Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

МАЗҲАБИ ФИҚҲИИ ҒАЗЗОЛӢ

Муаййидуддин Муҳаммади Хоразмӣ дар муқаддимаи худ бар ин тарҷума мегӯяд: «Ғаззолӣ дар баёни аҳкоми фиқҳӣ бар як қавл, ки мухтори ӯст, иқтисор намудааст ва он дар аксару аъам мазҳаби Шофеӣ аст»1. Дар ин ки Ғаззолӣ мабоҳиси фиқҳии «Эҳёу улуми-д-дин»-ро бар асоси мазҳаби Шофеӣ бино ниҳода, ҷои тардид нест, зеро «Эҳё» китобест, ки дар низомияҳои Бағдоду Нишопур тадрис мешуда ва ин марокиз танҳо ба пайравони мазҳаби Шофеӣ ихтисос доштааст ва Низомулмулк бунёнгузори ин мадорис ва нахустин ҳомии сиёсӣ - иҷтимоии Ғаззолӣ, дар ташвиқи мардум бад-ин мазҳаб таАССУБИ ХОС ДОШТааСТ.

Бо ин ҳама, Ғаззолӣ нисбат ба пешвоёни дигари мазоҳиби исломӣ дар ин китоб хусумате иброз надоштааст. Гувоҳ бар ин сухан баёни худи ӯст, ки дар «Китоби илм»-и ин тарҷума (саҳ. 68) омадааст. Ва чунин оғоз мешавад: «Ва мо акнун биёрем аз аҳволи фуқаҳои ислом. Он чи бад-он бидонӣ, ки ин чи ёд кардем на таън аст дар эшон, бал таън аст дар он касон, ки иқтидо бад-эшон зоҳир мекунанд ва даъвои он ки мазҳаби эшон доранд ва дар амалу сират мухолифи эшонанд. Пас фуқаҳое, ки зуъамои фиқҳ ва руакои халқанд, панҷанд: Шофеъӣ, Молик, Абуҳанифа, Аҳмади Ҳанбал ва Сафёни Саврӣ. Ва ҳар яке аз эшон обид буд ва зоҳид ва олим ба илмҳои охират ва фақеҳ ба масолеҳи халқ дар дунё ва муриди ризои Ҳақ таъоло ба фиқҳ».

1 Ҳамин тарҷума. - С. 11

пешина
аз 567
навбатӣ