Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

пок созанд. Бо чунин макру ҳилаҳои фақеҳон, ки ҷуз таъзим овардан ба разилатҳои нафсонӣ дигар чизе нест, оё кадом як покие ҳосил мешавад? Ғаззолӣ таъкид мекунад, ки агар хоҳем ин гуна найрангбозиҳо ва ғурурпарастиҳои фақеҳонро шарҳ диҳем зарур аст ҷилд-ҷилд дафтарҳоро пур кунем.

Ғаззолӣ дар боби васвасаҳои амалӣ низ фақеҳони даврони худро мазаммат намуда, таъкид месозад, ки онҳо дар диққат кардан ба масъалаҳои риё ва зулм оҷизу ғофил буда, сайъу талоши худро ба масъалаҳои таҳорату наҷосат бахшида, ба хусус, ба таҳорати зоҳирӣ диққат ва нерӯи зиёдеро сарф менамоянд. Онҳо аз сабаби камҳирадии хеш вақти зиёдеро дар ҷустуҷӯи таҳорати зоҳирӣ сарф намуда, гумон мебаранд дараҷаи аълои таҳорат ҳамин бошад. Ин наҷосатпарастон дар фикри пок сохтан аз он ба андоза баҳс мекунанд, ки аз наҷосат идеале сохтаанд. Имрӯз, ба қавли Ғаззолӣ, навбат ба чунин фақеҳон расидааст, ки кибру ғурурро назофат медонанд ва онро асосу пояи дин мешуморанд.
Он чунон зоҳири худро меороянд, ки ботинашон вайрон ва саршор аз наҷосати кибру ҷаҳл, ғуруру риё ва нифоқ гардидааст. Вале, мутаассифона, онҳо ин разилатҳоро зишт нашуморида, аз онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ дар шигифт нестанд.

Барои баёни иштибоҳоти ин гуна уламо дар боби
севвуми «Китоби илм» дар бахши баёни «Иллати
иштибоҳи улуми мазмум ва улуми шарҳӣ» Ғаззолӣ панҷ
мафҳумро зикр сохтааст, ки дар фарҳанги мусулмонон
маънои тоза ва наверо касб карда, мутобиқ ба муроду
мақсади аҳли салафи солеҳ ба кор бурда нашудаанд. Ин
панҷ мафҳум иборатанд аз фиқҳ, илм, тавҳид, тазкир ва
ҳикмат. Дар шарҳи ин масъала Ғаззолӣ таъкид месозад,
ки уламои фақеҳи даврони вай фиқҳро аз маънои густурдааш

пешина
аз 567
навбатӣ