Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

асо қайд шудааст ва аслаш туркист.

Ғайр аз ин, дар забони “Туҳафи аҳли Бухоро” баъзе луғатҳои гуфтугӯии абстрактмаъное ҳастанд, ки онҳо бештар ба забони гуфтугӯӣ хосанд: касрат, касофат, улфат, чилавгирӣ, назарбанд, назр, саркашӣ, мункир, маҳтал, зомин, кафил, сангарбандӣ мақбул ва монанди инҳо. Масалан, калимаи қошикорӣ дар асар маънои махсусеро ифода мекунад ва он дар забони адабии ҳозираи тоҷик синонимҳои худро дорад: қошикорӣ — ороишдиҳӣ, зебдиҳӣ, ородиҳӣ, зинатдиҳӣ. Дар луғати “тоҷикӣ-русӣ” калимаи мазкур дар шакли қошинкорӣ оварда шудааст.

Баъзе аз ин калимаҳо дар гуфтугӯ тобишҳои гуногуни маъноӣ зоҳир карда, аз синонимҳояш фарқ мекунанд. Масалан, улфатӣ кардан на умуман дӯстӣ аст, балки маънои чақ-чақӣ, унсири ҳам дорад:

Бо тамоми мардуми Сабзвор дӯстӣ ва улфатӣ пайдо карда будам (саҳ. 126).

Чилавгирӣ — боз доштан, пешгирӣ кардан, нигоҳ доштан. Дар асар ба маънои муҳофизат кардан омадааст: дар он замонҳо бисёр санги сахте буд, аз душман хеле чилавгирӣ доштааст (с. 140).

Дар забони адабӣ ва гуфтугӯии ҳозираи тоҷик калимаи ҷилав бо таркибҳои гуногун омада, маъноҳои зиёдеро ифода мекунад: ҷилав кашидан — ба маънои ҷилави аспро кашидан; ҷилави чизеро кашидан — ба маънои танбеҳ додан, пешгирӣ кардан ва ғайраҳо.

Вале калимаи ҷилавгирӣ дар асар ба маънои хоси адабиаш истифода шудааст ва аз он маъноҳои калима ва маънои ибораҳояш, ки дар забони ҳозира маъмул аст, фарқ дорад.

Назарбанд — дар зери назорат буда, назораткунанда: Баъд, ки «чир соҳиб ба рӯи дарбор фармуд, назарбанд бошам (с. 156). Одатан шахсеро назарбанд мегӯянд, ки гуноҳи он исбот нашуда, ҳамчун одами гунаҳгор дар назорати ягон кас бошад. Дар асар ин калима ба маънои назораткунанда омадааст.

Назр - одамон ба ҷойҳои муқаддас бо нияте анҷому асбоб бурда мегузоранд. Агар шахсе ғайр аз шайхи он ҷо онро гирад, мегуфтанд, ки дасту пояш хушк шуда бемор мешавад. Хусусан занҳои фарзандталаб барои ёфтани фарзанд назр гӯён маслеҳи зиёдеро ба ҷойҳои муқаддас бурда мегузоштанд. Ин як намуди фиреби мардум буд, ки бо ин роҳ шайхон ва муллоён даромад мекарданд. Мирзосироҳ, пеш аз ҳама, бар зидди ин кори нопоиста баромада бо ҳамроҳии як турҷмон ба ҷойҳои назргузашта рафта он

пешина
аз 159
навбатӣ