Зеҳн
100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар тӯли бист сол Гандӣ бевосита ба муборизаи зидди ҳукумати Британия сарварӣ менамуд. Дар ҷавоби репрессияи англисҳо вай 1 августи соли 1920 маъракаи саркашӣ аз итоат ба ҳукуматдоронро амалӣ кард. Маърака дар шакли митингҳо, намоишҳои оммавӣ, ҳамоишҳо дар бисёр ноҳияҳои кишвар сурат мегирифт. Маъракаро Гандӣ бе машварат бо роҳбарони Конгресси миллӣ эълон менамуд ва мегузаронд.

Муваффақияти ҳаракати нав ба Конгресс таъсири ҷиддӣ расонд. Дар Калкутта, дар анҷумани фавқулодда аввалҳои моҳи сентябри соли 1920 пешниҳоди Гандӣ оид ба барномаи ҳамкорӣ накардан бо ҳукумат қабул гардид. Идеологияи расмии Конгресс гандизм шуд.

Соли 1922 Гандӣ ногаҳон изҳорот пахш намуд, ки мамлакат ба муборизаи ғайризӯрӣ тайёр нест. Вай қатъ гаштани маъракаи ғайриҳамкории шаҳрвандиро эълон кард. Ин қарор бо кадом сабабҳо ба миён омад? Аз як тараф, дар он давра ва дар он шароит оппозитсияи миллӣ наметавонист ба нерӯи империализм муқобил истад, аз дигар ҷониб, роҳбарони Конгресс идораи ҳаракати оммаро аз даст медод.

Дар ин муддат ба Гандӣ муяссар гашт, ки статуси кастаҳои пасттаринро тағйир диҳад. Бо ин мақсад солҳои 1924-1925 ду ҳамоиш-сатяграхаро дар мавзеи Вайк созмон бахшид. Гандӣ ба он бовар дошт, ки бояд ҳар як халқу миллат мустақилона умр ба сар барад. Вай мекӯшид ба одамон шахсан намуна бошад, аз ин рӯ, як қисми рӯзро ба бофтани либоси хонагӣ сарф мекард. Ба ақидаи вай, рушди саноат, ба мисли Аврупо дар Амрико ҳам ба истисмор, ҳарисӣ ва қашшоқӣ оварда расондааст. Соли 1925 ӯ Ассотсиатсияи умумиҳиндии риштабофии дастиро созмон дод.

Вазъи иҷтимоӣ дар кишвар муташанниҷ мегашт. Дар Лаҳор, моҳи декабри соли 1929, анҷумани Конгресс барпо шуд ва он дар хусуси идома бахшидани маъракаи ғайриҳамкории шаҳрвандӣ қарор ба тасвиб расонд. Роҳбарии маърака чун пештара

пешина
аз 424
навбатӣ