Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Кардӣ, нигор, дасти худ зи хуни ман нигор,
Боз, эй нигор, аз чӣ кунӣ эътирози ман?!

«Нигор»-и якум ва сеюм ба маънои маҳбуба буда, «нигор»-и дуюм нақшу ранг аст.
Дар калимаи бор — якумӣ ба маънои меваю ҳосил; 2-юмӣ ба маънои қарат, мартаба:

Чу буррад боғбон хурмои пурбор,
Ҳамон як бор бирбояд зи ҳар бор.
(Хусрави Деҳлавӣ).

Дар калимаи дастур — якумӣ ба маънои фармон, иҷозат:
дуюмӣ ба маънои вазир:

Чу дастур омад ба дастури шоҳ,
Ки гирад дуаспа сӯи Рум роҳ...
(Низомӣ).

Дар калимаи биҳишт — якумӣ ба маънои ҷаннат; дуюмӣ ба маънои гузошт аз масдари ҳиштан:

Лаззати ҳӯри биҳишту лаби ҳавзаш набувад,
Ҳар касе домани маъшуқи худ аз даст биҳишт.
(Ҳофиз).

Дар калимаи канор — 1-умӣ оғӯш, бағал; 2-юмӣ ба маънои дар як тараф, дур аз миёна:

То рафтаӣ аз канорам, эй дӯст,
Якбора зи хеш бар канорам.
(Ҳофиз).

Дар калимаи ғариб, ки 1-умӣ ба маънои аҷаб; 2-юмӣ ба маънои мусофир, бегона, ғайриватанӣ:

Гар омадам ба кӯи ту, чандон ғариб нест,
Чун ман дар ин диёр ҳазорон ғариб нест.
(Ҳофиз).

Таҷниси зоид

Таҷниси зоид он аст, ки яке аз ду калима як садонок зиёд дорад:

То дили ман дар ҳавои некӯвон шуд ошно,
Дар сиришки дида гардонам чу марди ошно.
(Рӯдакӣ)

Шудааст коми ту бар комтан ало сурат,
Шудааст номи ту бар номан зафар унвон.
(Унсурӣ).

пешина
аз 303
навбатӣ