100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
баровард, зулм болу пар мезад. Мувофиқи ахбори Сима Тсян Тсин Ши Хуандӣ нерӯи зиёди заҳматкашӣ дошт, ҳар рӯз на кам аз 30 килограмм ҳуҷҷатҳои гуногун ва маърӯзаҳоро хонда, қарорҳо қабул мекард.
Дар охирҳои умр ба ҳама бо шубҳа назар меафканд. Касе дар куҷо хобиданашро намедонист. Тобистони соли 210-и то милод Тсин Ши Хуандӣ дар Шатсю вафот кард. Дар кишвар ошӯб ба амал омад ва он ба шӯриши халқӣ мубаддал гардид.
Ҷанг бо забти пойтахт ва сарнагун гаштани империя дар соли 207-и то милод хотима ёфт.
Таърихдон Н.В. Александров дар ҳақи Тсин Ши Хуандӣ, ки ба умри ҷовидона сахт мӯътақид буд, навиштааст: «Дар ҷустуҷӯи «оби ҳаёт» хеле кӯшиш ба харҷ дод, бисёр дастнависҳои қадимаро таҳқиқ намуд, бо олимону мутафаккирон сӯҳбатҳо орост, баҳри ҷустуҷӯи ҷазираҳои сеҳрнок, ки он ҷо одамон гӯё то абад ҷавон мемонанд, экспедитсияҳо фиристод. Охири охирон фармоне ба тасвиб расонд, ки император то абад зинда мемонад. Аз ин рӯ, баъди маргаш ҳам ҷасади вай дар тахт меистод ва маросимҳо тавре сурат мегирифтанд, ки гӯё ӯ зинда аст. Археологҳои Чин қабри Тсин Ши Хуандиро ёфтанд.
Императорро ба дунёи дигар «армия»-и шашҳазорнафараи аскарҳои гилӣ ҳамроҳӣ мекард».
Клеопатра
(Солҳои зиндагиаш 69-30 то милод)
Мисриён маликаи охирини худ, намояндаи сулолаи Птолемейро то дер ёд доштанд. Деҳқонон дар тӯли якчанд қарн ба
хотири Клеопатра қурбонӣ мекарданд. Ҳамчун маъшуқаи ошиқпарвар Клеопатра ба шарофати сеҳри занона ва санъати дипро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё