Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

қашанг бисёр дорад (саҳ.8). Он гулҳои қашанг, он обу ҳавои ирамионанд, он иморати дилписанд (саҳ. 84).

Дар мисолҳои боло калимаи қашанг ба маънои зебо, хушнамуд, латиф ва зариф омадааст. Дар забони тоҷикӣ ин калима синонимҳои зиёде дорад: қашанг — хушрӯ, зебо, хушандои, соҳибҳусни, соҳибҷамол, латиф, ситорагарм. Вале дар забони зиндаи гуфтугӯии тоҷикӣ ин калимаро ба маъноҳои якрав, гарданшах ҳам кор мефармоянд.

Ҳамин тариқа, калимаҳои сифатие, ки аз забони зинда ба таркиби луғавии асар дохил шудаанд, бо хусусиятҳо ва тобишҳои махсуси маъноии худ барои соддагӣ ва оммафаҳмии асар кӯмак расонидаанд.

  1. Калимаҳои феълӣ дар асар нисбат ба калимаҳои ифодакунандаи мафҳумҳои предметӣ ва сифатӣ бештар кор фармуда шудаанд. Қувваи ифодаи маъно дар феълҳо нисбат ба ҳиссаҳои дигари нутқ зиёдтар буда, онҳо инчунин аз воситаҳои асосии барқароркунандаи алоқаи маъноии калимаҳои ҷудогона ба ҳисоб мераванд.

Калимаҳои феълие, ки аз забони зинда — аз забони халқ гирифта шудаанд, ба асар рӯҳи халқӣ ва обуранги бадеӣ мебахшанд. Бо гуфти Н. Маъсумӣ "доираи маъноҳои феъл нисбат ба ҳиссаи ҳиссаҳои нутқ васеътар, дараҷаи амалиётнокӣ ва таъсиррасонии он бештар аст. Бинобар ин зай дар сухан бисёртар активӣ, характернокӣ ва ҷоннокӣ бахшида, дар фаҳми кас оид ба ҳодиса тасаввуроту таассуроти пурра пайдо мекунонад"2.

Истеъмоли феълҳо аз забони зинда дар "Тӯҳфаи аҳли Бухоро" танҳо ба суханронии муаллиф вобаста аст. Дар асар феълҳои бисёре ҳастанд, ки онҳо дар натиҷаи ба ҳам алоқамандшавии маъноҳои нав ба нав ва тобишҳои услубӣ гирифтаанд.

Феълҳои гуфтугӯии халқии асарро ба чунин гурӯҳҳо ҷудо кардан мумкин аст:

а) феълҳое, ки асосан аз ҳиссаҳои номӣ буда, як андоза маъноҳои маҷозӣ ҳам доранд;

б) феълҳое, ки дар нутқи гуфтугӯии одамон, одатан ҳар заҳт истеъмол карда мешаванд.

а) Ба гурӯҳи якум чунин феълҳоро дохил кардан мумкин аст: гаш кардан, хомӣ кардан, дам додан, хунук кардан, халос шудан, дай задан, маҳтал шудан, хуш омадан, яксон кардан, воз намудан, рам кардан, гӯл задан ва монанди инҳо. Ин феълҳо дар забони

пешина
аз 159
навбатӣ