Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
бар аст»1.
Ин ривояти овардаи Ғаззолӣ чунон табъҳиракунанда аст, ки Зайнуддини Ироқӣ дар «ал-Муғнӣ ан ҳам-ли-л-асфор фӣ-л-асфор фи тахриҷ мо фи-л-Эҳёи мина-л-ахбор» менависад: «Асле бар он хабар наёфтам ва шояд Ғаззолӣ ҳам мехоҳад бигӯяд, ки он аз исроилиёт аст, чаро ки дар бештар ҷоҳо вақте мегӯяд: «Дар хабар аст» манзураш ахбори исроилӣ аст».
Дар хусуси «рӯъият»-и (дидорбинии) Худо низ Ғаззолӣ дар «Китоби ал-маҳабба ва-ш-шавқ ва-р-ризо ва-л-унс» чунин андешаҳоеро пешкаш месозад. Вай агарчи маҳали рӯъияти Худовандро муҳим нашуморида, онро шоистаи хирадманде медонад, ки «донаи маъноро хурад ва аз паймона напурсад». Ғаззолӣ таъкид месозад, ки рӯъияти Худоро аҳли суннат ва ҷамоат аз зоҳири шариат ба даст овардаанд, ки Худовандро бо чашм метавон дид. Вале ҳақиқати рӯъият ғояти инкишофи инсон аст ва дар ҳар ҷое ҳосил хоҳад омад. Агар он рӯъият бо чашм сурат гирад ва ё ғайри он – ин айни рӯъият аст. Суннати Худованд ин аст, ки инсон то он замоне, ки дар ин дунё аст Худоро дида наметавонад ва ояи «Ло тудрикуҳу-л-абсор» ба ҳамин маъно мебошад.
Ғаззолӣ дар «Китоби қавоиду-л-ақоид» зикр месозад, ки «ҳамон тавре ки Худо инсонро бе рӯ ба рӯшанӣ мебинад, барои инсон низ дидани Худо бе рӯи ҳам қарор гирифтан муяссар хоҳад буд. Чи тавре ки Худоро бе сурату сифат (кайфият) метавон шинохт, ӯро ҳамчунон метавон бо шаклу сифат дид»2.
Ғаззолӣ дар «Китобу-т-тавҳид ва-т-таваккул» фоилияти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё