҳои дилам,
Гар кунад он шӯхи раққосӣ даме оғози рақс.
(Туғрал).
Мизоли иштикоки қисми дуюм:
Маро ҳадя бояд, агар гуфт рост,
Туро рою рӯи дабирӣ куҷост?
(Фирдавсӣ).
Навои ту, эй хубчеҳри навоин
Даровард дар кори ман бенавой.
(«Ал-мӯҷам»).
ТАРСЕЪ
Тарсеъ дар луғат гавҳар ба ришта кашидан аст, вале дар адабиёт калимаҳои мисраи якум ва дуюмро дар сурати мутавозӣ дар як шаклу қолаб чидан мебошад.
Мисол аз Абӯтайиби Мусъибӣ:
Шаккаршикан аст ё сухангӯи ман аст,
Анбарзакан аст ё суманбӯи ман аст.
Ин ҷо дар ду мисраъ ҳамаи калимаҳо дар як шаклу қолаб буда, комилан мутавозӣ омадаанд ва гуфтан мумкин аст, ки ҳама калимаҳои ин байт ба ҳам қофияанд: шаккар — анбар, шикан — закан, сухан — суман, гӯй — бӯй. Ин гуна ҳамвазну ҳамшакл ва мутавозӣ омадани калимаҳои ду ё чанд мисраъ санъати тарсеъ ном дорад.
Салмони Соваҷӣ гуфтааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё