100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
Баъди бозгашт ба Рим диктатор дар андак муддат маъшуқаашро пазмон гашт ва ӯро наздаш хонд. Клеопатра миёнаҳои тобистони соли 46-и то милод ҳамроҳи писар, шавҳари қалбакӣ ва аҳли рикоб назди ошиқ расид. Сезар ба маликаи Миср кӯшки боҳашамати дар соҳили рости Тибр қад кашидаро бахшид ва тамоми вақти холияш он ҷо сипарӣ мегашт. Дар Рим касе парвое надошт, ки Сезар чанд маъшуқа дорад. Аммо зани бошавҳарро маъшуқа гирифтанаш ба тамоми ҷумҳурӣ иснод овард. Дар маъбади Зӯҳра ҳайкали тиллоии «сабукпойи александрий» мустақар буд, ки ба он эҳтиром ба ҷо меоварданд. Таҳқири халқ кам буд, ба он таҳқири худоён зам гашт! Овоза шуд, ки гӯё Сезар писари Клеопатраро вориси қонунии худ таъин менамояд. Ба ақидаи Кассий, ҳамин овозаҳо ва ҳам рафтори худи «улёҳазрат» риштаи ҳаёти Сезарро қайчӣ заданд.
Марги Сезар орзуҳои Клеопатраро ба бод дод. Моҳи апрели соли 44-и то милод ӯ ба Александрия баргашт. Пас аз як сол бародар - шавҳараш Птолемейи XIII ногаҳон мурд. Ба марги ӯ Клеопатраро гунаҳгор донистанд, аммо ин исбот нашуд. Маликаи Миср зуд писараш Сезариони чорсоларо валиаҳд хонд.
Зебосанам ҳангоми бозгашт аз Рим бесабаб дар қалби Марк Антоний, яке аз триумвирҳо (триумвир – иттиҳоди се нафар ходими сиёсии Рими Қадим), ҷанговари далер, вале ҳардамхаёли ширинидӯст тухми муҳаббат накошта буд.
Соли 42-и то милод Марк баъди ғалаба бар Брут қаламрави Юнону Осиёи Сағирро давр мезад ва товони ҷанг меғундошт. Дар ҳама ҷо одамон ба табрикаш меомаданд. Танҳо Клеопатра бо пайк табрикномае ҳам ирсол накард.
Антоний алҳол ба торҳои муҳаббати Клеопатра напечида буд, аммо малоҳати дилбари мисрӣ дар қалбаш нақше дошт. Аз ин рӯ амр намуд, ки ҳамчун иттифоқчии Рим ба Тарсӣ Килик (мавзее дар соҳили ҷнубии Туркияи имрӯза) ояд. Ин ҷо чанд рӯз бо ҳам ишқ меварзанд. Антоний шефтаву мафтуни Клеопатра

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё