Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

таноб бузургии атрофи он буд (с.96).

Калимаи вирст - ба забони асар ҳамчун калимаи иқтибосӣ истифода шудааст. Аслан калимаи мазкур русӣ буда, шакли дурусти он верста мебошад, ки муаллиф онро дар шакли талаффузи халқӣ кор фармудааст. Верста - воҳиди андозаи 1/15 километр аст. Дар забони тоҷикӣ ин калима чакрим буда, монандӣ калимаҳои таноб, газ дар забони зинда кор фармуда мешавад. Нависанда дар асар ҳам шакли русӣ ва ҳам шакли тоҷикиашро кор фармудааст, вале истеъмоли русиаш бештар аст: самандфарбини порс то канори дарё дар ҳар соат илова аз сад вирст роҳро тай мекунад (с.92). то ҷои пароходи ҷангӣ истодаги ба қадри як вирст камтар роҳ буд (с.336).

Муаллиф калимаи манзилро дар ифодаи ченак ва андозаи масофа кор фармудааст. Манзил маънои истгоҳ, ҷои истироҳати мусофирон дар роҳ ва инчунин фосила ва масофаи ду истгоҳро ифода мекунад. Ин калима бо ягон воҳиди муайяни андозаи масофа, аз ҷумла бо километри русӣ баробар нест, зеро масофаи байни манзилҳо гуногун буда, баъзе аз манзилҳо мумкин аст аз чанд километр иборат бошад. Аз гунбади Қобус то ба Астаробод чаҳор манзил роҳ аст (с.224). Аз маҳаллаи иқомати имоми ҷумъа то ба гунбади Қобус, ки шаҳри Ҷурҷони қадимии машҳур аст, ду манзил роҳ мебошад (с.218).

Нависанда аз сабаби ҷорӣ набудани шаклҳои муайяни воҳиди андозаи масофа шакли кӯҳнаи ифодаи ченаку андозаро, ки дар забони адабии пеш аз революсионӣ ҷорӣ буданд, истифода бурдааст.

Гуфтан лозим аст, ки калимаҳои таърихии фарсах, санг, таноб, газ ва монандӣ инҳо ҳоло ҳам дар забони зинда баъзан истеъмол мешаванд.

  1. Гурӯҳи дигари калимаҳои таърихӣ ва архаистӣ ба шумора тааллуқ дошта, ҳоло ҳамчун калимаҳои кӯҳнашуда дар забони адабии имрӯза истеъмол карда намешаванд. Масалан, лак, курур, понсад хирвор, чор қарс нон, як лаку чил ҳазор, дувист ва ғайра.

Калимаи курур - дар «Ғиёс-ул-луғат» ба маънои шумори тафсир нашудааст, балки ба маънои бозгаштан ва гардидан эзоҳ мешавад16, ки ба ин маъно (гузашти такрор) арабӣ аст. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои панҷсад ҳазор қайд кардаанд. Дар асар низ ба маънои миқдор омадааст: дар он боғ аз иморати салотини қадим хеде аст, ки курурҳо масрифи ҳарҷи он шуда... (с.201) то иморати ҳар яке он курурҳо ҳарҷ шудааст (с.70).

пешина
аз 159
навбатӣ