100 инсони бузургтарин (С. Мусский, И. Семашко)

Китоб дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сад шахсияти барҷаста ва таърихии ҷаҳон маълумот медиҳад. Дар он чеҳраҳои шинохтаи соҳаҳои гуногун ба таври мухтасар муаррифӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 424 саҳифа
буд барои бачаяк, вақте ки бародар ӯро боре дар сари рӯйнависӣ ба даст афтонд ва нотаҳоро кашида гирифт.
Иоҳанн дар понздаҳсолагӣ зиндагии мустақилонаро интихоб кард ва ба Люнебург кӯчид. Соли 1703 гимназияро хатм намуда, барои ба донишгоҳ дохил шудан ҳуқуқ пайдо кард. Вале Бах аз ин имтиёз бархурдор нагашт, зеро ба ӯ лозим меомад, ки барои аз гуруснагӣ намурдан, аз пайи дарёфти қӯти лоямут шавад.
Дар тӯли ҳаёти хеш Бах якчанд маротиба аз шаҳре ба шаҳре кӯч бастааст. Ва ҳар дафъа сабаби муҳоҷираташ шароити номусоиди кор, вазъи ҳақиронаю мутеона мегашт. Ҳарчанд вазъият тоқатфарсо бошад ҳам, вай ба омӯхтану сайқал бахшидани маҳорати мутрибиаш вақт меёфт. Ӯ на танҳо мусиқии олмонӣ, балки оҳангҳои бастакорони итолиёвию франсузиро низ муттасил меомӯхт. Бах бо муғанниён шахсан шинос мешуд, ба тарзи навозиши онҳо диққат медод, назокатҳои навозандагиро аз бар мекард. Боре, аз сабаби надоштани дираме, ба шаҳри дигар пиёда рафт, то ки садои арғунуни мутриби моҳир Дитрих Букстеҳудро бишнавад.
Ҷомеаи дарбориён мусиқии хориҷиро меписандид, аммо Бах бо як меҳру муҳаббат ва самимият суруду рақсҳои халқии олмониро меомӯхт ва дар эҷодиёташ фаровон истифода мебурд.
Оҳангҳои бастакорони дигар кишварҳоро куллан дарк сохтаву ҳазм намуда бошад ҳам, ӯ ба онҳо тақлид накард, сабку услуби худро дарёфт ва онро пайваста сайқал мебахшиду такмил медод.
Бах дар байни мутрибони замонаш ҳамчун арғунуннавози беҳтарин эътироф гашта буд, ҳатто ҳарифонаш ба маҳорати ӯ сари таъзим фуруд меоварданд.
Ровиёни ахбор овардаанд, ки боре Бах ба шаҳри Дрезден даъват шуд, то ки бо арғунуннавози машҳури франсуз Луи Маршан мусобиқа намояд. Дар арафаи санҷиш шиносоии муғанниён барпо гашт ва ҳар дуи онҳо дар клавесин-асбоби қадимаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё